Перейти к содержимому

Тромп: “Омрико ДОЪИШ-ро ба Урупо хоҳад фиристод”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дирӯз (панҷшанбе, 1 август) кишварҳои урупоиро таҳдид кард, ки дар сурати адами иҷрои ӯҳдадориҳои худ барои таҳвил гирифтани 2500 доъишӣ, ки дар Сурия ва Ироқ дастгир шудаанд, Вошингтун онҳоро озод хоҳад кард ва ба Урупо хоҳад фиристод.

Раисиҷумҳури Омрико пеш аз ин борҳо аз он чи ба бовари ӯ, “бемайлии кишварҳои урупоӣ барои таҳвил гирифтани теруристҳои дастгиршуда дар Ироқ ва Сурия” ва муҳокимаи онҳост интиқод кардааст. Ӯ дирӯз бори дигар Урупоро дар ҳамин замина таҳдид кард.

Раисиҷумҳури Омрико, ки қабл аз азимат ба Уҳою дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо 2500 пайкорҷӯи ДОЪИШ дорем, ки мехоҳем Урупо таҳвил бигирад, чун онҳо мехостанд ба Урупо, яъне ба дохили Фаронса, ба дохили Олмон ва маконҳои мухталиф баргарданд.”

Вай дар идома гуфт: “Мо ҳазорон пайкорҷӯи доъишӣ дорем, ки мехоҳем Урупо онҳоро таҳвил бигирад ва сабр мекунем бибинем таҳвил мегиранд ё на. Агар таҳвилашон нагиранд, эҳтимолан маҷбур мешавем озодашон кунем.”

Ин нахустин бор нест, ки Тромп аз кишварҳои урупоӣ хоста шаҳрвандони худашон, ки барои ҷанг дар саффи ДОЪИШ ба Ироқ ва Сурия сафар карда будандро таҳвил бигирад.

Ӯ моҳи феврал дар твиттераш аз Фаронса, Олмон, Ангилис ва соири кишварҳои урупоӣ хоста буд “800 пайкорҷӯи ДОЪИШ”, ки тавассути Омрико дар Сурия дастгир шудаандро таҳвил гирифта ва муҳокима кунанд.

Тромп дар он твитт ҳам таҳдид карда буд, ки агар ин теруристҳо таҳвил гирифта нашаванд, Омрико онҳоро озод хоҳад кард. Ин твитти таҳдидомези Тромп дар он замон бо вокуниши манфии кишварҳои урупоӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Оморҳои мухталифе дар бораи шумори нерӯҳои хориҷие, ки барои ҷанг ба Ироқ ва Сурия рафтаанд ироа шудааст. Вазорати хориҷаи Омрико июни соли 2016 эълом кард, ки беш аз 40 ҳазор пайкорҷӯи хориҷӣ аз беш аз 100 кишвари мухталиф барои ҳузур дар ҷанг ба Сурия рафтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: