Перейти к содержимому

Омрико бо кӯмаки афсарони донишманди нозӣ инсонро ба моҳ фиристод

Афсарони донишманди нозӣ дар фиристодани нахустин инсон ба моҳ ба Омрико кӯмак карданд. Ин афсарон ҷинояткорони ҷангие буданд, ки дар пружаи Опулу (Apollo = Аполлон) бо Омрико ҳамкорӣ карданд, аммо ҳаргиз ба ҷиноятҳои онҳо дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва куштори ҷамъии коргарони корхонаи сохти мушаки V2 дар Олмон, ишорае нашуд.

Ба қалами Tom Bower дар Dailymail

Том Бовер (Tom Bower), нависандаи китоби “Тавтиаи коғазӣ” (The Paperclip Conspiracy)

Ив Беун (Yves Beon), ки 50 сол пеш аз телевизиюни хонааш дар Порис машғули тамошои фуруди инсон ба моҳ буд, ба сахтӣ метавонист ҷилави эҳсосоташро бигирад. Даҳҳо донишманду муҳандис бо пероҳанҳои сафед дар Маркази муроқибати маъмурияти Опулу (Apollo = Аполлон) дар Ҳюстун (Houston)-и Тегзос буданд, дар ҳоле ки дуруст зери поҳояшон теъдоди зиёде парчам дар ҳаво мавҷ мезад ва омрикоиҳои ватанпараст ба муносибати ин пирӯзӣ, ки эътибору ҳайсияти кишварашонро боло бурда буд, хушҳолӣ мекарданд.

Аммо Беун, қаҳрамони муқовимати Фаронса, он шаб ба сафҳаи телевизиюн ва он чи дар ҳоли тамошояш буд носазо мегуфт, ва агар зинда буд ва мустанадҳоеро медид, ки даҳаҳо баъд аз ин иттифоқ, борҳо филми “Ҷаҳиши бузург барои башарият”-и Нил Ормструнг (Neil Armstrong)-ро такрор мекарданд, барқ аз сараш мепарид.

Дар миёни шодиҳои нимқарни пеш, ҳеч кас ҳозир набуд бо ишора ба ин ки донишмандони омрикоӣ дар ин пружа (проект) аз кӯмаки бузурге бархӯрдор будаанд, ё ин ки фуруд ба моҳ, дар ҳақиқат, идеяи донишмандони олмонӣ ба ҳидояти Вернер фон Броун (Wernher von Braun), Курт Дебус (Kurt Debus) ва Ортур Рудолф (Arthur Rudolph) будааст, ё ин ки ҳар сеи ин донишмандон аъзои ҳизби нозӣ, ҷинояткорони ҷангӣ ва қотилони куштори ҷамъӣ буданд, дарди сар эҷод кунад.

Филми соли 1969 аз се донишманди олмонӣ, ки дар миёни утоқи контроли Ҳюстун якдигарро дар оғӯш кашида буданд, ҳаргиз барои мухотабони телевизиюн дар ҷаҳон пахш нашуд – ва ҳатто дар мустанадҳо ва ҷашнҳое, ки ба муносибати 50-умин солгарди ин рӯйдод дар соли 2019 баргузор шуд низ — ба он ишорае нашуд.

Ин ҳақиқат, ки беш аз 130 донишманди олмонӣ барои пружаи фуруд ба моҳи Опулу истихдом шуда буданд, ба роҳатӣ дар замони иҷрои маъмурият нодида гирифта шуд ва таъаҷҷубе ҳам надорад. Ин мардон кӯҳнасарбозони барномаи бадноми сохти рокетҳои V2 буданд; ҳамон силоҳҳои махфӣ, ки Ҳитлер бовар дошт, ки Ланданро нобуд мекунанд ва Олмонро дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ наҷот медиҳанд.

Беун дар мусоҳибае дар соли 1986 гуфт: “Ҳама фаромӯш карданд, ки ин нозиҳо бо сохти мушак чӣ ҷаҳаннаме бапо карданд! Дунё фаромӯш кард, ки 20 000 марди бегуноҳ тавассути инҳо кушта шуданд

Ин фаромӯшӣ то имрӯз ҳам идома дорад. Ба таври мисол, чаро 50 сол пеш шабакаи хабарии BBC аз намоиши муҷаддади мустанади телевизиюнии ман ба номи “Тавтиаи коғазӣ” (The Paperclip Conspiracy), ки дар соли 1987 сохтамаш, худдорӣ кард? Зеро ин мустанад ба ҷароими ҳайратоваре, ки гурӯҳи Вернер фон Броун муртакиб шуда буд ва тавтиаҳое, ки барои сарпӯш гузоштан бар душманиҳои онҳо анҷом шуда буд, ишора мекард.

Шабакаи BBC як суоли бунёдиро низ ҳанӯз посух надодааст: баҳое, ки виҷдону ахлоқ барои ин “ҷаҳиши бузурги башарият” пардохт кард, чӣ қадр буд?

* * *

Эъдом дар корхонаи V2

Дунё таърихи ҳақиқии барномаи Опулуро медонад; зеро афроде монанди Беун бардаҳое, ки дар соли 1945 аз корхонаи зерзаминии муҳандисони Ҳитлер, ки барои сохти мушаки V2 муҳайё шуда буд берун омаданд, дар бораи он сӯҳбат карданд.

Афсари артиши SS, Ҳимлер, дар ҳудуди 60 ҳазор урупоиро дар ин корхона, ки дар пойи кӯҳҳое дар маркази Олмон дар Нурдҳоузен (Nordhausen) қарор дошт, ба хидмати иҷборӣ гирифт. Теъдоди наҷотёфтагони ин корхона бисёр андаканд.

Беун хотироти мушаххасе аз Ортур Рудолф, мудири 37-солаи ин корхона дорад; ҳам ӯ, ки 17 сол баъд ба симати мудири пружаи Опулу дар Омрико ноил шуд. Беун шеваи мудирияти Рудолф дар Олмони нозиро, ки бисёр мутамойиз буд, ба ёд дошт.

Ӯ гуфт: “Агар ӯ шак мекард, ки касе кор намекунад, ӯро дор мезад ва барои ин ки дарси ибрате бошад, ҷасадаш барои чанд рӯз болои сари мо овезон мемонд. Ҳар ҳафта даҳҳо нафар ба ҳамин шакл кушта мешуданд. Баъзе вақтҳо як ҷарри сақили (крани) барқӣ 12 зиндониро баланд мекард, дар ҳоле ки дастҳояшон аз пушт баста шуда буд ва як қитъа чӯб дар даҳонашон часпонда буданд, ки мабодо фарёд бизананд. Ҳар рӯз 100 нафар ба далели хастагӣ, гуруснагӣ ва беморӣ дар ин корхона ҷон медоданд.”

Беун ба ёд меоварад, ки чӣ тавр “Вернер фон Броун, саргурди SS ва соири донишмандон аз канорашон убур мекарданд бидуни он ки ҳатто ба ҷасадҳо нигоҳ кунанд, бидуни ин ки асаре аз эҳсос дар чеҳраашон дида шавад.»

Гурӯҳи Вернер фон Броун шомили Рудолф, ки бо ӯ дар соли 1987 мусоҳиба кардам ва ба ман гуфт: “6 соли нахуст Ҳитлер бошукӯҳ буд, беҳтарин солҳоро дар Олмон доштем, ҳама хушҳол буданд”, ҳамагӣ нозиҳои вафодор буданд.

Вернер фон Броун (Wernher von Braun)

Наҷот ёфтани Беун аз Нурдҳоузен як мӯъҷиза буд. Бо наздик шудани омрикоиҳо, нигаҳбонони SS дар корхона қатли ом роҳ андохтанд, аммо Беун тавонист худро пинҳон кунад. Дар он замон Вернер фон Броун ва гурӯҳаш маконро тарк карда буданд, онҳо хуб муҳосиба карда буданд ва дар Бовориё мунтазири омрикоиҳо монданд, то донишу тахассусу тавонмандиашонро дар ихтиёри омрикоиҳо бигузоранд.

Вернер фон Броун баъдҳо гуфт, ки бисёр алоқаманд буданд, ки корашонро идома диҳанд. Ӯ ҳаргиз намехост “мисли як лиму чалонда шуда ва баъд дур андохта шавад.”

Аввалин мушаки V2 дар сентябри соли 1944 бо Ландан исобат кард. То поёни ҷанг, 3172 мушак бо муваффақият партоб шуданд, ҳазорон ғайринизомиро куштанд ва ҳар гуна тардиде дар бораи ин ки олмониҳо хеле зудтар аз муттафиқин тавонистаанд силоҳи барҷастаи ояндаро бисозанд, аз байн бурданд.

Дар соли 1945, сарбозони омрикоӣ барои забти мушакҳои V2 ва тарҳҳои онҳо ба саросари Олмон эъзом шуданд. Дар миёни онҳо як афсари аршади 28-сола ба номи Роберт Стейвер (Robert Staver) буд. Стейвер муҳандиси меконик буд, ки дар 11 апрели соли 1945 ба ҳамроҳи артиши Омрико вориди корхонаи Нурдҳоузен шуд.

Ӯ дар мусоҳибае, ки дар соли 1986 анҷом дод, гуфт: “Вақте мо расидем, финҷонҳои олмониҳо ҳанӯз гарм буд.” Ӯ пазируфт, ки дидани азамати мушакҳои V2 ва чунин навоварӣ чунон ӯро дар ҳайрат фурӯ бурд, ки садҳо ҷасадеро, ки дар корхона бар замин афтода буд, нодида гирифт.

Дар ҳудуди 100 мушак ба Войт Сенд (White Sands) дар Нюмекзик мунтақил шуд, аммо омрикоиҳо барои он ки битавонанд мушакҳои худашонро тавлид кунанд, ниёз доштанд гурӯҳи Вернер фон Броунро ҳам бо худ бибаранд. Онҳо бояд пеш аз русҳо ба ин гурӯҳ мерасиданд.

Стейвер гуфта буд: “Онҳо нобиғаҳое буданд, ки 25 сол аз мо ҷилавтар буданд. Ба ман дастур дода шуда буд, ки беҳтарин гурӯҳи мушакии таърихро бо худ ба Омрико бибарам. Ман тасмим гирифтам бо ин олмониҳо дуруст монанди инсонҳои маъмулӣ ва меҳрубонона рафтор кунанд. Дар ғайри ин сурат, бо мо ҳамкорӣ намекарданд.”

Винстун Черчил ва Фронклин Рузвелт қавл дода буданд, ки ҷинояткорони ҷангии нозиро таъқибу муҷозот кунанд; қавлҳое, ки Стейвер ва арбобаш нодида гирифтанд.

Винстун Черчил

Сафари сиррии интиқоли донишмандон аз Нурдҳоузен ба Омрико барои иҷрои барномаи фазоии Опулуи Омрико як тавтиа буд, ки бо ҳамкории афсарони артиши Омрико ва теъдоде аз идораҳои муртабит дар Вошингтун анҷом шуд. Дар сентябри 1945, баъд аз музокираи сиррие, ки байни Стейвер, афсарони омрикоӣ, Вернер фон Броун ва теъдоде аз нерӯҳои аршади ҳамкораш анҷом гирифт, онҳо ба самти Элпосу дар Тегзос парвоз карданд.

Қонуни Омрико иқомати доимии нозиҳои ҷинояткорро рад мекард, бинобар ин, ба онҳо иҷоза дода шуд, ки ба таври “муваққатӣ” барое чанд моҳ дар Омрико иқомат кунанд. Ин барнома баъдҳо “Амалиёти коғаз” ном гирифт. Баъдҳо, 118 узври дигар аз гурӯҳи Вернер фон Броун аз Олмон ба Омрико мунтақил шуданд.

Дар ҳоле ки афроде монанди Ив Беун ва соири қурбониёни нозиҳо дар талош буданд, то худашонро дар Урупои ҷангзада нигаҳ доранд ва руҳу ҷисмашон ба хотири осори ҷанг аз ҳам напошад, Вернер фон Броун ва гурӯҳаш бо дарёфти ҳуқуқи моҳиёнаи 750 дулор бо ғизои маҷҷонӣ, маҳалли иқомати матлуб ва дарёфти хадамоти беҳдоштии саховатмандона, зиндагии мураффаҳе доштанд.

* * *

Озмоиш рӯи хукчаҳои инсонӣ

Муҳандисӣ ягона донише набуд, ки омрикоиҳо доро набуданд. Онҳо иттилооте дар бораи пизишкӣ ҳам мехостанд. Тайи як амалиёт, афсарони нерӯи ҳавоии Омрико бо ҳидояти сарҳанг Ҳери Ормструнг (Harry Armstrong) бо дуктур Ҳубертус Стругҳолд (Hubertus Strughold), раиси пизишкони нерӯи ҳавоии Олмон, музокира кард.

Стругҳолд ва соири донишмандон барои муҳофизат аз халабонони артиши нозии Олмон дар ҳангоми парвоз дар иртифооти баланд текникҳои пешрафтае тавсиъа дода буданд.

Ҳубертус Стругҳолд (Hubertus Strughold)

Тарҳҳои Олмон барои кобини халабонӣ, либосҳои зиддҷозиба ва москҳои оксижен барои пешгирӣ аз беҳушӣ, бисёр пешрафтатар аз ҳар текнулужии дигаре буд, ки дар Олмон ё Бритониё вуҷуд дошт – таъаҷҷубе ҳам надошт, билохира олмониҳо текнулужии худро рӯи “хукчаҳои инсонӣ” дар урдуи Доҳоу (Dachau) озмоиш карда буданд.

Зиндониён тавассути пизишкон дар утоқҳои бисёр шулуғ зиндонӣ мешуданд, то андозаи тобоварии онҳо озмоиш шавад. Филмҳое вуҷуд дорад, ки марги ваҳшатноки зиндониёнро дар ин утоқҳо нишон медиҳад.

Дар аввалҳои соли 1946, Ҳери Ормструнг тасмим гирифт ҷиноятҳои пизишконро нодида бигирад. Дуруст мисли Стейвер барои ӯ ҳам марг масъалае набуд. Усули адолат барои он милюнҳо нафаре, ки дар ҷанг кушта шуда буданд, нодида гирифта шуд.

Ормструнг ба афсари дигаре гуфта буд: “Ба ҳар ҳол ин афрод донишманд буданд”. Бинобар ин Стругҳолд ва 37 мутахассиси олмонии дигар ба Ройт-Филд, як пойгоҳи ҳавоӣ дар Уҳою, мунтақил шуданд.

Ормструнг ду ангеза дошт: кӯмак ба пешрафти пизишкии нерӯи ҳавоии Омрико, ва ҳамин тавр муҳофизат аз олмониҳо, ба унвони ҷинояткори ҷангӣ, дар муқобили пайгирди додгоҳҳои низомии омрикоӣ дар Нюрнберг.

Ормструнг, бо ниҳояти басират, ба пизишкон дастур дод рӯи мавзӯи чигунагии зинда мондани инсон дар фазо тамаркуз кунанд ва дар соли 1969 вақте, ки Нил Ормструнг қадам дар моҳ гузошт, Стругҳолд ба унвони яке аз қаҳрамонони ин пружа муаррифӣ шуд. Ҳеҷ кас дар он замон дар бораи ҷиноятҳои ин мард суоле накард.

Бахше аз ин вазъият мадюни маҳорати сарҳанг Волтер Рузомус (Walter Rozamus), афсари артиши Омрико буд, ки ҳидояти “Амалиёти коғаз”-ро дар Пентогун бар ӯҳда дошт. Ӯ фарде буд, ки қавонини Омрико, ки ҳузури нозиҳо дар ин кишварро манъ мекард, моҳирона давр зад.

* * *

Амалиёти коғаз

То соли 1946 донишмандони олмонӣ дархост карданд бо онҳо қарордодҳои баландмуддат баста шавад ва мехостанд битавонанд хонаводаҳои худро ҳам ба Омрико биёваранд. Ин дар ҳоле буд, ки парвандаҳое, ки тавассути артиши Омрико аз Олмон ба даст омада буд, беш аз пеш вобастагии ин донишмандон ба ҳизби нозиро исбот мекард.

Ҳеберт Окстер (Herbert Axster), дастёри Вернер фон Броун, ба унвони “ҳомии бадном ва фарде, ки аз ҳизби нозӣ суди зиёде бурдааст” тавсиф шуда буд. Курт Дебус, фармондеҳи дуввуми Опулу, яке аз аъзои артиши SS, муттаҳам буд, ки гузориши як олмонии бегуноҳро, ки ақоиди мухолифи донишмандони дигари Олмон дошт, ба Гештопу дода буд, то поксозӣ шавад.

Вернер фон Броун “як нозии хатарнок” ва “як таҳдиди амниятӣ” тавсиф шуда буд ва афсарони Омрико кашф карданд, ки дар соли 1931, Рудолф дар ҳоле ки машъал ба даст дар хиёбонҳои Берлин роҳ мерафта суруди нажодпарастонаи нозиро мехондааст. Ӯ “як нозии сад дар садӣ, аз навъи хатарнок” тавсиф шуда буд ва тавсия шуда буд, ки зиндониаш кунанд.

Ортур Рудолф (Arthur Rudolph)

Ҳеч кадом аз ин гузоришҳо таъсире надошт, зеро Рудолф ва 134 мутахассиси дигари олмонӣ, дар Нюмекзик мустақар шуда буданд ва Рузомус мехост онҳоро ҳамонҷо нигаҳ дорад.

Мухолифони истиқрори ин донишмандон дар Омрико ба дастури Рузомус аз кумитаҳои тасмимгирӣ канор гузошта мешуданд, то музоҳимате эҷод накунанд.

Яке дигар аз афсарон дар ин бора гуфта буд: ”Коре, ки олмониҳо дар ҷанг карданд муҳим набуд. Мо маҷбур будем донишмандонро аз дастони русҳо дур нигаҳ дорем.”

Дар “Амалиёти коғаз” гузаштаи ин афсарони донишманди олмонӣ пок шуд. Ҳерберт Окстер, дастёри Вернер фон Броун, тайи як шаб, фарде бидуни ҳеч гузаштаи торике шуд. Рудолф аз иттиҳоми “нозии хатарнок” пок шуд. Гузориши ислоҳшудаи Вернер фон Броун мегуфт, ки парвандаҳои ӯ дар минтақаи ишғолшудаи Олмон тавассути Шӯравӣ гум шуда ва ҳеч “иттилооти баде” дар бораи ӯ вуҷуд надорад.

Ҳоло дигар гузаштаҳои хавфнок пок шуда буд ва ин олмониҳо метавонистанд иқомати доими Омрикоро бигиранд. Онҳо дар муддати андаке шаҳрвандии Омрикоро ҳам гирифтанд.

Махфӣ нигаҳ доштани куштори ҷамъии нозиҳо як сиёсати матлуб дар Вошингтун буд. Дар соли 1949, Созмони CIA тайи амалиёте ба номи “Рэтлойн” (Ratline), роҳҳои гурезе барои нозиҳои олмонӣ фароҳам овард, ки битавонанд аз Урупо ба ҷануби Омрико фирор кунанд. Яке аз нахустин касоне, ки ба ин тартиб фирор кард, Клоус Борбӣ (Klaus Barbie), раиси Гештопу, маъруф ба “қассоби Лиун” буд.

Вернер фон Броун на танҳо дар Омрико искон дода шуд, балки дар сентябри соли 1962 дар дидор бо раисиҷумҳур Кенедӣ дар Олобомо, эҳтироми зиёде дарёфт кард. Вернер фон Броун тартибе дода буд, ки Кенедӣ, ба унвони фармондеҳи пружаи Опулу, аз наздик шоҳиди озмоиши мушаки ”Сотурн” бошад; ҳамон мушаке, ки ниҳоятан Нил Ормструнг ва Боз Олдрин (Buzz Aldrin)-ро ба сатҳи моҳ мефиристод.

Вай бо лабханде коризмотик тавре бо Кенедӣ дидор кард, ки гӯӣ ду дӯсти қадимӣ ва самимӣ ҳастанд. Ҳар ду мард дар канори ҳам шоҳиди партоби муваффақиятомези мушак буданд.

Вернер фон Броун хитоб ба Кенедӣ гуфт: “Ман ба шумо қавл медиҳам, ки то поёни ин даҳа нахустин инсонро ба моҳ хоҳед фиристод ва ба умеди Худо мо ин корро хоҳем кард.”

Вернер фон Броун он қадр барои омрикоиҳо муҳим буд, ки наметавонистанд иҷоза диҳанд ҷиноятҳои гузаштаи ӯ дахолате дар ин ҳамкорӣ эҷод кунад. Як идда ҷинояткори ҷангӣ акнун табдил ба қаҳрамонони ҷанги сард шуда буданд.

Ин нозии донишманд дар соли 1977 дар Вирҷиниё мемирад бидуни он ки хадшае ба шӯҳрати ӯ ворид шавад. Хушшонсии Ортур Рудолф қадре камтар буд. Дар соли 1984, як вакили омрикоӣ аз дафтари таҳқиқоти вежа, Рудолфро маҷбур кард шаҳрвандии омрикоиро ботил карда ва ба Олмон бозгардад.

Рудолф дар охирин мусоҳибааш ба ман гуфт: “Бисёр асабониам. Ман кӯмак кардам, ки нахустин мард – як омрикоӣ — ба моҳ биравад ва онҳо ин гуна бо ман рафтор мекунанд.” Ӯ дар соли 1996 дар синни 89-солагӣ дар Ҳомбург даргузашт. Ӯ ҳаргиз ба хотири ваҳшигарии даврони ҷанг ба пойи мизи адолат фаро хонда нашуд.

Имрӯз тамоми ҳақиқатро бо ҷузъиёташ медонем ва ҳанӯз ҳеч ишорае ба ҷиноятҳои ин ҳаюлоҳои ҷангӣ намешавад. Чаро?

Қурбониёни ин муваффақият беш аз инҳо шоистаи эҳтироманд.

Нависанда: Том Бовер (Tom Bower), нависандаи китоби “Тавтиаи коғазӣ” (The Paperclip Conspiracy)

Манбаъ: Dailymail

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: