Перейти к содержимому

Чанд намуна аз калимоти ҷомеъи ҳазрати Паёмбар (с)

Ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳадисе фармудаанд:

اعطیت جوامع الکلم

Ба ман калимоти ҷомеъ дода шуда.”

Ба ин маъно, ки Худо ба ман қудрате додааст, ки бо як сухани кӯтоҳ, як дунё матлаб метавонам бигӯям. Ҳоло чанд намуна аз калимоти ҷомеъи он ҷаноб (с) биёварам:

أصلح النّاس أصلحهم للنّاس

Беҳтарини мардум касе аст, ки барои мардум судмандтар аст.”

اصنع المعروف إلى من هو أهله و إلى غير أهله فإن أصبت أهله أصبت أهله و إن لم تصب أهله كنت أنت أهله

Бо он кас, ки сазовори некӣ аст ва он кас, ки сазовори он нест, некӣ кун; агар некии ту ба аҳли он расид, чӣ беҳтар, вагарна ту худ аҳли он ҳастӣ.”

اطلب العافية لغيرك ترزقها في نفسك

Офиятро барои дигарон бихоҳ, то насиби ту шавад.”

أطيب الكسب عمل الرّجل بيده

Беҳтарини касбҳо он аст, ки мард бо дасти худ кор кунад.”

أعبد اللَّه كأنّك تراه فإن كنت لا تراه فإنّه يراك

Худойро чунон парастиш кун, ки гӯӣ ӯро мебинӣ; агар ту ӯро намебинӣ, ӯ туро мебинад.”

أعدي عدوّك نفسك الّتي بين جنبيك

Хатарноктарин душмани ту нафси туст, ки миёни ду паҳлӯи туст.”

أعدل النّاس من رضى للنّاس ما يرضى لنفسه و كره لهم ما كره لنفسه

Одилтар аз ҳамаи мардум касе аст, ки он чӣ барои худ писандад, барои мардум биписандад, ва он чӣ бар худ раво надорад, бар мардум раво надорад.”

أعقل النّاس أشدّهم مداراة للنّاس

Оқилтар аз ҳама касе аст, ки бо мардум бештар мудоро кунад.”

اعقلها و توكّل

Зонуи шутурро бибанд ва (он гоҳ) таваккул кун.”

أغنى النّاس من لم يكن للحرص أسيرا

Бениёзтар аз ҳама касе аст, ки дар банди оз набошад.”

* * *

Инҳо фақат намунаҳое аз суханони он ҳазрат (с) ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: