Перейти к содержимому

Ба баҳонаи зодрӯзи Абдуқаҳҳори Давлат

Имрӯз (5 август) зодрӯзи бародари азизамон, рӯзноманигори бедордил, Абдуқаҳҳори Давлат аст. Ӯ имрӯз 44-сола шудааст. Абдуқаҳҳор 16 сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо шуморе дигар аз раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бе ҳеч далели муваҷҷаҳ боздошт ва равонаи сиёҳчол ва дар 2 июни соли 2016 бо иттиҳомоти воҳӣ ва бепоя маҳкум ба 28 сол зиндон гардид.

Ба баҳонаи зодрӯзи ӯ, лозим донистам хидмати бархе аз рӯзноманигорони азизамон, чӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ дар дохил, ки аз дасти мо, ба хотири бакоргирии вожаи “мулоимхунук” дар бораи баъзе одамҳо, нороҳат шуда ва пиндоштаанд, ки банда ҳар касеро, ки бо опозисиюн нест “мулоимхунук” хондаам, яке-ду ҷумла арз кунам.

Муродам аз “мулоимхунукҳо” ҳаргиз ва абадан тамомии азизоне, ки ҳавои опозисиюнро надоранд ва чи басо мухолифи он ҳам бошанд, нестанд. Ин бардошт, бардошти норавое аст. Ман ҳаргиз аз мӯътақидон ба мантиқи “Ҳар касе бо мо нест, пас алайҳи мост” нестам. Ин мантиқ мантиқи одамони заъиф аст. Имрӯз мо даҳҳо рӯзноманигору фаъоли сиёсиву ҳизбӣ чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷи он дорем, ки на узви ПМТ ҳастанд ва на наҳзатӣ ҳастанд ва на узви ҳеч як аз аҳзобу гурӯҳҳои опозисиюн, аммо ҷавонмарду боинсофанд. Оё метавоон инҳоро “мулоимхунук” хонд? Ҳаргиз!

Балки манзурам афроде ҳастанд, ки тамоми корашон ва тамоми ҳамму ғаммашон ва балки тамоми саргармиашон ин шудааст, ки 24 соат алайҳи опозисиюн ба хусус Паймони Миллии Тоҷикистон битозанд ва бар ӯ тӯҳмат бибофанд ва иттиҳом бибанданд ва дурӯғ бикоранд; дар айни он ки иддао доранд, ба Раҳмону дору дастааш иртиботе надоранд. Манзурам инҳо ҳастанд.

Магар ин ҷавонмардист? Магар ту рисолати худро дар ин хулоса кардаӣ, ки ба ҳар василае, ки шуда, алайҳи ПМТ мавзеъ бигирӣ? Кош ҳарфҳоят интиқод буданд! Интиқод созанда аст ва бояд аз он истиқбол кард. Аммо агар моро муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ин давлату он давлат намоӣ, он ҳам бе ҳеч далел, ва сипас таърихамро таҳриф созӣ ва ошкоро бар ман дурӯғ бибофӣ, ки масалан шуморо КГБ “халқ” кардааст, оё ин ҳарфҳо ва ин тӯҳматҳо “интиқоданд”? Оё ҳақ надорам бигӯям ту мулоимхунук, мулоимхунук ба тамоми маънои калима, ҳастӣ?

Имрӯз, ки зодрӯзи Абдуқаҳҳори Давлат аст, лозим медонам ба ин нукта ишора кунам, ки то кунун ҳамин одамҳо ҳатто як ҳарф дар бораи ин бандаи Худо ва озодии ӯ ва маҳкум кардани ҳукумат дар ба зиндон андохтани ӯ ва ҳамроҳонаш, ҳатто як ҳарф ҳам, ба забон ҷорӣ накардаанд. Ва балки вақте ба онҳо эрод ворид шавад, ки чаро аз ин рӯзноманигор дифоъ ба амал намеоваред, бо тамоми вақоҳат мегӯянд, Абдуқаҳҳор рӯзноманигоре, ки шоистаи дифоъ бошад нест, ӯ масалан, рӯзноманигори вобаста ба ҳизб аст. Ин ҳам шуд ҳарф?!

Мулоимхунукҳои мавриди назари ман, ҳамин тип одамҳоянд, на ҳамаи азизоне, ки аҳёнан бо опозисиюн ҳамнаво нестанд ва чи басо мухолифи ӯ ҳам бошанд.

* * *

Шарҳи ҳоли Абдуқаҳҳори Давлат ба нақл аз сойти ҲНИТ

Абдуқаҳҳори Давлат (Давлятов Абдуқаҳҳор Абдукаримович), сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шӯъбаи равобити хориҷии ҲНИТ, журналист, собиқ сардабири нашрияи “Наҷот” ва директори Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии “Пресс-панорама” аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Абдулқаҳҳор 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румии кунунӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа ва сипас факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ-ро хатм кардааст.

Ӯ сипас дипломи риштаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дарёфт намудааст.

Абдуқаҳҳори Давлат яке аз фаъолтарин ҷавонони ҲНИТ маҳсуб мешавад, ки дар маҳофили сиёсии кишвар ҷойгоҳи худро дорад.

Вай дар 15 соли ахир дар бахшҳои мухталифи Ҳизби наҳзат аз симати котиби дастгоҳ ва муовини раиси шуъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ то сардабири “Наҷот” ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб ифои вазифа кардааст.

Дар баробари фаъолиятҳои ҳизбӣ, ӯ ҳамчунин ба унвони ёвари директори хабаргузории “Мизон”, сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати саноати ҶТ, директори Маркази таҳлилии “Пресс-панорама” ва ғайра анҷоми вазифа намудааст.

Кормандони КДАМ шаби 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Абдуқаҳҳор донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: