Перейти к содержимому

Ошноии кӯтоҳ бо китоби “Фалсафаи Чомски”

“Фалсафаи Чомски” китобест аз Муртун Винстун (Morton Winston) дар бораи Нувом Чомски — файласуфи забоншинос ва фаъоли иҷтимоӣ, ки осораш ҳавли меҳвари масоили дониши инсон ва озодии ӯ давр мезанад. Рӯйкарди нависанда дар ин китоб, ироаи таърихчаи ҳаёти фикрии Чомски аст ва бештар дар пайи ироаи ин таърихча буда, то шарҳи таҳлилии муфассалу муназзами орои Чомски.

Ба таъбири нависандаи ин китоб, Чомски файласуфест, ки ҳанӯз зинда ва андешааш ҳамчунон дар ҳоли таҳаввулу пешрафт аст. Моҳияти номутаъораф ва ғолибан ҷанҷолии орои Чомски дар бораи бисёре аз мавзӯъҳо, ағлаб монеъ аз он мешавад, ки хонандагони осораш ба дидгоҳи содиқона дар бораи андешаи ӯ ноил шаванд.

Ба ҳаҷми азими осори мунташиршудаи Чомски (беш аз 70 китоб ва беш аз ҳазор мақола), бояд ҳузур дар филмҳои мустанад ва мусоҳибаҳои фаровон ва эроди суханрониҳои бисёр дар Омрико, Урупо, Омрикои ҷанубӣ, Устролиё ва Эронро ҳам изофа кард.

Нависанда, барои навиштани ин китоб, бо Нувом Чомски ҳам мусоҳиба карда ва бахшҳое аз ин мусоҳибаро дар хилоли матолиби китоб овардааст. Норизоятӣ аз авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инқилобе, ки Чомски дар забоншиносӣ ба вуҷуд овард, интиқод аз сиёсати хориҷии Омрико ва фалсафаи сиёсии Чомски, муҳимтарин мавзӯъҳое аст, ки дар ин китоби кӯтоҳ баррасӣ мешавад.

Нависанда дар муқаддима таъкид мекунад, бо ин ки аз баррасии ҷузъиёти орои Чомски сарфи назар карда, аммо талош карда сайри таҳаввули андешаи ӯро бо нигоҳе интиқодомез пайгирӣ кунад ва хонандагони алоқамандро ба манобеи дигар ирҷоъ диҳад.

Ӯ, Чомскиро ҷузъи мутафаккироне медонад, ки “тафаккурро ҳамроҳи сиёсатварзӣ маънодор медонист; суннате, ки афроде чун Корл Моркс, Ҷон Дюӣ, Олберт Эйншейн ва Бертронд Роселро шомил мешавад”.

Чомски дар фаъолиятҳои илмиаш, бар забоншиносӣ ва ҳавзаҳои вобаста ба масъалаи дарки тавоноии инсон дар фарогирии забони табиӣ тамаркуз дошта ва дар навиштаҳои сиёсиаш кӯшида саркӯбро, ки вежагии ҷаҳонии Омрико дар нимаи дуввуми қарни 20-ум буда ифшо кунад. Аз назари нависанда, дарки робита миёни ин ду ҷанба аз кори Чомски, душвор аст.

Чомски дар соли 1971 дар суханрониҳояш дар бузургдошти Росел дар Кембриҷ ба ҳамин навъ пурсиш пардохт. Ӯ гуфт: Росел файласуфе буда, ки ҳадафаш илова бар тафсири ҷаҳон, тағйири он ҳам буда ва сипас ин пурсишро матраҳ сохт, ки оё байни мутолеоти фавқулъода мутанаввеъи Росел риштаи муштараке вуҷуд дорад? Ба хусус оё байни эътиқодоти фалсафӣ ва сиёсии ӯ пайванде ҳаст?

Чомкси дар суханронии дигаре ҳалқаи мафқуда байни маърифатшиносии таҷрибагароёнаи Росел ва ақоиди сиёсии ӯро, дар талаққии инсонгароёнаи ӯ аз табиати зотӣ ва қувваи халлоқаи одамӣ суроғ мегирад.

Дар мавриди Чомски ҳалқаи иттисоли ду ҷанбаи фалсафаи ӯ, дар бардошти хосси хирадгароёнаи ӯ аз ҳуши инсон нуҳуфтааст, ки албатта бо нигариши таҷрибагароёнаи Росел комилан мутафовит аст.

Хирадгароии Чомски бар инҳисорӣ будан ва решаҳои биулужики шинохт (маърифат)-и инсон таъкид дорад, зимни он ки эътироф мекунад, ки тавоноиҳои шинохтии фитрии мо инсонҳо низ шолудаи рушди халлоқонаи дарки мо аз ҷаҳон ва худамонро фароҳам меоваранд.

Нависанда, чархиши Чомски дар забоншиносиро маҳсули талошҳои ӯ медонад дар таркиби халлоқонаи забоншиносии тавсифӣ бо бинишҳои марбут ба моҳияти назарияҳои илмӣ, яъне бинишҳои хосси фалсафаи илми пасопозетивистӣ, ки он замон дар ҳоли таквин буд. Ӯ баъдан ин назарро то ҳадде канор гузошт ва ба суроғи истиораи рушди андомҳои бадан рафт, то дар бораи падидаи забону дониши инсонӣ куллитар сӯҳбат кунад ва баъд аз он ба самти “рӯйкарди ҳавзаӣ” рафт, ки дар осори ҷадидтараш дар бораи он баҳс кардааст.

Бахши аъзами он чи дар 25 соли гузашта ба “улуми шинохтӣ” маъруф буда дунболарави ҳамин рӯйкард будааст. Бар асоси ин рӯйкард, барои баррасии падидаи печидае ҳамчун дониши инсонӣ беҳтарин кор он аст, ки зеҳнро ба “қувваҳо” ё “ҳавзаҳо”-и камобеш мустақил тақсим кунем ва қабл аз талош барои таъйини наҳваи таъомули онҳо бо дигар низомҳои шинохтӣ, ба баррасии дақиқи сохторҳои онҳо бипардозем. Бо ин ҳисоб, масалан ба лиҳози равишшиносӣ дуруст он аст, ки бикӯшем наҳвро ҷудои аз овошиносӣ аз як сӯ ва корбасти забонро аз сӯи дигар баррасӣ кунем, чун далоиле вуҷуд дорад барои он ки дастури забонро як ҳавза бидонем, ки кайфиёти комилан хосси худро дорад.

Ҳамин тавр аст дар мавриди бозшиносии чеҳраи афрод, ҳофизаи мусиқияӣ ва соири истеъдодҳои шинохтии хосс. Агар ибтидо кӯшише низомманд барои боло бурдани шинохти худ аз кайфиёти дақиқи ҳавзаҳои шинохтии хосс сурат диҳем ва тоза он гоҳ дар садади дарки иртиботи коркардии онҳо дар чорчӯби низоми шинохтӣ ба сурати куллӣ бароем, метавонем ба пешрафт дар фаҳм ва шояд табйини наҳваи амалкарди андомӣ ба печидагии мағзи инсон умедвор бошем.

Китоби “Фалсафаи Чомски” таълифи Муртун Винстун тарҷумаи Аҳмад Ризо Туқоро метавонед дар инҷо мутолеа ва боргирӣ кунед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: