Перейти к содержимому

Як санади таърихии бисёр муҳим; номаи Темур ба Шорли VI

Темур

Шорли VI, подшоҳи Фаронса

Номаи Темур ба Шорли VI (Карл VI), подшоҳи Фаронса, аз қадимитарин ва муҳимтарин номаҳои мавҷуд ба забони форсӣ аст, ки дар 1 муҳаррами соли 805 ҳиҷрии қамарӣ (10 августи 1402) нигошта шудааст.

Моҷарои ин нома аз ин қарор аст, ки: Шорли VI, подшоҳи Фаронса, номаҳое барои Темур фиристод. Темур низ дар посух ба Шорли VI, номае ба таърихи 1 муҳаррами соли 805 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Ҷони II, сарусқуфи Султония, фиристод ва хостори густариши муносиботи бозаргонӣ гардид.

Асли ин нома дар китобхонаи асноди расмии Порис мавҷуд аст. Ҷони II, сафири Темур ба дарборҳои Ангилистон ва Ҷенуво низ буд. Ҳадафи Темур аз тамос бо дарборҳои урупоӣ, бештар барқарории муносиботи тиҷорӣ буд, то низомӣ.

Ин нома аз қадимитарин номаҳои мӯҳрдор аст, ки дар Осиёи Сағир ва 12 рӯз пас аз шикасти таърихии усмониҳо ва асорати Султон Боязид нигошта шудааст.

Инак, матни ин нома:

Амири Кабир, Темури Кургон, зида иззуҳу

Малики райи Дефронсо

Сад ҳазор салому орзумандӣ аз ин муҳҳиби худ бо ҷаҳоне арзмандии бисёр!

Баъд аз таблиғи адъия, ройи олии он Амири Кабирро намуда мешавад, ки Франскиси таълимдеҳ бад-ин тараф расид ва макотиби маликро овард ва некномӣ ва азамату бузургвории он Амири Кабирро арза кард. Азим шодмон шудем. Ва низ тақрир кард, ки бо лашкари анбӯҳ равона шуд ба ёрии Борӣ Таъоло ва душманони мову шуморо қаҳру забун кард.

Минбаъд, Ҷуон Морҳисиё Султония ба хидмат фиристода шуд. Вай ба хидмат тақрир кунад ҳар чи воқеъ шавад.

Акнун таваққӯъ аз он Амири Кабир дорем, (ки) доиман макотиби ҳумоюн фиристода шавад ва саломатии он Амири Кабир бознамояд, то тасаллии хотир ҳосил ояд.

Дигар мебояд, ки бозаргонони шуморо бад-ин тараф фиристода шавад, ки ҷойгаҳи эшонро муъаззазу мукаррам созем; ва низ бозаргонони мо бад-он тараф руҷӯъ созанд, эшонро низ муъаззазу мукаррам созанд ва бар эшон касе зӯру зиёдатӣ накунад; зеро дунё ба бозаргонон ободон аст… Давлат бод дар комронии бисёр! Вассалом.

Таҳрир фи муҳаррамил-мукаррам, санату хамса ва самонамиа алҳиҷрия.

(Мӯҳри Темур)

Манбаъ: Мирҷаъфарӣ Ҳусайн, Таърихи Темуриён, с. 187, (интишор дар 1375 шамсӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: