Перейти к содержимому

Бояд фалсафаро ба миёни мардум бурд

Ёддошти Яҳё Ясрибӣ, файласуф ва андешаманди эронӣ

Яҳё Ясрибӣ, устоди фалсафа ва каломи исломӣ дар Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ. Пажӯҳишҳои ӯ дар ҳавзаи нақди фалсафаи исломӣ ва ирфони исломӣ дорои ҷойгоҳи вежае аст. Унвонҳои бахше аз китобҳои вай иборатанд аз: “Ирфони амалӣ дар ислом”, “Ирфони назарӣ”, “Фалсафаи ирфон”, “Тарҷумаи илоҳиёти наҷоти Ибни Сино бо муқаддима ва таълиқот”, “Мафоҳими фалсафӣ дар адабиёти форсӣ”, “Моҷарои ғамангези равшанфикрӣ дар Эрон”, “Худкомагӣ ва фарҳанг”, “Фалсафаи машшоъ”, “Ҳикмати ишроқи Суҳравардӣ”, “Аёри нақд”, “Ҳикмати мутаолия” (Баррасӣ ва нақди ҳикмати Садрулмутааллиҳин), “Таърихи таҳлилӣ-интиқодии фалсафаи исломӣ”, “Забонаи Шамс ва забони Мавлавӣ”, “Пажӯҳише дар нисбати дин ва ирфон”, “Қаландар ва қалъа” (Достони зиндагии Суҳравардӣ), “Аз яқин то яқин”, “Салиб ва салобат” (Достони зиндагонии Ҳаллоҷ, орифи бузурги қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ).

Броён Меги (Bryan Magee), файласуфи ангилисӣ, ки 89 сол дар ин ҷаҳон зист, барои ман аз як ҷиҳат бисёр қобили таҳсин аст, ва он ин ки: ба иқрори аҳли назар, вай тамоми ҳиммати худро бар ин гузошт, ки фалсафаро ба миёни мардум бибарад, на ин ки назариёте ироа кунад ва ё назариёти дигари файласуфонро ба мардум биёмӯзад.

Дар чанд қарни ахир, иддае дар мағрибзамин талошҳое бо ин ҳадаф доштаанд, аз ҷумла асҳоби доиратулмаориф, аммо дар машриқзамин, ба хусус дар ҷаҳони ислом, чунин талоше чунон ки бояду шояд анҷом нагирифтааст. Дар инҷо нахустин суоле, ки матраҳ мешавад он аст, ки оё фалсафа дар давраҳои гузашта дар миёни мардум набудааст? Чаро? Ва суоли дигар он ки чаро файласуфони мағрибзамин талош кардаанд фалсафаро ба миёни мардум бибаранд?

Посухи суоли аввал ин аст, ки: хайр, на танҳо фалсафа дар миёни мардум набуд, ки ҳатто гоҳе номи он низ дар миёни мардум набуд. Ва ин амр се далел дошт: яке, далели иҷтимоӣ, дигаре, чистии фалсафа ва севвумӣ, далели динӣ.

Дар ибтидо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки манзури ман аз фалсафа, чизҳое нест, ки бархе файласуфон дар гузашта баён кардаанд ва мо имрӯз бояд бар рӯи онҳо таъассуб дошта бошем ва танҳо ба онҳо бипардозем. Балки манзури ман аз фалсафа, талоши ҳар инсон барои фаҳми дурусти худ ва ҷаҳон мебошад.

Далели иҷтимоии адами ҳузури фалсафа дар миёни мардум ин буд, ки дар гузашта аксарияти қариб ба иттифоқи мардум бесавод буда ва шароити сахте барои зиндагӣ доштанд. Дар натиҷа ҳеч кадоми онон барои фаҳми ҷаҳон талош намекарданд.

Далели дуввум ба моҳияти фалсафа бармегашт. Фалсафа донише буд, ки мехост бо ақлу фаҳми инсон ҳамаи ҷаҳонро бифаҳмад. Ба қавли бархе файласуфони мусалмон, зеҳни файласуф баробар бо ҷаҳон бошад ва ҳама чизи ҷаҳон дар зеҳни ӯ бошад ва онро бифаҳмад. Чунин амре мумкин набуд.

Далели севвум, марбут ба мактабҳо ва адёни ғайриақлонӣ аст. Мактабҳое чун ирфон ва адёни таҳрифшудае чун масеҳият, ақлро тахтиъа мекунанд. Барои мисол, Мавлавӣ мегӯяд, ки тамоми дониши башарӣ дониши охурсозӣ аст, ки лоиқи гову шутур аст ва мо бояд аз ин донишҳо даст бардорем ва ё амсоли Ғаззолӣ ва Огустин ҳатто иҷозаи мутолеаи онро намедоданд. Аз ин рӯ, алоқае ба фаҳми мардуми оддӣ аз ҷаҳон надоштанд.

Ба ҳамин далел буд, ки то муддатҳо бисёре гумон мекарданд, ки фалсафа дониши мағруре аст, ки дар бурҷи оҷ сокин аст ва ҳаргиз ба миёни мардум намеояд. Дар ҳоле, ки чунин нест. Фалсафа қудрати андешидан аст ва онон, ки фалсафаро сокини бурҷи оҷ кардаанд, онро мунзавӣ карда, аз мардум дур сохтаанд.

Ва аммо посухи суоли дуввум, ки чаро файласуфон талош кардаанд фалсафаро ба миёни мардум бибаранд, ин аст, ки чунин талоше чанд далел дорад:

1) Савод дар миёни мардум ривоҷ ёфтааст ва теъдоди афроде, ки имрӯза фикр мекунанд ва мехонанд, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст;

2) Имрӯза фалсафа муддаӣ нест, ки як файласуф ҷаҳонро ба танҳоӣ мефаҳмад. Дар асри ҷадид, садҳо ва ҳазорон донишманд барои фаҳми ҷаҳон ба файласуфон кӯмак мекунанд ва дастовардҳои худро ба онон ироа менамоянд;

3) Дар шароите, ки ақлоният таъйид мешавад ва донишҳо пешрафт мекунанд, ҳатман инсонҳо бояд битавонанд дар баробари таҳоҷум ва васвасаҳои макотиби ғайри ақлонӣ муқовимат карда ва талош кунанд бидуни тақлид аз дигарон, ҷаҳонро бифаҳманд.

Умедворам ҳар чи бештар хирадварзӣ ва андеша ва рушди фикрӣ ва зеҳнӣ дар ҷомеаи мо тарвиҷ гардад.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: