Дидгоҳ

Мулоимхунукҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар Истаравшан ва пиромуни он — ва шояд дар соири манотиқи Тоҷикистон низ чунин аст — мардум дар мавриди баъзе одамҳо вожаи “мулоимхунук”-ро ба кор мебаранд. Маънои ин калима ва ин ки барои чӣ касе ба кораш мегиранд, бо ин ки чандон норавшан ҳам нест, аммо дар ин ёддошт мехоҳам як каме бештар ба шарҳу тавзеҳи он бипардозам. Пас, пурсиши аслӣ ин аст, ки мулоимхунук чӣ касе аст ва барои чӣ касе ба кор меравад?

Тавзеҳ ин ки: инсонҳо дар як тақсимбандӣ, аз оғози таърих ва аз Одам то ба Хотам, ба лиҳози мавқеият, ба се дастаи аслӣ тақсим мешаванд: ду дастаи аввал касонеанд, ки мавзеъу таклифи онҳо равшан аст ва дастаи севвум аммо афроде ҳастанд, ки мавқеияти онҳо норавшан аст. Иброҳиму Намруд, Мӯсову Фиръавн ва Исову Қайсар масалан, намунаҳои барҷастаи ду дастаи аввал дар таъриханд. Яъне ҳам ҳазрати Мӯсо (а) мавқеияти возеҳу равшане дорад ва ҳам Фиръавн ҷойгоҳаш равшан аст, бо ин ки ин ду, дар ду қутби мухолиф ва дар рӯ дар рӯи якдигар қарор доранд. Аммо ҳамеша ва дар тӯли таърих, дар васати ин ду қутби мухолиф, гурӯҳе будаанд ва ҳастанд, ки на равшан аст дар канори Мӯсоҳоянд, то таклифашон бо Фиръавнҳо мушаххас бишавад ва на ошкор месозанд, ки бо Фиръавнҳоянд, то бидонед таклифашон бо Мӯсоҳо кадом аст. Ин гурӯҳ, ҳам барои Мӯсоҳо дарди сарсозанд ва ҳам барои Фиръавнҳо. Ҳаминҳоянд “мулоимхунукҳо”.

Лозим ба ёдоварӣ аст, Мӯсову Фиръавн ва Иброҳиму Намрудро фақат ба унвони намуна ёдовар шудам, вагарна ҳеч мавзӯияте дар он чи дар садади баёни он ҳастам надоранд.

“Мулоимхунукҳо” ҳадаф надоранд, ва агар ҳам ҳадафе барояшон фарз бишавад, он ҳадаф ҷуз “худашон” дигар чизе нест. Онҳо, чун медонанд дар канори Фиръавнҳо истодан, зери суолашон мебарад ва ҷойгоҳашонро дар ҷомеа хадшадор месозад, ҳар аз гоҳе аз Фиръавнҳо интиқодаке мекунанд. Ва ҳам, чун табиаташон табиати Мӯсогуна нест, аз ин рӯ ҳаргиз хоҳони пирӯзии Мӯсоҳо дар ҷомеа нестанд ва ба ҳамин ҷиҳат, тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳанд, то Мӯсоҳо комёб нашаванд.

Ва дуруст ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мебинед, “мулоимхунукҳо” ҳамеша дар садади пайдо кардан ва ё тарошидани “айбаке” барои Мӯсоҳо ҳастанд, то бо алам кардани он, аз ҷойгоҳи Мӯсоҳо дар ҷомеа бикоҳанд. Агар калимае аз забони шумо берун ояд, кулли ҷору ҷанҷол ба роҳ меандозанд ва эълон мекунанд: йо айюҳаннос! Бибинед, Мӯсои шумо чунин карду чунон гуфт!

Ва агар натавонистанд сухане, ки аз назари онҳо нописанд аст аз забонатон берун ояд ва ё айбе дар худатон наёфтанд, ором наменишинанд, балки суроғи падару модару бобоёни шумо мераванд, то магар “айбаке” аз онҳо пайдо бишавад ва аламаш кунанд, ки: йо айюҳаннос! Бибинед, падари Мӯсои шумо ва ё модараш ё ҷаддаш чунин буду чунон!

Ва агар айбе дар обову аҷододатон наёфтанд, боз ҳам ором наменишнанд, балки ба дунболи ғизоҳое, ки мехӯред ва ё либосе, ки мепӯшед мераванд ва ҷору ҷанҷол роҳ меандозанд, ки: йо айюҳаннос! Бибинед, Мӯсои шумо, “макаронхӯр” аст ва либосаш аз “пашм”!

Як нуктаро дар поёни ароизам баён бидорам: суннати таъриху суннати Худо чунин аст, ки пирӯзӣ ҳамеша, ва ҳарчанд на зоҳирӣ, насиби Мӯсоҳо будааст, аммо “мулоимхунукҳо” ҷуз яъсу ноумедӣ, ва пушаймонӣ дар охири кор, чизе дигар насибашон намешавад. Пештар дар як ёддошт, барои “мулоимхунукҳо” ин масали форсиро оварда будам, ки: “Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад”. Ин масал дар ҷойе ба кор бурда мешавад, ки шумо агар дар як шароити бисёр сахте қарор дошта бошед, касоне, ки шумо аз онҳо таваққӯъ доред дар каноратон бошанд ва шуморо дастгирӣ кунанд, то аз душвориҳоятон коста шавад, онҳо аммо баръакс аз рӯи беинсофӣ ва ноҷавонмардӣ, коре бикунанд, ки бар душвориҳо ва сахтиҳои шумо афзуда шавад; ғофил аз ин ки бешак рӯзе ин шароити сахту душвор сипарӣ ва поён хоҳад ёфт ва ҳамеша пас аз зимистон баҳор фаро хоҳад расид, ва он гоҳ, рӯсиёҳӣ ва сарафкандагӣ ва хиҷолат барои “мулоимхунукҳо”-и беинсоф боқӣ хоҳад монд.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.