Перейти к содержимому

Вақте вазир ба хотири як изҳори назар барканор мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз дар Euronews хабари ҷолибе дидам. Екотерину Ондрунеску, вазири омӯзиши (маорифи) Румонӣ ба далели як изҳори назар дар бораи парвандаи одамрубоии як навҷавони 15-сола ба номи Олексондро Мечесону, аз кор барканор шудааст.

Тибқи гузориши Euronews, Виурико Дэнсилэ, нахуствазири ин кишвар, рӯзи шанбе эълом кард, ки суханони вазири омӯзиш (маориф) дар бораи ин парванда комилан “ғайримасъулона” буда ва нишондиҳандаи он аст, ки ӯ “дарке аз мавзӯъ надоштааст”. Нахуствазир ҳамчунин таъкид кард, ки он чи аз сӯи вазири омӯзиш эълом шуда, мавзеъи давлати Румонӣ нест.

Ҳоло он вазир чӣ гуфта будааст, ки мӯҷиб шуда барканораш кунанд?! Тибқи ин гузориш, Екотерину Ондрунеску, вазири омӯзиши Румонӣ дар бораи Олексондро Мечесону — духтари 15-солае, ки рубуда шуд ва мавриди таҷовуз қарор гирифт ва дар ниҳоят кушта шуд — гуфтааст: “Ӯ бояд медонист, ки набояд савори мошини ғарибаҳо шавад.”

Хуб, ин ҷумла, аз назари як тоҷик ба хусус аз назари як мақоми давлатӣ, оё ҷумлае “ғайримасъулона” аст, ки нахуствазир ба хотири он биёяд ва узрхоҳӣ кунад ва таъкид намояд, ки “мавзеъи давлати Румонӣ” ин нест ва сипас он вазирро аз кораш барканор кунад?!

Магар вазири омӯзиши Румонӣ чӣ гуфта?! Бандаи Худо гуфтааст, ки он ҷавондухтар бояд эҳтиёт мекард ва набояд савори мошини одамҳои бегона мешуд!

Аммо аз назари як ҳукумати масъул, ин ҷумлаи ба зоҳир насиҳатгуна, навъе фирор аз масъулият талаққӣ мешавад, ки як мақоми масъул набояд чунин бигӯяд.

Дар Тоҷикистон аммо то кунун вузаро ва мақомот чӣ ҷумлаҳо ва чӣ изҳори назарҳое иброз надоштаанд?! Гоҳе шаҳрвандони сатрпӯшро “маймун” мехонанд, гоҳе ҳам ошкоро аз шаҳрвандони кишвар ба ин ки сатҳашон “поин” аст ва бояд ба сатҳи ҷомеаҳои ғарбӣ бирасанд – ки як таҳқиру тавҳини ошкор аст – ном мебаранд, ва гоҳе низ бо дахолат дар навъи пӯшишу сару либоси шаҳрвандон, ҳарфҳои берабте нисбат ба онҳо мегӯянд, аммо мижаи касе такон намехӯрад. Чаро?

Далелаш ин аст, ки қонун дар ин кишвар ҳоким нест. Агар қонуне ҳаст, он қонун суннати Пешвост, яъне “гуфтору рафтору тақрир”-и ӯ.

Хуб, суол: оё Пешво ҷилави онҳоро намегирад?! Посух равшан аст. Пешво на танҳо ҷилави онҳоро намегирад, балки суннати ӯ ва “гуфтору рафтору тақрир”-аш як улгу ва сармашқ барои коргузоронаш аст. Дар воқеъ, ин Пешвост, ки бо таҳқиру тавҳинҳояш ба шаҳрвандон, чунин бидъатеро поягузорӣ кардааст.

Магар ин Пешво нест, ки аз болои минбар ва дар малаъи ом, бонувонеро, ки сатр доранд, “ақибмонда”, “асримиёнагӣ” ва “бефарҳанг” хондааст?! Инҳо таҳқиру тавҳин нестанд?!

Пас, агар қарор аст дар Тоҷикистон як мақоми давлатӣ ба хотири тавҳину таҳқиру изҳори назарҳояш дар бораи шаҳрвандон аз кор барканор шавад, дар навбати аввал, ӯ касе ҷуз худи Пешво нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: