Перейти к содержимому

Чаро кишварҳои арабии халиҷи Форс дар ҳоли наздик шудан ба Эрон ҳастанд?

Таҳлиле дар Irdiplomacy

Имрӯз бархе манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, ба таври ҷиддӣ ба фикри гушудани коноли гуфтугӯ бо Эрон аст. Шавоҳиди дигаре низ ҳокӣ аз он аст, ки арабистониҳо дар талошанд, то равобити худро бо Теҳрон ислоҳ кунанд.

Ҳамчунин дирӯз хабаре дар расонаҳо мунташир шуд мабнӣ бар ин ки вазири ҳаҷҷи Арабистон дар дидор бо раиси Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон аз барқарории дубораи умра барои зоирони эронӣ истиқбол карда ва қавл дода, ки мавзӯи роҳандозии намояндагии Эронро шахсан пайгирӣ кунад, то бад-ин тартиб раванди судури раводид барои ҳоҷиёни эронӣ барои азсаргирии умра фароҳам шавад. Метавон гуфт, ки ин хабарҳо нахустин вокуниши мусбат аз ҷониби Арабистон дар таъомул бо Эрон баъд аз муддатҳо тирагии равобит миёни ду кишвар аст.

Баъд аз тавқифи нафткаши ангилисӣ тавассути Эрон, Арабистони Саудӣ билофосила нафткаши Эронро озод кард; нафткаше, ки ба баҳонаҳои воҳӣ назди худ нигаҳ дошта буд.

Чандин манбаи огоҳ ба Irdiplomacy гуфтанд, ки кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс аз Дунолд Тромп ва давлати ӯ тасаввури Ҷурҷ Буши писарро доштанд ва дар сар руъёи рӯёрӯии омрикоиҳо бо Эронро мепарваронданд ва фикр мекарданд, ки ниҳояти рӯёрӯии Эрону Омрико ҷанг хоҳад буд ва фақат бояд мунтазири ҷараққае буд, то ин ҷанг оғоз шавад.

Сарнагунии паҳподи омрикоӣ ин ҷараққаро зад, аммо ҷанге нашуд. Иттифоқе, ки таъаҷҷуби кишварҳои арабиро барангехт. Баъд аз суқути паҳподи омрикоӣ, давлати Омрико, ки пеш аз ин доиман таҳдид мекард, ки “ҳар гуна ҳамла ба манофеи Омрико ва муттаҳидонашро қотеъона посух хоҳад дод”, лаҳни худро тағйир дод ва танҳо таҳдид кард, ки “ҳар гуна ҳамла ба манофеи Омрикоро қотеъона посух хоҳад дод”, ки албатта онро ҳам посух надод.

Аз ин фаротар, Дунолд Тромп аз Эрон ташаккур кард, ки ба ҷойи ҳавопаймои омрикоӣ, ки 55 сарнишин дошт, ин паҳподро, ки сарнишин надошт, сарнагун кард. Ин вокуниш, ҳайрати кишварҳои арабиро барангехт ва онҳоро бар он дошт, то дар сиёсатҳои хасмонаи худ дар баробари Эрон таҷдиди назар кунанд.

Масъала барои кишварҳои арабӣ замоне беш аз пеш мутафовит шуд, ки баъд аз тавқифи нафткаши ангилисӣ тавассути Эрон, омрикоиҳо гуфтанд, ки масъули таъмини амнияти киштии кишварҳои дигар аз ҷумла Ангилис нестанд ва ангилисиҳо худашон ба фикри киштиҳояшон бошанд. Ангилис муҳимтарин муттаҳиди Омрико дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Вақте Омрико чунин адабиётеро дар баробари он ба кор мебарад, ин паёмро ба ҷаҳон мерасонад, ки Омрико барои таъмини амнияти муҳимтарин ҳампаймонаш масъулияте эҳсос намекунад, чӣ бирасад ба кишварҳои арабӣ, ки дар авлавияти дуввуми муттаҳидони Омрико маҳсуб мешаванд.

Дар ин миён ироқиҳо дар коҳиши таниш миёни Эрон бо кишварҳои араби минтақа нақшофаринии муассире карданд. Як манбаи огоҳ мегӯяд, баъд аз ҳодисаи паҳподи омрикоӣ, ироқиҳо аз тарафи Эрон ба кишварҳои минтақа паём фиристоданд, ки дар сурати бурузи ҳар гуна таниши низомӣ миёни Эрон ва Омрико, эрониҳо ҳамаи кишварҳоеро, ки нерӯҳои омрикоӣ дар он ҳузур доранд мутобиқ бо асли 51 маншури Созмони Милал кишвари мутахосим маҳсуб мекунанд ва вокунишашон мутаваҷҷеҳи онҳо низ хоҳад шуд. Дар пайи ин таҳдид буд, ки Кувайт ба Омрико паём фиристод, ки бомбафкани В-52 омрикоиро дар хоки худ намепазирад.

Ин паёмҳои равшанро кишварҳои арабӣ ба хубӣ дарёфтаанд. Аморотиҳо барои коҳиши таниш пешқадам шуданд ва ҳайатҳоеро ба Теҳрон фиристоданд, то равобити ду кишварро ба ҳолати оддӣ баргардонанд. Албатта хуб медонанд, ки эрониҳо чандон ба ҳарфҳои ширини онҳо эътимод надоранд ва агар ҳам дар ҷиҳати ҳалли ихтилофот мутобиқ бо қадами аморотиҳо гом бармедоранд, ҷониби эҳтиётро риоят мекунанд.

Ӯрдуниҳо низ расман паём фиристоданд, ки аз коҳиши таниш бо Эрон истиқбол мекунанд. Мисриҳо низ паём додаанд, “дунболи беҳбуди равобит бо Эрон” ҳастанд. Онҳо дар иқдоме қобили таваҷҷӯҳ, аз эътилофи мавсум ба НАТО-и арабӣ хориҷ шуданд, то ин эътилоф ба самти ақим шудан беш аз пеш наздик шавад.

Ва ҳоло, ин Арабистон аст, ки замзамаҳои тарки хусумат бо Эронро сар додааст. Шояд ҳаҷҷи имсол, ки шоҳидон мегӯянд бо эҳтироми комили тарафҳои арабистонӣ аз ҳоҷиёни эронӣ мувоҷеҳ шудааст, битавонад нахустин гомҳои амалиро барои беҳбуди равобити ин ду кишвари муҳимми минтақаӣ бардорад. Дар ин сурат мумкин аст “тими В”-и перомуни Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дигар чеҳраҳои арабӣ надошта бошад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: