Перейти к содержимому

Ассибсӣ ва Алғаннушӣ; таҷрибаи муваффақи ҳамкории секулору исломгаро

Туниси ҷадид меросдори ҳикмату дурандешии ду мард аст: Боҷӣ Қоид Ассибсӣ ва Рошид Алғаннушӣ, ки тавофуқашон ин кишварро аз сенориюҳои хатарнок наҷот дод.

Пас аз марги Боҷӣ Қоид Ассибсӣ ояндаи ҳукумати Тунис чӣ мешавад ва сурати нақшаи сиёсии ин кишвар, бо таваҷҷӯҳ ба халаъи раҳбарият дар ҳизби секулори ӯ яъне “Нидои Тунис” ва қудратгирии фазояндаи ҷунбиши исломгарои Аннаҳза, чӣ мешавад?

Сарфи назар аз дидгоҳҳои ифротиву тафритӣ дар бораи Боҷӣ Қоид Ассибсӣ, инсоф нест агар гуфта нашавад, ки вай ба эътирофи бисёре аз мухолифон ё ғайри ҳамфикронаш, аҳли тасомуҳу таъомул бо мухолифон аз ҷумла исломгароёни Тунис ва ба вежа ҷунбиши исломгарои Аннаҳза буд; чӣ дар замони тасаллути гурӯҳи Ихвонулмуслимин (ҳамон Аннаҳза) бар қудрат баъд аз инқилоби 2011 ва баргузории аввалин таҷрибаи демукротики ҷаҳони араб пас аз чанд даҳаи саркӯб, чӣ дар замони тазъифи ин гурӯҳ пас аз терурҳои сарони чапгарои Тунис ва чӣ ахиран бо қудратёбии дубораи исломгароён дар интихоботи шаҳрдориҳо ва низ ороиш барои такя задан бар курсиҳои порлумон.

Алғаннушӣ дар бораи Ассибсӣ гуфт: “Вай хирадманде буд, ки ҳикматаш монеъ аз бархӯрд байни ҳизби Нидои Тунис ва Аннаҳза шуд ва ин ду ҷараёнро ба ҳам расонд, то Тунисро рӯи рели демукросӣ андохт.”

Абдулкарим Алҳорунӣ, раиси Шӯрои машваратии ҷунбиши Аннаҳза, дар ин бора, ду дастоварди Ассибсиро баршумурд ва ӯро давлатмарде хонд, ки “аз таҷрибаи интиқоли демукротик ҳифозат кард ва монеъ аз дахолати бегонагон шуд.”

Алҳорунӣ ба шабакаи Алҷазира гуфт: “Дидори Алғаннушӣ ва Ассибсӣ Тунисро наҷот дод ба вежа баъд аз кудетое, ки дар Миср рух дод ва танише, ки Тунис бо терури сарони чапгаро ба худ дид… Тавофуқ байни ин ду мард Тунисро аз сенориюҳои хатарноке наҷот дод ва роҳи гуфтугӯи миллӣ ва расидан ба қонуни асосии тавофуқиро ҳамвор кард.”

Аз ин нигоҳ, Туниси ҷадид, меросдори ҳикмату дурандешии ду мард аст: Боҷӣ Қоид Ассибсӣ ва Рошид Алғаннушӣ; ду пири хирадманди арсаи сиёсат.

Ҳоло Алғаннушӣ худро, ба гуфтаи худаш, муваззаф ба идомаи роҳи Ассибсӣ дар маниши сиёсии худ “бидуни маҳрумсозии дигарон аз ширкат дар фароянди демукротик” медонад.

Дирӯз (душанбе) Алғаннушӣ мадорики худро ба Маркази ҳайати фаръии интихоботи порлумонии пойтахт таҳвил дод; интихоботе, ки қарор аст рӯзи 6 октябр баргузор шавад. Чанд рӯз пештар, ҷунбиши Аннаҳза мувофиқат кард, ки раиси худ Алғаннуширо дар садри феҳристи “Тунис 1” дар интихоботи порлумонии пойтахт бинишонад.

Алғаннушӣ инро ҳам гуфт, ки ҳадафи ӯ аз номзадӣ дар интихоботи порлумон он аст, ки паёме бо ин мазмун бирасонад, ки қасд дорад “эътибори порлумонро баргардонад ва аҳаммияти воқеии онро нишон диҳад.”

Аннаҳза ҳамакнун бо 69 намоянда аз маҷмӯи 217 нафар пас аз ҳизби Нидои Тунис, ки дорои 85 намоянда дар порлумони Тунис аст, дуввумин ҳизби қудратманд дар ин порлумон мебошад.

Алғаннушӣ хаёли муъоризонро дар бораи раисиҷумҳури оянда, дастикам аз ҷониби худ, бо ин ҷумалот роҳат кард, ки: “Ҳаракати Аннаҳза дар ду рӯзи оянда (имрӯзу фардо) мавзеъи худро дар бораи интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда равшан хоҳад кард, ки оё шахсияте аз дохили ҷунбишро номзад кунад ё ин ки аз номзаде хориҷ аз ҷараёни Аннаҳза, пуштибонӣ кунад.”

* * *

Чаро Алғаннушӣ ба тасаддии  риёсати ҷумҳурӣ намеандешад?

Посухи ин суолро Фарид Алъулейбӣ, таҳлилгари сиёсии тунисӣ, ин гуна медиҳад: “Аннаҳза рӯи Алғаннушӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳисобе боз накардааст, зеро ҷунбиш медонад, ки шонси ӯ барои ин симат поин аст, ва аз сӯи дигар, тарафҳои хориҷӣ талош хоҳанд кард ӯро ба шикаст бикашонанд ва Аннаҳзаро дар арсаи сиёсӣ мунзавӣ кунанд.”

Дар айни ҳол, Алъулайбӣ номзадии Алғаннушӣ дар интихоботро бо ҳадафи риёсат бар порлумон медонад.

Ҳушмандии Алғаннушӣ дар интихобот бо инсироф аз талош барои тасаддии риёсати ҷумҳурии ин кишвар, ва дар иваз, эҳтимоми ӯ ба пӯшидани либоси намояндагии порлумон, дар ин буд, ки худро дар маърази тирҳои мунтақидону мухолифон қарор надод. Алғаннушӣ, дар буҳбуҳаи маргу ҳасру банду таъқиби сарони Ихвонулмуслимин дар саросари ҷаҳон, тарҷеҳ медиҳад, ки вазнаи сангин барои тавозуни қувваҳо ва мусолиҳаҳо дар порлумони Тунис бошад, то қарор гирифтани ҷунбиши Аннаҳза дар қуллаи ҳирами қудрат ва омоҷи тиру таркишҳо.

Ба ин тартиб, Алғаннушӣ бо зиракӣ, на ба ҳошия ронда мешавад ва на дар маркази сели ҳамалоти мухолифон дар раъси қувваи иҷроии кишвар қарор мегирад; вонгаҳе ҷойгоҳи ӯ ба унвони падари маънавии ҷараёни исломгарои эътидолии ҷунбиши Аннаҳза ҳифз хоҳад шуд.

Ҳифзи дастовардҳои феълӣ ва афзоиши маҳбубияти исломгароён дар мавқеияти ҳассоси кунунӣ, барои Алғаннушӣ бисёр муҳимтар аз пешқаровулӣ дар ҷойгоҳи риёсати ҷумҳурӣ аст.

* * *

Нигоҳҳои нигарони Алғаннушӣ

Дар гармогарми ҳаяҷонҳо ва илтиҳобҳо ва баҳсу ҷадалҳо баъд аз пирӯзии инқилоби Тунис дар соли 2011 ва баъд аз пирӯзии Аннаҳза дар интихоботи Маҷлиси муассисон, барои бисёре аз хабарнигорон ва таҳлилгарон ин суол дағдағае ҷиддӣ буд, ки Тунис баъд аз инқилоб қарор аст аз чӣ улгуе дар ҳукумати оянда пайравӣ кунад, ё чӣ муделе аз ҳукуматро барои худ тарроҳӣ кардааст? Ин суол вақте дар як гирдиҳамоӣ аз Рошид Алғаннушӣ ба унвони раиси ҷунбиш пурсида шуд, сукут кард. Дубора пурсиданд, боз ҳам сукут кард. Он шаб, ҳеч кас посухе аз раиси ҳизби пирӯз нашунид, дар ҳоле, ки бисёре аз аъзои саршиноси ҷунбиши Аннаҳза, сармаст аз пирӯзӣ дар аввалин таҷрибаи демукротики Тунис баъд аз даҳаҳои паёпай, фурсати сар хоридан барои мусоҳиба бо расонаҳо надоштанд. Ҳамин суолро аз Маъоз, писари аршади Рошид Алғаннушӣ пурсиданд, ва ӯ, бемуҳобо ва бемулоҳизатар аз посухе, ки битавон аз сиёсатмадори коркушта интизор дошт, давлати Туркияро улгуи аҳсану комил барои ояндаи Тунис хонд.

Шояд ба иллати ҳамин навъ изҳори назарҳо буд, ки дастҳое аз хориҷ ба ҳаракат даромад, то ин таҷрибаи демукротикро дар Тунис хунсо кунад ва раванди ҳаракати рӯ ба ҷилави исломгароёни Тунисро монанди Миср ба шиддат заъиф кунад.

Алғаннушӣ беш аз он ки нигарони соири аркони қудрат аз ҷумла артиш ё ҷараёнҳои рангоранги дигар — аз кумунистҳо гирифта то либеролҳо — бошад, ҳушмандона чашмҳоро ба тайфҳои мутанаввеъи тарафдорони дуоташаи ҷунбиши Аннаҳза дӯхтааст ба вежа касоне, ки аз худи Алғаннушӣ чандон пеш меафтанд, ки гоҳ сар аз ҷараёнҳои такфирӣ дармеоваранд; тайфе, ки масалан Абдулфаттоҳ Муру (муассиси ҷунбиши Аннаҳза ва ёри ғори Алғаннушӣ дар рӯзҳои таъқибу ҳасру ҳабс)-ро аз ҳарими бародархондагии Рошид Алғаннушӣ ронданд.

Алғаннушӣ маъмулан талош мекунад аз сухан гуфтан дар робита бо масоили сиёсати хориҷии Тунис иҷтиноб кунад. Ӯ ба хубӣ медонад, ки ин ҳавза чӣ қадр мингузорӣ шуда ва пурдардисар аст. Ӯ диномики қудратро ба вежа дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқои мутаассир аз таҳаввулоти ғарби Осиё, ба хубӣ мешиносад. Ӯ, бо ин ки аз ҷараёни исломи сиёсии муваффақ дар тавсиъаи иқтисодӣ ба вежа мудели туркияии он ҳимоят мекунад, аммо ҳувияти тунисии худро дар авлавият қарор медиҳад ва аз ин манзар Аннаҳзаи Тунисро, бар хилофи бисёре аз таҳлилҳо, на як ҷараёни ихвонулмуслиминии бе дару пайкар, балки ҷараёни исломгарои мӯътадил бо ҳувияти тунисӣ медонад. Ӯ агарчи борҳо аз исломи сиёсии Туркия таъриф карда, аммо медонад, ки тунисиҳо ҳамон тавр, ки ҳувияташонро аз рангбандиҳои мутафовити ҳизбиашон мегиранд, бояд аз ҳамаи таҷориб истифода кунанд ва вомдори ҳеч низоми сиёсии берунӣ набошанд.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: