Перейти к содержимому

Кумитеи забони Тоҷикистон ғалат мекунад!

Тавсияи ман ба ин кумите ин аст, ки агар ҳадафаш эҳёи фасоҳат ва балоғати забон аст, пас бояд ба ҳамон равишҳои суннатии забони мо такя кунад, ба қавоъиди мавҷуди забон такя кунад, на ин ки биёяд қавоъиди тоза ва ғалате эҷод кунад ё аз забонҳои дигар купибозӣ кунад ва бо тасмимоти нобихрадона ва лаҷуҷона ба забон осеб занад! Агар наметавонед ба забон кумаке кунед, саъй кунед ба он осеб назанед! Ин коре, ки шумо мекунад, хидмати хирсона ва хиёнат ба забон аст!

Ёддошти Исфандиёри Одина

Нивишти ҳама гуна номҳо ба тақлид аз русӣ, ки ин кумите таблиғ мекунад ва мехоҳад ба он расмият бахшад, иқдоме дар ростои тахриби забони порсӣ дар Тоҷикистон аст! Яъне ин кумитеи бесалоҳият ба ҷои такя ба қавоъиди забони порсӣ, ки тайи садсолаҳо ривоҷ дорад, қавоъиди як забони хориҷиро мехоҳад бар забони мо таҳмил кунад!

Тибқи қоъида, ҳар номи русие, ки ҳарфи А дорад, дар забони мо ин А табдил ба О (ин ъаломат дар хатти порсӣ муъодили алифи мамдуда аст!) мешавад ва баръакс, ҳар чи дар забони мо алифи мамдуда дорад, дар забони русӣ ин алифи мамдуда бо ъаломаи А нивишта мешавад.

Аз ин ҷо мо «машина» ва «стакан»-и русиро дар забони худамон ба гунаи «мошин» ва «истакон» менивисем ва талаффуз мекунем. Ва ба ҳамин далел русҳо Помири моро «Памир» ва Ҳофизро «Хафиз» менивисанд. Ъиллаташ ин аст, ки алифи мамдудаи порсӣ дар забони русӣ баробари А аст. Ъаломати О дар забони русӣ муъодили замма ё вови маҷҳули порсӣ аст.

Албатта ин қоъида дар мавриди тамомии забонҳои исловӣ, ки ба хатти сириллик менигоранд, ва дар мавриди тамомии забонҳои урупоӣ, ки ба хатти лотин менигоранд, сидқ мекунад. Ъаломати О дар забонҳои урупоӣ муъодили замма ва ё дар мавориде вови маҷҳули порсӣ аст, на алифи мамдуда! Аз ҳамин ҷост, ки русҳо ба Суғд Согд ва ба Хуҷанд «Ходжент» мегӯянд ва менивисанд!

Агар Кумитеи забони Тоҷикистон дарвоқеъ ҳайъате аз забоншиносони воқеъӣ ва мутхассис дошт, қабл аз ин тасмимҳои нобихрадона ва мухарриби забон ва гумроҳкунандаи мардум ба пешинаи торихии номҳои хориҷӣ дар забони мо таваҷҷуҳ мекард. Ва аз худаш суол мекард, ки чиро мо ҳамеша ба Платон «Афлотун» гуфтаем, ва ба Гален «Ҷолинус», ва ба Сократ «Суқрот» ва ба савон «собун», ва ба абоне «обуне»!

Ё як мартаба мерафт дар осорхонаи миллии Тоҷикистон медид, ки дар хуме бозмонда аз Балхи бостон номи Суҳроб ба хатти юнонии балхӣ чиро ба шакли «СОРХАБ» нивишта шудааст! Чиро ки аз ҳамон даврони қадим мардум хуб балад буданд, ки О дар алифбои юнонӣ баробари замма ё вови маҷҳул дар забонҳои эронӣ аст ва А дар забони юнонӣ баробари алифи мамдуда дар забонҳои эронӣ!

Бесалоҳиятии ин кумите боз бештар барҷаста мешавад, вақте ки ин кумите мехоҳад дар забонҳои дигар ҳам дахолат кунад ва масалан онҳоро водор кунад, ки номҳои ҷуғрофиёии Тоҷикистонро ба гунаи ҒАЛАТЕ, ки ин кумите бо бесаводӣ мехоҳад роиҷ кунад, бинвисанд. Яъне мехоҳад ба хориҷиҳо бигӯяд, ки масалан ба ҷои Таджикистан ва Tajikistan Тоджикистон ва Tojikiston бинвисанд.

Дар натиҷа минбаъд русҳо ву инглисҳо ба мо на «тоҷик» балки «туджик» ва «туҷик» хоҳанд гуфт, яъне ин кумитеи бесаводҳо тоҷикро ба «тузик» бадал хоҳад кард, ҳамон тур ки то кунун Равшану Ҷамшедро ба Рафшану Джамшуд бадал кардааст! Ҳамон тур ки ҳоло ба пули миллии Тоҷикистон «сумунӣ» мегӯянд, чиро ки мақомоти бесаводи ин кишвар онро дар забонҳои инглисӣ ва русӣ ҳам ба гунаҳои «somoni» ва «сомони» нивиштаанд!

Ва ин тарзи нивишти ғалат иртиботи ин ном бо номи сулолаи Сомониёнро, ки дар ҳамаи забонҳои дунё ба шакли «Саманиды» ва «Samanid» маълуму машҳур аст, бакуллӣ аз миён бурда ва касе намедонад ин номи ъаҷибу ғариби «сумуни» аз куҷо омадааст! Дар зимн, ин ном (Samanid) монанди номҳои Ҳофизу (Hafez) Синову (Avicenna) Фирдавсию (Ferdowsi) Низомию (Nezami) Мавлонову (Movlana) Хайём (Khayyam) садаҳо қабл аз ин ки ин кумитеи бесалоҳият таъсис ёбаду ба тахриби забони миллӣ даст ёзад, дар забонҳои ғайр роиҷ ва маълуму машҳур будааст!

Тавсияи ман ба ин кумите ин аст, ки агар ҳадафаш эҳёи фасоҳат ва балоғати забон аст, пас бояд ба ҳамон равишҳои суннатии забони мо такя кунад, ба қавоъиди мавҷуди забон такя кунад, на ин ки биёяд қавоъиди тоза ва ғалате эҷод кунад ё аз забонҳои дигар купибозӣ кунад ва бо тасмимоти нобихрадона ва лаҷуҷона ба забон осеб занад! Агар наметавонед ба забон кумаке кунед, саъй кунед ба он осеб назанед! Ин коре, ки шумо мекунад, хидмати хирсона ва хиёнат ба забон аст!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: