Перейти к содержимому

Иртиботи “мантиқӣ”-и эъломи дороиҳои мақомот ва “сатҳи тафаккури ҷомеа”

Корикотур баргирифта аз сойти «БгиДега»

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гоҳе мақомоти Тоҷикистон изҳори назарҳое мекунанд, ки одам фикр мекунад инҳо ё воқеан намефаҳманд ва намедонанд чӣ мегӯянд ё ин ки аҳли фаҳманд, аммо гумон мекунанд дигарон ҳама нафаҳму кавдананд ва намефаҳманд. Одам, ба хусус як масъул, вақте мехоҳад чизе ба забон биёварад, аввал дар мавриди ҳар ҷумла ва ҳатто ҳар калимае, ки аз забонаш берун меояд, андаке бояд фикр кунад, ки ӯ чӣ мегӯяд!

Ҷумъа Давлатзода, раиси Ожонси хадамоти давлатии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ду се рӯз пеш, вақте аз ӯ дар бораи эъломи дороиҳои мақомот ва кормандони давлатӣ суол шуд, ӯ бо баёни ин ки “феълан ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули ин омода нест”, гуфт: “Ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем.”

Иҷоза бифармоед, яке ду нукта дар хусуси ин изҳори назари ҷаноби Давлатзода ёдовар бишавам:

1) Аввалан, ин як тавҳину таҳқир аст, таҳқири як миллат аст. Бовар кунед, барои як миллат ва ҷомеа тавҳине бадтару зишттар аз ин нест, ки мудом ба ту бигӯянд, сатҳи ту ҳанӯз поин аст, ту ҳанӯз ба он сатҳ нарасидаӣ, ки бароят ин ё он масъала бозгӯ бишавад, ту намефаҳмӣ, сатҳи ту ҳанӯз ба сатҳи масалан урупоиҳо ё ғарбиҳо нарасида ва ҳоказо…

Асосан, равоншиносон (ба хусус равоншиносони кӯдак) таъкиди фаровон бар ин нукта доранд, ки муҳимтарин омил дар шакл додани шахсияти инсон, ин “талқин” аст. Онҳо тавсия мекунанд, агар шумо бихоҳед фарзандатон масалан шахсият пайдо кунад ва битавонад дар зиндагӣ рӯи пои худ биистад, аз кӯдакӣ барояш мудом “талқин” кунед, ки ӯ “метавонад”, ӯ болиёқат аст, ӯ боистеъдод аст, ӯ ҳама чизро “мефаҳмад”, ҳеч чизе нест, ки ӯ нафаҳмад!

Ва дар муқобил, ба шиддат аз ин ки ба фарзандатон бигӯед, ту “намефаҳмӣ” равоншиносон наҳй мекунанд. Аз назари онҳо, агар ба як кӯдак аз хурдсолиаш талқин шавад, ки ту намефаҳмӣ, ту ҳанӯз хурд ҳастӣ, калон шав баъд хоҳӣ фаҳмид, ин кӯдак вақте калон ҳам, ки бишавад, ба ҳеч ҷое нахоҳад расид. Ба хусус аз манъи кӯдак аз сухан гуфтан дар ҷамъ, набояд ҷилавгирӣ шавад ва ба даҳонаш зад, ки ту “ҷим шин!” Таҷриба ҳам нишон додааст, афроде, ки тавони сухан гуфтан ва ба забон овардани се-чаҳор ҷумларо дар миёни ҷамъ надоранд, онҳо касонеанд, ки дар синини кӯдакӣ падару модаронашон ҳамеша онҳоро аз сухан гуфтан дар миёни бузургсолон манъ кардаанд. Ва ё афроде, ки ҳатто дар замони пирӣ фикр мекунанд ҳанӯз намефаҳманд ва дигарон аз онҳо беҳтар мефаҳманд ва онҳо ҳанӯз “кӯдаканд”, инҳо касонеанд, ки аз кӯдакӣ ба онҳо “талқин” шуда, ки сатҳи ту ҳанӯз ба онҷоҳо нарасида, ки ин масоилро дарк кунӣ!

Намедонам, мақомоти Тоҷикистон ба ин масоил огоҳанд ё на, ки агар мутталеъ нестанд, лутфан ба ин масоили пешипоуфтода дар равоншиносӣ огоҳӣ пайдо кунанд ва дигар даст бардоранд аз ин ки мудом хитоб ба ҷомеа бигӯянд, сатҳи шумо ҳанӯз поин аст! Ин “талқинҳо” таъсироти бисёр манфӣ рӯи шахсияти афроди ҷомеа мегузорад. На танҳо ҷаноби Давлатзода, балки тамоми мақомоти давлатӣ ба хусус раисиҷумҳур. Зеро бисёре аз онҳо мутааассифона чунинанд.

2) Нуктаи дуввум ин ки: ман намефаҳмам, расидан ба сатҳи ғарбиҳо, мантиқан чӣ иртиботе бо эъломи дороиҳо дорад?! Воқен, ба лиҳози мантиқӣ, ин иртибот бароям норавшан аст. Ҳоло иҷоза бифармоед, “истидол”-и ҷаноби Давлатзодаро дар шакли як гузораи мантиқӣ баён бидорам.

Масъала аз ду ҳолат хориҷ нест:

а) Ё ин аст, ки дороиҳои мақомоти тоҷик беш аз он андоза аст, ки барои ҷомеа қобили ҳазм бошад ва чаро чунин аст ва барои чӣ тафовути фоҳиш байни дороҳои мақомот бо дороиҳои мардум вуҷуд дорад;

б) Ва ё чунин нест.

Хуб, агар чунин набошад, яъне дороиҳои мақомот бо дороиҳо ва даромади мардум чандон тафовути фоҳиш надошта бошад, дар ин сурат, ҷомеа сатҳаш чӣ “ғарбӣ” бошад ва чӣ “қуруни вустоӣ”, эълонаш чӣ ишколе метавонад дошта бошад?!

Аммо агар ин тафовут вуҷуд дошта ва барои ҷомеа қобили пазириш набошад, дар ин сурат, суол аз ҷаноби Давлатзода ин аст, ки оё ба назари шумо, дар ҷомеаҳои ғарбӣ ва урупоӣ вақте бифаҳманд дороиҳои мақомоташон беш аз миқдори мутаъораф аст ва бо даромадҳои мардуми оддӣ тафовути зиёд дорад, вақте инро бифаҳманд, оё чизе намегӯянд?! Яъне, чун сатҳашон “болост”, дигар чизе намегӯянд ва сукут мекунанд?!

Зоҳиран, қазия барои ҷаноби Давлатзода халт шуда. Зеро, қазия дуруст баръакс аст. Яъне, ин дар ҷомеаҳои ғарбӣ аст, ки вақте бифаҳманд дороиҳои мақомоти давлатӣ (на сарватмандону бозаргонҳои ҷомеа, балки мақомоти давлатӣ) беш аз миқдори мутаъораф аст, дар ин сурат, мардум дар ин ҷавомеъ падари он мақомотро дармеоваранд, на ин ки сукут кунанд. Бар хилофи ҷомеаҳое, ки низоми ҳукумат дар онҳо диктотурӣ аст мисли Тоҷикистон. Дар ҷомеаҳои ғарбӣ, дороиҳо як тараф, болотар аз он, як мақоми давлатӣ ҳатто он замон ки аз телефони ҷойи кораш барои сӯҳбатҳои хусусии худ бо зану фарзандаш истифода кунад, кори ӯро ба додгоҳ мекашонанд ва ӯро аз мақомаш барканор мекунанд. Дар ҷомеаҳое, ки низоми ҳукумат дар онҳо диктотурӣ аст, қазия дуруст баръакс аст, зеро барои мардум ҳатто эълон шавад ва бифаҳманд, ки дороии фалон вазир ҳазор баробари даромади як корманди оддист, ҳеч чиз нахоҳад шуд, чаро ки фазо фазои хафақон аст. Ва балки дар инчунин ҷавомеъе афроде ҳам пайдо мешаванд, ки ҳарфашон ҷуз ин нест, ки “Худо додааст, бо Худодода набояд ситезид!”

3) Нуктаи севвум ва ахир он ки: вақте мақомот дар ҳар масъалае бигӯянд, ҳанӯз сатҳи мо поин аст ва бояд ба сатҳи ғарбиҳо бирасем, ин ҳарф бемаънитарини ҳарфҳост. Зеро, манзурашон кадом “сатҳ” аст?! Оё сатҳи онҳо дар як бурҳа аз замон, масалан 50 соли пеш аст? Ё сатҳи онҳо дар ҳар “лаҳза аз замон”?! Кадомин? Агар мурод, сатҳи онҳо дар 50 соли пеш бошад масалан, фикр мекунам алъон Тоҷикистон қариб ба ҳамон сатҳ аст. Аммо агар мурод, сатҳи онҳо дар ҳар “лазҳа аз замон” бошад, дар ин сурат, ҳамон тавр ки мо дорем ҳаракат мекунем (агар воқеан ҳаракат мекунем), онҳо ҳам ҳаракат мекунанд; онҳо, ки дар як нуқта наистодаанд! Агар мо масалан 50 соли дигар ба сатҳе бирасем, ки онҳо имрӯз дар он ҳастанд, хуб, 50 соли дигар онҳо дар як сатҳе дигар қарор доранд. Бо ин ҳисоб, ҳамеша метавон баҳона овард ва якчунин “истидлол”-и бемаънӣ кард, мо ҳанӯз ба сатҳи онҳо нарасидаем ва бояд бирасем! То қиёмат метавон чунин гуфт.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: