Перейти к содержимому

Зайд Саидов ва Ондерс Брувик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, ниҳоде мавсум ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон, дар сомонаи худ гузорише мунташир карда муддаӣ шуд, ки ҳудуди як моҳ пеш (26 июн) бо зиндонии сиёсӣ, Зайд Саидов — вазири асбақи саноат ва поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки дар зиндони Ваҳдат (маъруф ба “Кирпичный”) қарор дорад, дидору гуфтугӯ ба амал овардааст.

Тибқи гузориши ин ниҳод, Зайд Саидов мошоаллоҳ ҳеч мушкиле надорад; “озод роҳ меравад, бе мушкил менишинад, бо итминон рафтор мекунад, нишонаҳои зоҳирии зӯроварӣ (ҷароҳат, кабудии бадан) дар ӯ дида намешавад”, “шикояти махсусе аз саломатиаш надорад”, “хабар дар бораи маҷрӯҳ шуданаш ҳангоми исёнро тасдиқ намекунад” ва ҳеч шикояте ҳам “аз шароити нигоҳдорӣ надорад” ва изҳор мекунад, ки “муносибат бо ӯ хуб аст, фишоре нест” ва “шароит дар ин муассиса бисёр қаноатбахш аст, ошхона ва ҳоҷатхонаи нав сохтаанд” ва ҳоказо… Хулоса, Зайд Саидов сари ҳол аст ва вазъаш хеле олӣ ва идеол.

Мақомот аз тариқи гузориши ин ниҳод, ба забони безабонӣ ин паёмро мехоҳанд бирасонанд, ки тамоми шикоятҳое, ки то кунун аз сӯи хонаводаи Зайд ва ё аз сӯи созмонҳо ва Афви байналмилал шудааст мабнӣ бар ин ки бо Зайд Саидов бархӯрдҳои ғайриинсонӣ мешавад ва ӯ мавриди таъзибу шиканҷа қарор мегирад, ҳамаи инҳо кашк аст, дурӯғ аст, воқеият надорад, ва ҳақиқат ҳамин аст, ки мо дорем мегӯем ва гузориш мекунем. Паёми ин гузориш ҳамин аст.

Ҳол, ин гузориш, дуруст дар замоне ироа мешавад, ки аввалан, чанде пеш дар нишасти Женев, интиқодҳои бисёр шадиде ба ҳукумати Тоҷикистон дар робита бо зиндониёни сиёсӣ махсусан Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров шуда буд, ва мақомоти тоҷики ширкаткунанда дар ин нишаст бо пурсишҳое мутаъаддиде аз сӯи коршиносон рӯ ба рӯ шуда ва посухе ҳам надоштанд, ки бидиҳанд. Ва сониян, дар остонаи баргузории навбатии САҲА дар Варшав ироа мешавад, то мақомот дар ин нишаст дасташон, ба истилоҳ, “пур” бошад ва битавонанд аз ин гузориш ба унвони гузориши як ниҳоди “мустақил” баҳра биҷӯянд.

Аммо пурсиши асосӣ ин аст, ки оё ин гузориш метавонад ба дарди онҳо бихӯрад?!

Посух манфист. Чаро? Ҳоло чарояшро арз мекунам, аммо пеш аз он, мақомоти азизи тоҷик иҷоза бидиҳанд, то барояшон чанд ҷумла дар бораи расидагии додгоҳи Нурвеж (Норвегия) ба шикояти Ондерс Брувик (Anders Breivik) — як одамкуши ба тамоми маънои калима ва қотили 77 нафар инсони бегуноҳ, ки бештарашон ҳам кӯдакон буданд, арз бикунам. Албатта, ба ҳеч ваҷҳ дар мақоми қиёси Зайд Саидов бо ин одамкуш нестам. Зайд куҷост ва ин қотил куҷост?! Асосан, дар кишваре мисли Нурвеж, касеро ба хотири дидгоҳҳои сиёсиаш ба зиндон намеандозанд ҳамон тавр ки дар Тоҷикистон Зайдро ба далели мавозеъи сиёсиаш зиндонӣ кардаанд. Балки ҳадафам ин аст, ки то нишон бидиҳам, вақте як нафар зиндонӣ – тоза, он ҳам як одамкуш – шикоят мекунад, ки бо ӯ дар зиндон бархӯрди ғайринсонӣ мешавад, ба шикояти вай чӣ гуна расидагӣ мешавад; оё бо ироаи як гузориши холӣ ва бо навиштани чанд ҷумла, ки масалан ӯ ҳеч мушкиле надорад ва “озод роҳ меравад, бе мушкил менишинад, бо итминон рафтор мекунад” басанда мешавад, ё ин ки аз ӯ ва шароиташ дар зиндон, дар ҳузури хонавода ва вукалояш, тасвирбардорӣ ва филмбардорӣ мешавад ва аз расонаҳо даъват ба амал меояд, то бо ӯ дар камоли озодӣ мусоҳиба кунанд, то дигар ҳеч шоибае боқӣ намонад?

Хуб, гузоришро аз пойгоҳи интернетии Euronews бароятон айнан нақл мекунам:

Додгоҳе дар Нурвеж шикояти Ондерс Брувик, қотили навҷавонони нурвежӣ ва бомбгузори Услуро алайҳи давлат пазируфт ва ба нафъи вай раъй содир кард. Ӯ дар бораи ”рафтори ғайриинсонӣ дар зиндон” ба додгоҳ шикоят кардааст. Ин қотил дар додгоҳ муддаӣ шуд, ки дар зиндон “қурбонии нақзи ҳуқуқи башар” шудааст. Бар асоси раъйи додгоҳ, давлат бояд 331 ҳазор круни нурвеж (муъодили 36 ҳазор евро) ба Брувик пардохт кунад. Қозии додгоҳ эълом кард: “Мамнӯияти рафтори ғайриинсонӣ ва таҳқиромез, баёнгари як арзиши бунёдин дар ҷомеае демукротик аст. Ин арзиш дар рафтор бо теруристҳо ва қотилон низ дар назар гирифта мешавад.”

Тоза, додгоҳ барои итминони хотири хонавода ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, илова ба ин ки иҷоза дод расонаҳо бо Брувик мусоҳиба кунанд, ҳамчунин ба расонаҳо ва вакили ӯ иҷоза дод, то вориди зиндон шаванд ва аз утоқи нигаҳдории Брувик ва шароити ӯ дар зиндон филмбардорӣ кунанд. Ҷое, ки Ондерс Брувик дар зиндон зиндагӣ мекунад, се утоқ дорад, ки муҷаҳҳаз ба интернет ва таҷҳизоти варзишӣ аст. Вай дар зиндон ба китобхона ва солуни варзишӣ ва дигар тафреҳоте, ки моил ба анҷоми он бошад, дастрасӣ дорад.

Инак, чанд тасвир ва видео аз утоқи Брувик ва шароити зиндагии ӯ дар зиндон:

Гуфтанист, Ондерс Брувик рӯзи 22 июли соли 2011 бо бомбгузорӣ дар беруни як сохтмони давлатӣ дар шаҳри Услу, сабаби кушта шудани 8 тан шуд ва сипас бо ҳамлаи мусаллаҳона ба урдуи ҷавонони Ҳизби коргар, 69 тани дигарро кушт. Бештари қурбониён кӯдакон буданд.

Ҳол, пурсише, ки ба мақомоти тоҷик матраҳ аст ин аст: шумо, ки дар остонаи баргузории нишасти САҲА қасд доред барои ҷомеа ва ҷаҳониён собит кунед, ки Зайд Саидов “озод роҳ меравад, бе мушкил менишинад, бо итминон рафтор мекунад, нишонаҳои зоҳирии зӯроварӣ (ҷароҳат, кабудии бадан) дар ӯ дида намешавад”, “шикояти махсусе аз саломатиаш надорад”, “хабар дар бораи маҷрӯҳ шуданаш ҳангоми исёнро тасдиқ намекунад” ва… оё ҳозиред лоақал нисфи – на тамоми — он чи ки додгоҳи Нурвеж дар робита бо Брувик, он одамкуши қотил, анҷом дод, анҷом диҳед?! Агар гуфтаҳои шумо, ки дар ин гузориш омадааст рост ва шумо дар ин иддао содиқ бошед, пас бисмиллоҳ! Вагарна, бидонед, ин гуна гузоришҳои тухолӣ, чӣ аз сӯи “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа” бошад ва ё аз сӯи Омбудсмени қуллобиатон, ба дарди аммаатон ҳам намехӯрад, балки мояи тамасхури шумо дар маҷомеи байналмилалӣ хоҳад гардид.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: