Перейти к содержимому

Моҳотир Муҳаммад: “Иллати аслии теруризм, таъсиси Исроил аст”

Нахуствазири Молезӣ (Малайзия) дар як мусоҳиба бо интиқод аз талошҳо дар саҳнаи байналмилалӣ барои ба фаромӯшӣ супурдани ғасби сарзамини Фаластин, гуфт: “Таъсиси Исроил иллати аслии теруризм аст.”

Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Молезӣ, ки ҳафтаи гузашта дар сафаре расмӣ ба Онкоро бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия дидор карда буд, дар мусоҳиба бо як расонаи туркияӣ, бар лузуми “зинда нигаҳ доштани мавзӯи Фаластин” таъкид кард ва гуфт: “Талоше дар ҷараён аст, ки (мавзӯи Фаластин) комилан фаромӯш шавад, ингор, ки аслан ҳеч иттифоқе науфтодааст ва аслан ба ин ки чӣ тавр сарзамини Фаластин аз онҳо ғасб шуд, то давлати Исроил эҷод шавад, ҳеч ишорае намешавад.”

Хабаргузории Онотулӣ дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ, ибтидо аз равобити дуҷонибаи Молезӣ ва Туркия оғоз кард ва сипас ба мавзӯоти равобити хориҷӣ пардохт.

Нахуствазири Молезӣ бо таъкид бар омодагии кишвараш барои тавсиъаи доду ситадҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Туркия гуфт: “Мо дар Туркия зарфияти бисёре мебинем, ки метавонем воридоти бархе аз колоҳоеро, ки аз дигар кишварҳо анҷом медиҳем, аз Туркия анҷом диҳем. Туркия метавонад манбаи ҷойгузини он кишварҳо барои мо бошад.”

Ин расонаи туркияӣ дар идомаи мусоҳиба суол кард: “Маҳкум карданҳои алании Исроил тавассути шумо ва дифои шумо аз Фаластин дар суханрониҳоятон, бо таҳсини густурдаи ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст. Шумо дар бораи сиёсатҳои ваҳшиёнаи Исроил алайҳи Фаластин чӣ навъ сиёсатеро барои пайгирӣ дар назар доред?

Нахуствазир Молезӣ дар посух гуфт: “Дар робита бо масъалаи Фаластин, ҳақиқати ошкор он аст, ки на дар расонаҳо ва на дар шабакаҳои телевизиюнӣ ба андозаи кофӣ ба ин мавзӯъ пардохта нашудааст. Ба назар мерасад, ки дар бахше аз расонаҳо дар бораи ин ки мушкилоти Фаластин барҷаста нашавад, тавофуқе вуҷуд дорад.”

Вай афзуд: “Аслан ба ин ки чӣ тавр сарзамини Фаластин аз онҳо ғасб шуд, то давлати Исроил эҷод шавад, ҳеч ишорае намешавад ва дар пайи он Исроил бо ишғоли сарзаминҳои бештаре аз сарзаминҳои Фаластин, қавонини байналмилалиро нақз кард. Инҳо мавзӯоте ҳастанд, ки ағлаб ишорае ба онҳо нашудааст.”

Нахуствазири Молезӣ дар идома ёдовар шуд: “Аз назари мо, мавзӯи аслие, ки бояд бар он таъкид шавад, далоили теруризм аст. Имрӯза тақрибан пешопеш ин иҷмоъ вуҷуд дорад, ки мусалмонон муқассири теруризм ҳастанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки баъд аз ғасби сарзамини Фаластин ва беэътиноӣ ба қавонини байналмилалӣ тавассути Исроил, ин иқдомот мунҷар ба иқдомоте, ки ба иқдомоти теруристӣ мавсум шуда, мунҷар шудааст. Барои халос шудан аз теруризм, мо бояд далоили афродеро, ки ба ин иқдомот даст мезананд, бишносем. Мо дар Молезӣ барои ин ки қалбҳову азҳони мардум ҳатто ҳамаи теруристҳо дар Молезиро ба даст оварем, барномарезӣ кардем ва дар ниҳоят теруризм поён ёфт, аммо то замоне, ки шумо ба иллатҳои теруризм таваҷҷуҳ накунед, қодир ба таваққуфи теруризм нахоҳед буд.”

Хабаргузории Онотулӣ суол кард: “Дар ин чорчӯб, назари шумо дар бораи “муомилаи қарн”-и матраҳшуда тавассути Омрико ва бархе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс чист?

Моҳотир Муҳаммад гуфт: “Муомилаи қарн танҳо барои ҳал кардани бахши марбут ба мушкили худашон аст. Онҳо мехоҳанд кореро, ки мекунанд тавҷеҳ кунанд дар ҳоле, ки ҳақиқат он аст, ки ин муомилаи қарн нақзи қавонини байналмилалӣ аст. Аз ҳама муҳимтар он ки ин тарҳ фарояндҳои дохилиро нодида мегирад. Ғасби сарзамини фаластиниён дар натиҷаи ҳамапурсӣ ё таваҷҷӯҳ ба назари афкори умумӣ сурат нагирифт. Сарзамини фаластиниён аз онҳо гирифта шуд ва бидуни ҳеч мулоҳизае барои азҳон ва эҳсосоти мардуме, ки он замон дар Фаластин зиндагӣ мекарданд, ин сарзамин ба Исроил дода шуд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: