Перейти к содержимому

Қирғизҳо чӣ мехоҳанд аз мо?!

Ёддошти Хайриддин Абдулло, масъули Кумитаи фарҳангии муҳоҷирон дар Русия

Солҳои охир зуд-зуд шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба мо ҳамсарҳаданд, чӣ шаҳрвандон ва чӣ марзбононаш қонуншиканӣ намуда, даст ба ҷиноят мезананд. Чуноне, ки дида мешавад 22 июли соли равон нисфи шаб аз сӯйи марзбонони қирғиз ҳамла ба сӯйи марзбонон ва сокинони мо дар Ворух карда як нафарро ба ҳалокат расониданд ва даҳҳо тан сокинонамонро захмӣ ва маҷрӯҳ карданд.
Як сол пеш низ шоҳиди чунин воқеа будем, ки шаҳрвандони қирғиз бо рафтори хунсардона вориди марз шуда аз дасти сарбоз ва марзбони мо яроқро гирифта латукӯбаш намуданд.

Марзбонони мо бошанд ба ҷуз зораву илтиҷо, ки ором шавед гуфта ҳеҷ дифоъе аз ҳамхизмати худ накарданд. Ин воқеъа ҳамаи мардуми моро ба ғазаб оварда буд ва то ба имрӯз мардуми бонангу номуси тоҷик аз дидани ин саҳна бахуд наомада буданд, ки боз дафъаи дуюм қирғизҳо саҳнаи дигарро ба роҳ монданд. Аммо ин дафъа мардум умедашонро аз марзбонони тарсу ва ноуҳдабарои худ барканда худашон ба пой истода бо сангу чубу кулух қирғизҳоро аз марзу буму хоки кишвари азизамон берун карданд.

Ёдам ҳаст, ки як чанд сол пеш ҳам ин даъвоҳоро бо мо карда буданд ва раиси кишварашон ба мардуми худаш насиҳаткунон гуфта буд, ки “Тоҷикон барои мо тағо ҳисоб мешаванд” гуфта каме пеши роҳи иғвогарони сиёсиву мардумиашонро гирифта буд.

Қирғизҳо рафторе, ки имрӯз бо мо мекунад бо узбак айнан ҳамин рафторро карда буд ва Каримов дастур дод, ки ҳар ки наздики марз мешавад, парронда шавад ва чунин ҳам кард ва инчунин девори симхориашро якчанд табақа зиёд намуд. Лек мо бошем чӣ? Чор сарбози тарсуи аз хонаашон, ки аз зери домони модараш базур кашидаовардаро гузоштему худ аз дур тамошо мекунем. Мардуми қирғиз бошад омодаи танку тупашро ворид намудан ба сарзамини мост.

Куҷоянд марзбонони тоҷик? Оё магар марзбон танҳо ҳамон чаҳор сарбози базур овардашуда? Не, не чунин нест. Марзбонони ҳақиқи сиёсатмадорон, қаламбадастон, шоирон, сарояндагонон, варзишгаронанд, ки инҳо мисли уқоб бояд аз боло назорат кунанд ва ҳар гоҳ, ки мушеро бубинад ки вориди минтақаашон мешавад, дарҳол ҳамлакунон гиранд.

Дониста бошем, ки миллати тарсу, беғайрат, беномус, бегонапарасти худкуш ва ноиттифоқро сарзамин, хат, забон, торих, фарҳанг ва тамоми дороияшро мегиранд. Дар асл ҳам магар чунин нестем мо? Бешак ҳастем. Агар нестем ку сарзамини куҳани азизамон Бухорову Самарқанд, Балху Хоразм, Ишқободу Ҷалолобод … кунун куҷосту дар шиками кадом давлатҳои навбунёдгашта фуру рафтааст? Хатти зебои торихии ниёконамон куҷост? Номи забони куҳанамон, ки порсӣ ё форсӣ аст куҷост? Давлати бузурги Сомониён аз дасти кӣ нобуд гашт? Аз Рӯдакӣ то Лоиқ аз дасти кӣ фарёд зад, ки то кунун нолаашон дар забонҳои ҳар порсизабон дар такрор аст? Осимиро кӣ кушт? Ё агар аз душмании нажоде, ки бо мо дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд гӯем, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳрҳои Регар ё Турсунзода… ҷавондухтарон ва занҳои тоҷик, ки таҷовуз карда мешуданд, аз суйи кадом нажод буд?

Ин ҳама то ба ҳол барои мо дар ҳақиқат дарс нашудааст. Ҳатто қобили фаҳми ин ҳамаро надорем куҷо расад ба дифоъ аз ҳамаи инҳо.

Хитоиҳо, ки вориди сарзамини мо Бадахшон шаванд мо гуем онҷо Помир аст. Қирғизҳо, ки вориди Ворух шаванд гуем онҷо Суғдиҳоянд. Толибон, ки вориди Тавилдара шаванд гуем онҷо ҷойи кулобиҳост. Хулоса то ба ҳол мо дар дохили кишвари худ миллат нашудем, пас чи гуна душман аз мо тарсад. Ё пас аз куҷо мо тавонем қабул кунем, ки дар кишвари Узбакистон тайи 14 милион тоҷики порсигу дорем. Дар кишвари Афғонистон беш аз 25 милён тоҷики дари гуем. Дар Қирғизистон бошад 15 % шаҳрвандонаш тоҷиканд. Инҳоро танҳо он фарзанде мефаҳмад дарк мекунад, ки аз пистони модар ва падари ориёнажоди тоҷик шир хурда ва ҳаворо аз Шоҳнома нафас кашида бошад.

Танҳо чунин фарзанд метавонад дар ҳар гушаи дунё, ки набошад ҳамчун сипар сарзамин ва фарҳангу нажоди худро ҳимоягар шавад.

Дар охир инро гуфтаниям, ки масъалаи марзиро бояд ҳукумат камари худро баста ҳал кунад ва агар гапаш нагузараду писандаш накунанд пас мутмаин бошад, ки миллат дар бараш ҳаст ва боуст, чигуна, ки фарзанди точик Фирдавсии бузург мефармояд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душманд диҳем.

Инчунин он заминҳое ки ҳамчун чарогоҳ ҳукумати қирғиз дар муддати 40 сола аз мо иҷора гирифта буданд, ки ба ҷойи чарогоҳ ин чодарнишинҳо ин подабонҳо хона сохтанду акнун аз худ кардаанд, мудати иҷораашон ба поён расид ҳукумат бояд дубора баргардонда ба миллат диҳад. Танҳо онгоҳ масъалаи марзи то ба охир ба поён мерасад.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: