Перейти к содержимому

Зарфиятҳои алифбои порсӣ дар Осиёи Марказӣ: гузар аз русисозии Шӯравӣ ба миллигароии қавмӣ

Дар давраи ҳокимияти кумунистҳо, ки ҳамроҳ бо неҳзати саводомӯзии густурдаи мардуми минтақа буд, нуфузи амиқи алифбои сирилик сурат гирифт, бо ин ҳол, пас аз фурӯпошӣ, кишварҳо талошҳои гуногуне барои бозгашт аз ин раванд сурат доданд.

Гузориши Tasnimnews

а) Нигоҳе ба кулли минтақаи Осиёи Марказӣ

Бо вуқӯи инқилоби октябр, ки дар пайи он, болшевикҳо бар дигар гурӯҳҳои инқилобӣ пирӯз шуда ва заминаҳои истиқрори як низоми кумунистиро дар Уруосиё фароҳам оварданд, як ҷараёни густурдаи “русисозӣ” дар тамоми соҳаҳои зиндагии мардуми Русия, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Урупои шарқӣ оғоз ба кор кард; аз тағйир дар сабки зиндагӣ то равишҳои омӯзиш, меъморӣ, мусиқӣ, навъи пӯшиш ва ҳатто зоиқаҳои ғизоӣ. Бо ин ҳол муҳимтарин гомро дар ин давра кумунистҳои мустақар дар Маскав дар ҳавзаи забон ва адабиёт сурат доданд.

Нахустин бор саводи хондану навиштан ба сурати умумӣ дар дастури кор қарор гирифт ва низоми босубот ва густурдаи омӯзишӣ дар ин кишварҳо шакл гирифт. То пеш аз он, сирфан нухбагон тавоноии хондану навиштан доштанд. Бо ин ҳол, тафовуте, ки дар ҷараёни ҷадиди саводомӯзӣ вуҷуд дошт, ҳузури забону алифбои русӣ буд. Дар ин давра, шумори зиёде аз мардуми минтақа бо забони русӣ ошно шуданд ва забонҳои бумии худро низ бо алифбои сирилик фаро гирифтанд. Дар ин давра, нухбагони бумӣ талошҳои зиёде барои ҳифзи забону алифбои бумӣ (ки умдатан алифбои арабӣ) буд сурат доданд, лекин сояи досу чаккуши сангини кумунистҳо ва хафақони эҷодшуда фазое барои арзи андом ба онҳо намедод. Аз сӯи дигар низ як табақаи равшанфикри вобаста ба ҳизби кумунист дар ин ҷумҳуриҳо шакл гирифта буданд, ки пешоҳанги ҳидояти ҷараёнҳои фикрӣ ва фарҳангӣ миёни мардум буданд. Дар ин давра руҳониҳо ва миллигароёни қавмӣ танҳо сангар муқобили таҳоҷуми фарҳангии кумунистҳо буданд. Ин иқдомот дар маҷмӯъ мӯҷиби эҷоди як шикофи бисёр амиқ миёни насли ҷадиди мардуми ин манотиқ бо мерос ва мафохири фикрӣ ва фарҳангии онҳо шуд.

Дар давраи Горбачев ва дар чорчӯби “перестройка” ва “гласность”, гушоишҳое сурат гирифт, аммо ҷуз пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар пайи кудетои августи 1991 (ГКЧП), наметавон таҳаввулоти рӯйдодаро воқеӣ дар назар гирифт. Мавҷи эҳёи ҳувиятӣ дар ин давра дар ҷумҳуриҳо шакл гирифт, ки мушаххасан ҳавли ду меҳвар буд: мазҳаб ва қавмият. Агарчи ҷараёни эҳёи ҳувиятӣ дар мавзӯи мазҳаб ибтидо дар миёни мардум ва руҳониҳо шакл гирифт (ки баъдҳо давлатҳо бар он чира шуданд), аммо мақулаҳои қавмӣ ин бор дар қолаби миллигароии қавмӣ тавассути давлатҳои тозаистиқлолёфта, ба унвони дастовезе барои ҳифзи инсиҷом, дастёбӣ ба истиқлол ва ғалаба бар мушкилот мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин чорчӯб, давлатҳои минтақа ҳар кадом баста ба шароити ҷадиде, ки барои худ баргузиданд, маҷмӯае аз сиёсатҳои миллигароёнаи фарҳангиро дар пеш гирифтанд. Бо ин ҳол, гурез аз мероси Шӯравӣ дар канори бӯҳронҳои барҷоймонда ва ояндаи мубҳами пеши рӯ, ба соддагӣ мақдур набуд.

Забон ва адабиёт яке аз калидитарин ва дар айни ҳол сахттарин тасмимоти ин ҷумҳуриҳо барои гузар аз русисозӣ буд. Албатта бозигарони хориҷӣ ба вежа Туркия низ дар ин фароянд мушорикати вежае доштанд. Дар ин боза, Гурҷистон ва Арманистон, ки мероси хосси забонӣ ва адабии онҳо ба баракати хатти бумӣ маҳфуз монда буд, ба соддагӣ аз ин марҳила гузар карданд. Озарбойҷон, ки пас аз алифбои арабӣ як давраи 70-солаи алифбои сириликро таҷриба карда буд, бо кешу қавсҳои фаровон ниҳоятан бо эъмоли нуфузи Туркия, алифбои лотинро баргузид. Дар Туркманистон низ, ки то 1928 алифбои арабиро истифода мекард ва пас аз он алифбои лотинро, пас аз тағйири ҳудудан 50-сола ба алифбои сирилик тавассути русҳо (дар соли 1940), дар 1991 ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, дастури бозгашт ба алифбои лотин сареъан тавассути Сафармурод Ниёзов сурат гирифт.

Дар Ӯзбакистон низ агарчи аз нахустин моҳҳои пас аз истиқлол Ислом Каримов алифбои лотинро, ки пеш аз ин дар 1928 дар забони ӯзбакӣ марсум шуда буд, расмӣ намуд, аммо мардуми ин кишвар ҳамчунон аз алифбои сирилик истифода мекарданд. Бо ин ҳол аз соли 2001 сиёсатҳо ва тадобири мунсаҷимтаре барои гузар ба алифбои лотин сурат гирифт, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба тағйири алифбои сойтҳои расмӣ, алифбои чопшуда рӯи пул ва ғайра ишора кард.

Дар се ҷумҳурии дигар — Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аммо ҳамчунон алифбои сирилик алифбои расмӣ аст ва нусхаи ҷойгузине надорад. Дар Қазоқистон солҳост гузар ба алифбои лотин матраҳ шуда ва дар истротежии 2050-и ин кишвар низ зикр шуда, ки аз соли 2025 баргардони алифбои сирилики феълӣ ба алифбои лотини қазоқӣ оғоз хоҳад шуд.

Қирғизҳо дар миёни туркзабонони Осиёи Марказӣ таҷрибаи камтаре дар мавриди кор бо алифбои лотин доштанд ва аз ин ҷиҳат низ бозгашт ба алифбои лотин ба рағми наздикии Туркия ба ин кишвар, ҳамчунон дар дастури кор қарор нагирифтааст. Қирғизҳо ҳамчунон алифбои сириликро истифода мекунанд. Албатта қирғизҳои сокин дар Чин ва ба хусус манотиқи уйғурнишин дар манотиқи худмухтори Қизилсу ва Илиқазоқ дар Синкёнг, ҳамчунон алифбои арабиро барои забони қирғизии худ ба кор мебаранд.

б) Нигоҳе ба Тоҷикистон ва манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ

Бо тасаллути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, сиёсатҳои русисозӣ бо меҳварияти:

— қатъи иртиботи фарҳангӣ бо мардуми Эрон ва Афғонистон;

— муқобила бо миллигароии қавмӣ;

— ташдиди динзудоӣ;

— тавсиъаи сабки зиндагии русӣ барои вобастагии ҳарчи бештари мардуми ин минтақа ба Маскав

… сурат гирифт.

Бо ин ҳол агарчи ин амр бо муваффақиятҳои чашмгире дар Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд, аммо ба ҳар тартиб натавонист он гуна ки сарони ҳизби кумунист фикр мекарданд, мӯҷиби аз миён рафтани ин пайвандҳо шавад.

Дар охирин солҳои умри Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (охирҳои даҳаи 1980), ки ҳамзамон бо иҷрои сиёсатҳои “гласность”  ва “перестройка”-и Горбачев буд, бозгашти алифбо низ дар канори дигар имтиёзоти қавмӣ ва фарҳангии ироашуда ба ҷумҳуриҳо мадди назар қарор гирифт.

Дар ҳамин давра, ки нахустин пирӯзии миллигароёнаи тоҷикҳо муқобили Шӯравӣ бо тасвиби қонуни забон матраҳ шуд, заминаҳои зуҳури алифбои порсӣ низ падид омад. Дар ин қонун забони тоҷикӣ ва порсӣ муъодил гирифта шуда буд. Табиатан бо муъодил донистани тоҷикӣ ва порсӣ, шароит барои зуҳури алифбои порсӣ, ки имрӯза ба “алифбои ниёгон” машҳур аст, фароҳам меомад.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, бо зуҳури мавҷи густурдаи эҳёи фарҳангӣ ва мазҳабии тоҷикҳо, интизори он мерафт, ки алифбои порсӣ низ дар канори ҷараёни расмӣ шудани забони порсӣ-тоҷикӣ расмӣ шавад. Бо ин ҳол, вуқӯи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар тамоми ин масоилро таҳтушшуоъ қарор дод. Ба вежа пас аз пирӯзии нерӯҳои кумунисти “Фронти халқӣ”, давлати Эмомалӣ Раҳмон нахустин иқдомро дар ин росто бо ҳазфи бахши “порсӣ” дар қонуни асосии ин кишвар сурат дод. Аз ин пас, забони тоҷикӣ ҷудо аз забони порсӣ дар Тоҷикистон пиндошта шуд. Дар он давра, бино ба далоили дигаре низ имкони рушди алифбои порсӣ вуҷуд надошт, аз ҷумла ин ки Тоҷикистон даргири як ҷанги хунин буд, ки садҳо ҳазор кушта ва овора бар ҷой гузошта буд. Дар чунин вазъияте, ки бақои инсонҳо авлавияти нахусти ҳама буд ва кишвар дар оташи ҷангу ошӯбу куштор месӯхт, асосан фазое барои ин мавзӯъ вуҷуд надошт.

Бо ин ҳол, гурезе аз алифбои порсӣ вуҷуд надорад. Пешина, фарҳанг ва таърихи тоҷикҳо ба ин алифбо нигориш шуда ва чеҳраҳои адабии ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯдакӣ, ашъори худро бо ин алифбо навишта буданд. Дастрасӣ ба ин мерос ба ҷуз аз тариқи алифбои порсӣ мақдур нест. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки давлати кунунӣ чорае надорад ҷуз ин ки заминаро барои бозгашти алифбои порсӣ фароҳам оварад.

Албатта, талошҳое дар ин росто сурат гирифта; талошҳое барои чопи китобҳо бо алифбои порсӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, бархе давраҳои омӯзишӣ барои кӯдакону навҷавонон баргузор шуд ва марокизи эронӣ ҳамчун “Бунёди Саъдӣ” низ иқдомоте дар баргузории давраҳои мухталиф ва барномаҳое дар ин росто баргузор кард. Ҳамчунин дар пояҳои 7 ва 8 мадориси Тоҷикистон ба донишомӯзон алифбои порсӣ омӯзиш дода мешавад. Бо ин ҳол, ҳамчунон масире тӯлонӣ барои тарвиҷ ва ҳамагир шудани ин алифбо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Бо ин вуҷуд, дар ҳоле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун Қазоқистон, истротежии мунсаҷиму муназзамеро барои тағйири алифбои худ аз сирилик ба лотин оғоз кардаанд ва иқдомоти густурдаеро дар ин замина анҷом додаанд, аммо дар Тоҷикистон ҳамчунон тамоюле барои ин мавзӯъ мушоҳида намешавад. Вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотии худ иддао кард, ки феълан зарурате дар Тоҷикистон барои гузар аз алифбои сирилик ба алифбои порсӣ мушоҳида намешавад. Албатта вай ҳамчунин таъкид карда ҳамчунон дастур ва ё ҳукме низ дар ин замина ба онҳо иблоғ нашудааст.

Равшанфикрон ва мутафаккирони тоҷик бар ин ақидаанд, ки бозгашт ба алифбои порсӣ метавонад зимни ҳувиятбахшии бештару беҳтар ба тоҷикҳо, дастрасии онҳо ба адабиёти куҳан ва деринаи худ ро низ фароҳам оварад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: