Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (382)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (3)

* * *

Аз Ҳақ “инна занна ло юғнӣ” расид,

Маркаби зан(н) бар фалакҳо кай давид?

Ҳақ Таъоло ин паёмро ба ҳамагон расонид: ҳамоно гумону занн наметавонанд одамиро ба ҳақиқат бирасонанд. Ва маркаби гумон кай метавонад бар баландии афлок равад?

Нукта: Мисроъи аввал ишора аст ба ояти 36 сураи Юнус:

وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلا ظَنًّا إِنَّ الظَّنَّ لا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا

Бештарашон ҷуз гумонеро пайравӣ накунанд; ва ҳамоно гумон бениёзӣ аз ҳақ наёрад.

Ағлабуз-заннайни фи тарҷиҳи зо

Ло тумориш-шамса фи тавзиҳиҳо.

Аз ду гумон ҳар кадом ғолибтар бошад, онро тарҷеҳ медиҳанд, вале ту ҳаргиз дар бораи равшании офтоби фурӯзон ҳеч гуна ҷидоле наметавонӣ бикунӣ.

Нукта: Бинобар ин, занну гумон фақат дар бораи чизе ҳодис мешавад, ки мубҳам бошад, вале дар ин ки ҳамаи умури дунёӣ пучу лағв аст, ҳеч гумоне дар он роҳ надорад ва монанди офтоби оламтоб аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.985)

Он гаҳе бинед маркабҳои хеш,

Маркабе созидаед аз пойи хеш.

Дар он вақт аст, ки хоҳед дид, ки шумо бар маркабе савор нашудаед, балки аз пойи худ маркаб сохтаед, яъне дархоҳед ёфт, ки илм бар қалби шумо нур наяфканда, ки шумо сабукбол равед, балки илм бар шумо бор шудааст ва тавони ҳаракатро аз шумо гирифтааст.

Ваҳму фикру ҳиссу идроки шумо

Ҳамчу най дон маркаби кӯдак, ҳало!

Ваҳму андешаву ҳиссу идроки худро монанди он чӯби найе бидонед, ки кӯдакон онро маркабу аспи худ пиндоштаанд.

Нукта: Ҳамин тавр аҳли гумон вақте бо офтоби ҳақиқат рӯ ба рӯ шаванд, хоҳанд донист, ки ваҳму гумоне, ки маркаби худ сохта буданд ва мехостанд бо он ба кӯйи ҳақиқат бирасанд, дар воқеъ монанди аспҳои чӯбини кӯдакон будааст, ва мусалламан бо асбоби кӯдакона наметавон сафари ҳақиқӣ кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.985)

Илмҳои аҳли дил ҳаммолашон,

Илмҳои аҳли тан аҳмолашон.

Илмҳои аҳли дил ҳамлкунандаи онон аст, зеро соҳибдилон бар илми хеш саворанд ва ин илмҳо ононро ба манзили Ҳақ мерасонад. Вале илмҳои аҳли тану асирони бандаи шаҳвату нафс бори гаронест бар дӯши онон, зеро ранҷи таҳсили илмро мебаранд, вале тарфе аз он илмҳо намебанданд.

Аҳмол: ҷамъи ҳимл ба маънои бор.

Нукта: Илмҳои аҳли дил, ки ба тариқи кашфу завқ ҳосил мешавад, онро ба ороиши яқин мерасонад ва соҳибони улуми зоҳирӣ ҳамвора дар зери бори шакку изтироб ҳастанд. (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.271)

Илм чун бар дил занад, ёре шавад,

Илм чун бар тан занад, боре шавад.

Ҳар гоҳ илм бар дил базанад, он илм рафиқу ёвораи шахс мешавад, вале илме, ки бар тан бизанад, борест гарон.

Нукта: Илмҳое, ки аз роҳи кашфу шуҳуд ҳосил шавад, ҳамеша ёвари инсон аст, вале илмҳои тақлидӣ ва расмӣ бори сангини тардиду нооромиро бар руҳ меафканад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.986)

Гуфт Эзид: “Яҳмилу асфораҳу”

Бор бошад илм, к-он набвад зи ҳу.

Худованди Мутаъол фармуд: он олимони яҳуд, ки Тавротро ҳамл карданд, вале ҳақиқати онро дарнаёфтанд ва ба муфоди он амал накарданд, ба харе монанд, ки китобҳо бар пушти худ ҳамл мекунанд.

Нукта: Ишора аст ба ояти 5 сураи Ҷумъа:

مَثَلُ الَّذِينَ حُمِّلُوا التَّوْرَاةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا

Масали касоне, ки алфози Тавротро ҳифз карданд, вале ба ҳақиқати он нарасиданд ва ба муфоди он амал накарданд, басони харонанд, ки китобҳо бар пушти худ доранд.”

Илм, к-он набвад зи Ҳу бевосита,

Он напояд ҳамчу ранги мошита.

Илме, ки аз тарафи Худо бевосита бар қалб нарасад, монанди ранги ороишгарон, ки бар сурат мемоланд, давоме нахоҳад дошт.

Мошита: зани ороишгар.

Нукта: Илми касбӣ танҳо аз роҳи баҳсу мудораса ва шавоҳиди ақливу нақлӣ ҳосил мешавад, вале илми ладуннӣ илме аст, ки аҳли қурб аз ҷониби Ҳақ Таъоло ба даст меоваранд бе воситаи башар, ва он бар се қисм аст: ваҳй, илҳом ва фиросат. (Мисбоҳул-ҳидоя, с.76)

Лек чун ин борро некӯ кашӣ,

Бор баргиранду бахшандат х(в)ашӣ.

Ва лекин ҳар гоҳ ин бори илмро ба наҳви аҳсан бикашӣ, бори гаронро аз ту фурӯ гиранд ва аз шароби илми ладуннӣ сархушат кунанд. Яъне Худованд ба ту маърифати ҳақиқӣ ато фармояд. (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии маънавӣ, с.250)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: