Перейти к содержимому

Ардуғон: “Ҳар касе бо Исроил аст, мо алайҳи ӯ ҳастем!”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар лузуми муқобила бо иқдомоти ҳомиёни режими саҳюнистӣ, гуфт, Туркия алайҳи ҳар касест, ки ҳомии Телавив аст.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, шомгоҳи якшанбе гуфт, ин кишвар бо ҳар касе, ки аз режими саҳюнистӣ ҳимоят кунад, шадидан мухолифат мекунад.

Ардуғон тайи суханронӣ дар ҷамъи мақомоти аршади Ҳизби адолат ва тавсиъа дар Онкоро гуфт: “Бигузоред ҳама бидонанд, ҳар касе, ки бо Исроил аст, мо алайҳи ӯ ҳастем!

Ардуғон бо баёни ин ки алорағми иқдомоти ҳомиёни Исроил, Туркия ба ҳимоят аз ормони фаластиниён идома медиҳад, тавзеҳ дод: “Мо сукут (-и ҷомеаи ҷаҳонӣ) дар бораи теруризми давлатие, ки Исроил ошкоро алайҳи Фаластин иҷро мекунад, таъйид намекунем.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин пештар дар вокуниш ба хушунат ва ҷиноятҳои ғайриинсонии режими саҳюнистӣ алайҳи тазоҳуроткунандагон дар марзи Ғазза, гуфта буд, ки руҳи Одулф Ҳитлер дар колбади сиёсатмадорони саҳюнист ҳулул кардааст.

Ин изҳороти Ардуғон дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ аз субҳи рӯзи душанбеи ҳафтаи қабл, тахриби бесобиқаи манозили фаластиниҳо дар минтақаи “Водӣ алҳумс”-ро оғоз карда ва қарор аст дар марҳилаи аввал 100 хона ба таври комил тахриб шавад.

Давлати Омрико низ рӯзи чаҳоршанбеи қабл аз тасвиби баёнияе дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкумияти иқдоми режими саҳюнистӣ дар тахриби манозили фаластиниҳо ҷилавгирӣ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: