Перейти к содержимому

Шикасти нишасти давлати Миёнмор бо намояндагони мусалмонони ин кишвар

Вазири умури хориҷаи Миёнмор эълом кард, ки нишасти дурӯза бо намояндагони мусалмонони Миёнмор дар Банглодеш бенатиҷа ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, вазири умури хориҷаи Миёнмор эълом кард, ки нишасти дурӯза бо намояндагони мусалмонони Миёнмор дар шаҳри Коксбозор дар Банглодеш бенатиҷа ба поён расид.

Ҳайати миёнморӣ ба риёсати Минт Ту, вазири умури хориҷаи Миёнмор, пас аз дидори дурӯза бо 35 тан аз намояндагони мусалмонони Орокон дар Коксбозори Банглодеш дар бораи ҳаққи шаҳрвандии мусалмонони Орокон эълом кард: “Дар ин нишаст ба тавофуқ даст наёфтем.

Яке аз намояндагони ҳайати мусалмонони Миёнмор изҳор дошт: “Миёнмор аз соли 1982 ҳеч тағйиру ислоҳоте дар қонуни шаҳрвандӣ анҷом надодааст ва қасд дорад бидуни додани ҳаққи шаҳрвандӣ ва тобеият, мусалмонони Ороконро ба унвони муҳоҷир бипазирад.”

Абулкалом Озод, узви Кумисиюни кӯмак ба паноҳандагон, ба хабарнигори Онотулӣ гуфт: “Ҳайати миёнморӣ имрӯз ба кишвар бозмегарданд ва бо мақомоти ин кишвар дидор хоҳанд кард. Ин ҳайат қавл доданд, то бори дигар бо мусалмонони Орокон дар Банглодеш дидор кунанд.”

Дар ин миён намояндаи ҳайати мусалмонони Орокон таъкид кард, ҳаргиз то замоне ки ҳаққи шаҳрвандӣ ба онҳо дода нашуда ва амнияти онҳо таҳти нозирони байналмилалӣ тазмин нашавад, ба Миёнмор бознахоҳанд гашт.

Бино бар ин гузориш, артиши Миёнмор дар 25 августи 2017 ҳамалоти худ ба минтақаи Ороконро оғоз кард. Дар ин ҳамалот ҳазорон ғайринизомии ороконӣ ҷон бохта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ ба оташ кашида шуд.

Тибқи охирин гузориши Созмони Милал, шумори мусалмононе, ки аз 25 августи 2017 ба ин сӯ аз хушунатҳои артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ гурехта ва ба урдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар атрофи Коксбозори Банглодеш паноҳ бурдаанд, ба 725 ҳазор нафар, ки 60 дар сади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, расидааст.

Аз соли 1970 то кунун 84 дар сад аз ҷамъияти 2 милюнии мусалмонони Орокон дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар хушунат алайҳи мусалмонони Орокон дар Миёнморро “поксозии қавмӣ” ва “наслкушӣ” тавсиф мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: