Перейти к содержимому

Атеизм ва инсоншиносӣ

Дидгоҳҳои аҷибу ғариб дар бораи дин ва Худо ва моварои табиат, ки аз сӯи атеистҳо иброз мешавад, ва тоза, рӯйи онҳо унвони “илмӣ” ҳам мегузоранд, бештар ношӣ аз ин аст, ки ин гурӯҳ “инсон”-ро нашинохтаанд.
Ба сухани дигар, ин тоифа аввал инсонро — дар ҳақиқату ҷавҳараш – то ҳадди як чорпо пойин меоваранд ва сипас, бо ҳамин пешфарз, дар бораи ҷаҳон ва инсон изҳори назар мекунанд. Пеши ин гурӯҳ, инсон фарқаш бо як гов масалан, дар ин аст, ки инсон аз нерӯе ба номи ақл (қувваи ташхис) бархӯрдор аст; вагарна, дар уфуқи хостаҳо, инсон аз нигоҳи ин ҷамоат, ҳеч фарқе бо гов надорад. Агар хостаҳои як чорпо иборатанд аз: хӯрдану хобидану омезиши ҷинсӣ, уфуқи хостаҳои инсон ҳам аз диди як атеист, ҷуз инҳо нест, мунтаҳо чун ба нерӯи ақл муҷаҳҳаз аст, ӯ ин хостаҳоро метавонад ба беҳтарин ваҷҳ барои худ таъмин намояд, яъне метавонад беҳтарин хӯрданиҳоро барои худ муҳайё кунад, беҳтарин масканҳоро барои худ таҳия кунад, дар ҷиҳати баровардани хостаҳои ҷинсӣ ҳам метавонад аз як ҳайвон ҷилав афтад…

Аз ҳамин рӯст, ки имон ва бовар пеши ин ҷамоат, яъне хурофа ва афсона ва ба таъбири худашон, “ғайри илмӣ”.

Аз ҳамин рӯст, ки ин ҷамоат ба чизе ба номи “фитрат” бовар надоранд. Вақте ба инон мегӯӣ, инсон фитратан адолатхоҳ аст, фитратан дӯстдори ростӣ ва мутанаффир аз дурӯғ аст, фитратан барои азхудгузаштагӣ арҷ мениҳад ва ғайра… мегӯянд, мо чизе ба номи “фитрат” надорем, балки агар инсон адолатхоҳ аст ва ростиро меписандад ва аз дурӯғ парҳез мекунад, ҳамаи инҳо бад-ин хотир аст, ки чун инсон дар зиндагӣ бо ҳамнавъонаш маслиҳату манфиати худро дар ин мебинад, ки бояд адолатхоҳ бошад, бояд ростгӯ бошад, бояд аз дурӯғ фирор кунад, вагарна наметавонад зиндагӣ кунад. Яъне, инҷо ҳам одамиро то ҳадди як чорпо пойин меоваранд. Аз назари як атеист, агар иҷтимое набошад, дигар ин сифот кучактарин арзише нахоҳанд дошт. Яъне, инсон аз он назар, ки инсон аст ва қатъи назар аз иҷтимоъ, ӯ на адолтахоҳ аст, на азхудгузашта аст, на дорои чизе ба номи виҷдон аст ва ғайра…

Тамоми мушкил дар тафсири ин ҷамоат аз имон, дин, Худо ва ғайра, ки ҳамаро яксара афсона ва устура мехонанд, ҳамин аст. Яъне нашнохтани гавҳару ҳақиқати инсон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: