Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (383)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (4)

* * *

Ҳин, макаш баҳри ҳаво он бори илм,

То шавӣ рокиб ту бар раҳвори илм.

Огоҳ бошу он бори гарони илмро ба хотири ҳавову ҳавас накаш, то ту бар маркаби илм савор шавӣ ва на баръакс.

Нукта: Мавлоно дар баёни илми зоҳирӣ ва ботинӣ гӯяд: “Мафурӯш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ… Баҳона меоварӣ, ки ман худро ба корҳои олӣ сарф мекунам. Улуми фиқҳу ҳикмату мантиқу нуҷуму тиббу ғайра таҳсил мекунам. Охир ин ҳама барои туст. Агар фиқҳ аст, барои он аст, ки то касе аз дасти ту нон нарубояд ва ҷомаатро наканад ва туро накушад, то ту саломат бошӣ. Ва агар нуҷум аст, аҳволи фалаку таъсири он дар замин аз арзониву гаронӣ, амну хавф, ҳама таъаллуқ ба аҳволи ту дорад, ҳам барои туст. Ва агар ситора аст аз саъду наҳс, ба толеъи ту таъаллуқ дорад, ҳам барои барои туст. Чун таъаммул кунӣ, асл, ту бошӣ ва инҳо ҳама фаръи ту.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.15)

То ки бар раҳвори илм ойӣ савор,

Баъд аз он афтад туро аз дӯш бор.

Ҳамин ки бар маркаби илми ҳақиқӣ савор шавӣ ва роҳи Ҳақро бипаймоӣ, пас аз он, бори илм аз дӯшат меафтад ва ту аз заҳмату ранҷи он илм халос хоҳӣ шуд ва ба фавоиди он даст хоҳӣ ёфт.

Аз ҳавоҳо кай раҳӣ бе ҷоми Ҳу?

Эй зи Ҳу қонеъ шуда бо номи Ҳу.

Эй, ки аз ҳақиқати “Ҳува” фақат ба лафзи он қаноъат кардаӣ ва ба лақлақаи лисон иктифо намудаӣ бидуни он ки ҷоми таҷаллии зоти “Аллоҳ”-ро бинӯшӣ! Кай метавонӣ аз каманди ҳавои нафс бираҳӣ? Яъне наметавонӣ бираҳӣ.

Аз сифат в-аз ном чӣ зояд? Хаёл

В-он хаёлаш ҳаст даллоли висол.

Аз сифату ном чӣ чиз ба вуҷуд меояд? Мусалламан хаёл ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, агар касе ин исму сифатро бар забон оварад ва онро зикр кунад, аз ин калимот хаёле ба вуҷуд меояд ва он хаёл моро ба мақсуду маъонӣ мерасонад.

Дидаӣ даллоли бемадлул ҳеч?

То набошад ҷода, набвад ғул ҳеч.

Оё ҳеч далели бидуни мадлул дидаӣ? Надидаӣ! Зеро ҳар далел, лузуман бар мадлуле далолат дорад; чунонки масалан вуҷуди ҷодаҳо ва роҳҳо далолат бар вуҷуди ғул мекунад.

Нукта: Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Ғул дар инҷо мутлақи роҳзан аст.” (Шарҳи асрор, с.83) Зеро роҳзанон дар ҷодаҳо камин мекунанд, то ба корвонҳо ҳамла баранд ва амволашонро тороҷ намоянд. Ва мурод ин аст, ки ҳеч лозиме бидуни малзум нест. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.987-988)

Ҳеч номе бе ҳақиқат дидаӣ?

Ё зи “гоф”-у “лом”-и гул гул чидаӣ?

Оё то ҳоло ҳеч дидаӣ, ки исме фоқиди ҳақиқат бошад? Албаттта, ки надидаӣ. Зеро ҳеч исме бидуни мусаммо ёфт намешавад. Оё, ба таври мисол, аз ду ҳарфи “г” ва “л” метавонӣ гул бичинӣ? Албатта, ки наметавонӣ. Зеро ин калима (гул) аст ва далолат бар воқеияте мекунад, ки дар хориҷ аз зарфи зеҳни мо ва дар боғча вуҷуд дорад.

Исм хондӣ, рав, мусамморо биҷӯ,

Маҳ ба боло дон, на андар оби ҷӯ.

Ҳар гоҳ исмро мехонӣ, масалан номи “Аллоҳ”-ро бар забон меронӣ, фавран дар талаби мусаммои он бош. Алфозу ҳуруф монанди оби ҷӯст ва мусаммо монанди моҳи осмон, ки тасвираш дар алфоз мунъакис мешавад. Пас, он чи ки дар об мебинӣ, акси моҳ аст, на худи моҳ. Агар худи моҳро мехоҳӣ бибинӣ, бояд ҳатман сар ба сӯи осмон баланд кунӣ.

Нукта: Мавлоно дар ин байтҳо ба таври куллӣ ҳамаи зоҳиргароёну суратпарастонро нақд мекунад. Аз он ҷумла аст Авҳадуддини Кирмонӣ, ки шайхи яке аз хонақоҳҳои Бағдод буд. Ӯ ишқи зебочаҳрагону моҳрӯёнро маслаки худ қарор дода буд ва онро василаи найл ба ҷамолу камоли мутлақ мешумурд, чунонки дар рубоъии зайл ин гароиши ӯ равшан мешавад:

З-он менигарам ба чашми сар дар сурат,

Зеро ки зи маънист асар дар сурат.

Ин олами сурат асту мо дар суварем,

Маънӣ натавон дид магар дар сурат.

Шамс рӯзе бо ӯ дидор кард ва аз ӯ пурсид: дар чистӣ? Гуфт: моҳро дар оби ташт мебинам. Шамс гуфт: агар дар гардан думал надорӣ, чаро дар осмон намебинӣ? (Маноқибул-орифин, ҷ.1, с.616-617)

Гар зи ному ҳарф хоҳӣ бигзарӣ,

Пок кун худро зи худ, ҳин яксарӣ.

Агар мехоҳӣ аз ин ҳуруфу номҳо бигзарӣ ва ба олами маъно бирасӣ, бояд вуҷуди худро аз авсофу аҳволи башарӣ ва моддӣ пок кунӣ ва ба авсофи илоҳӣ муттасиф шавӣ.

Ҳамчу оҳан з-оҳане беранг шав,

Дар риёзат ойинай безанг шав.

Дуруст бояд монанди оҳан бошӣ, яъне бояд аз оҳан будан даст бикашӣ ва дар кӯраи риёзат зангори нафсониатро маҳв намоӣ, то ба мақоми ойина бирасӣ. Пас, бояд он қадр бар оҳани вуҷуди худ сайқали сафову вафои илоҳӣ бизанӣ, то оҳани вуҷудат ба куллӣ маҳв шавад ва мубаддал ба ойина гардад ва ҳақоиқу асрорро намудор созад.

Нукта: Дар қадим ойинаро аз лавҳҳои филизӣ месохтанд, бад-ин сурат, ки сафҳаи филизиро он қадр мезудуданд ва сайқал мезаданд, ки софу барроқ мешуд.

Хешро софӣ кун аз авсофи худ,

То бибинӣ зоти поки софи худ.

Дарунатро аз авсофи пасту ахлоқи зишт соф кун, то ба ахлоқи раббонӣ ва авсофи илоҳӣ ороста шавӣ ва он гоҳ зоти поки худро хоҳӣ дид, ва илло то охири умр фарде аз худбегона хоҳӣ буд.

Бинӣ андар дил улуми анбиё,

Бе китобу бе муъиду усто.

Дар он вақт дар даруни худ улуми паёмбаронро хоҳӣ дид, он ҳам бидуни мутолеаи китобу дарсу баҳсу устод.

Муъид: такроркунанда.

Гуфт пайғамбар, ки ҳаст аз умматам,

К-ӯ бувад ҳам гавҳару ҳам ҳимматам.

Ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: аз уммати ман касоне ҳастанд, ки сиришту ҳимматашон монанди сиришту ҳиммати ман аст.

Нукта: Зоҳиран ишора дорад ба ҳадисе, ки мегӯяд:

وددتُ أنِّي لقيتُ إخواني قالَ : فقالَ أصحابُ النَّبيِّ صلَّى اللَّهُ عليهِ وعلى آلِهِ وسلَّمَ أوليسَ نحنُ إخوانَكَ قالَ: بل أنتُم أصحابي ولكنْ إخواني الَّذينَ آمَنوا بي ولم يرَوني

Паёмбар (с) фармуд: “Дӯст доштам бародаронамро бибинам! Асҳоб арз карданд: магар мо бародарони шумо нестем? Фармуд: шумо асҳоби ман ҳастед, вале бародаронам касоне ҳастанд, ки ба ман мегарванд дар ҳоле ки маро надидаанд.” (Ривояти Аҳмад, ҳадисе саҳеҳ)

Мар маро з-он нур бинад ҷонашон,

Ки ман эшонро ҳамебинам бад-он.

Ҷони онон маро аз он нури илоҳӣ мебинад, ки ман ононро бо ҳамон нур мебинам.

Бе Саҳеҳайну аҳодису рувот,

Балки андар машраби оби ҳаёт.

Бе он ки ду китоби Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим ва ақволи ровиёнро хонда бошанд, аз ҷойгоҳи аслии оби ҳаёти ҳақиқату маърифат сероб мешаванд.

Рувот: ҷамъи ровӣ ба маънои ривояткунанда. Машраб: ҷойи ошомидан.

Нукта: Аҳли кашфу завқ ниёзе ба илми сурӣ надоранд, балки ин марҳиларо пушти сар ниҳодаанд ва донистаанд, ки гавҳари ҳақиқатро бояд бо ғаввосӣ дар олами кашфу шуҳуд ба даст овард, на муҷодалоти лафзӣ ва қилу қол. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.990)

Сирри “амсайно лакурдийан” бидон,

Рози “асбаҳно ъаробийан” бихон.

Рози ин матлабро дарк кун: шабонгоҳ курдии бесавод будем, вале бомдодон, ки бархостем, худро донои ба забони араб ёфтем.

Нукта: Ишора аст ба сухане, ки онро аз Сайид Абулвафо медонанд. Ӯ ибтидо курдии бесавод буд ва ҳеч собиқаи илмӣ надошт, вале пас аз ҷазабае маънавӣ ва шӯре дарунӣ, бар хондану навиштан мусаллат шуд. Ҳисомуддини Чалабиро аз наберагони ӯ донистаанд. Аммо асли сухани ӯ ин аст:

أمسيت كرديا وأصبحت عربيا

Шабонгоҳ курдии бемояву фоқиди илм будам ва бомдодон ногаҳон бар забони араб чира гаштам.”

Ин сухан ба сурати зарбулмасал даромада ва урафо, аз он ҷумла Мавлоно, ин масалро дар мавриди асҳоби кашфу шуҳуд ба кор бурдаанд, ки донишу маърифати худро аз тариқи инқилобе дарунӣ ва таҳаввуле руҳӣ ба даст меоваранд, на аз роҳи муҷодалоти лафзӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.990)

В-ар мисоле хоҳӣ аз илми ниҳон,

Қисса гӯ аз румиёну чиниён.

Ва агар мехоҳӣ аз илми ниҳон мисоле дошта бошӣ, достонеро аз румиёну чиниён бозгӯ кун. (Қиссаи румиёну чиниён тамсилест аз асҳоби кашфу шуҳуд ва арбоби муҷодалаву истидлол ва шарҳест бар мазмуни байтҳои пешин).

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: