Перейти к содержимому

Набояд аврати касеро ошкор кард

Дар “Қут ул-қулуб”-и Абӯтолиби Маккӣ овардааст:

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) хитоб ба ёронаш фармуд:

كيف تصنعون إذا رأيتم أخاكم نائماً فكشفت الريح عنه ثوبه، قالوا: نستره ونغطيه فقال: بل تكشفون عورته، قالوا: سبحان اللّه من يفعل هذا؟ فقال: أحدكم يسمع في أخيه بالكلمة فيزيد عليه ويشيعها بأعظم منها

Чӣ кор мекунед вақте яке аз бародарони худро, ки хоб аст бибинед, ки бод бивазад ва либосашро аз рӯяш бардорад (ва авраташ макшуф гардад)? Гуфтанд: зуд бо чизе ӯро мепӯшонем. Ҳазрат фармуд: на (шумо чунин намекунед), балки аврати ӯро макшуф месозед. Гуфтанд: Субҳоналлоҳ! Чӣ касе чунин мекунад? Фармуд: шумо сухани норавое дар ҳаққи бародари худ аз касе мешунавед ва сипас чизе ҳам бар он меафзоед ва миёни мардум мепароканед.”

* * *

Ин иттифоқ чи басо бо ҳар як аз мо иттифоқ афтода, ки дар ҷамъе нишастаем, ва дар ин ҷамъ, дар бораи яке аз дӯстонамон сухане ба миён омада, масалан айби ӯро яке фош месозад ва ё дар бораи масоили хусусӣ ва шахсии ӯ сухан мегӯяд ва бадтар аз ин, гоҳе дар бораи ӯ сухани норавое гуфта мешавад ва ё тӯҳмате бар ӯ зада мешавад ва ё нисбати ношоисте ба ӯ дода мешавад.

Дар якчунин ҳолате, мо ба ҷойи ин, ки он сухангӯро аз ифшо кардани асрору масоили хусусии дӯстамон бозбидорем ва ӯро аз ғайбат кардан наҳй кунем, ба ӯ гӯш фаро медиҳем.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ин паёмбари илоҳӣ, чунин рафтору мавзеъи моро ташбеҳ ба рафтори касе мекунад, ки ба ҷойи пӯшидани аврати дӯсту бародараш, онро бештар мекушояд ва балки бар он афзуда ва миёни мардум пахш мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: