Перейти к содержимому

Ҷумалоте аз Алӣ Шариатӣ дар бораи ҳаҷ

“Ҳаҷ, намехоҳад як ақида, як дастур ва ё як арзишро тарҳ кунад. Ҳаҷ, тамоми ислом аст…

Чунин менамояд, ки Худо ҳар чиро хостааст ба одамӣ бигӯяд, якҷо дар ҳаҷ рехтааст. Ҳаҷ дар як нигариши куллӣ, сайри вуҷудии инсон аст ба сӯи Худо. Ва дар як калима, ҳаҷ шабеҳи “офариниш” аст.

Ҳама чиз бо кандани ту аз худат, аз зиндагиат ва аз ҳамаи ъулқаҳоят, оғоз мешавад… Ҳиҷрат ба сӯи абадият; ба сӯи дигарӣ, ба сӯи Ӯ… Ҳиҷрат аз хонаи хеш ба хонаи Худо…

Меравӣ ва эҳсос мекунӣ, ки “нест” мешавӣ, аз худ дур мешавӣ ва ба Ӯ наздик.

Ҳама Ӯ мешавад ва ҳама Ӯ мешавӣ ва ту дигар ҳеч…

Мечархӣ ва мечархӣ ва эҳсос мекунӣ, ки ҳеч нест, фақат Ӯ ҳаст; ва ту адамӣ; адаме, ки вуҷуди худро ҳис мекунад, ё вуҷуде, ки адами хешро ҳис мекунад!

Дар ин фазо, ҳеч чиз нест, то дар фаҳми ту ҷоро бар Худо танг кунад, фазо аз Худо лабрез аст!

Бӯйи Ӯро, ба сароҳат ва соддагии бӯйи гул истишмом мекунӣ; ҳузури Ӯро бо чашму гӯшат мебинӣ, дар умқи ҷонат, мағзи устухонат…”

(Маҷмӯаи осор)

* * *

“… Чӣ қадр орзу мекардам, ки оқои (Жон Пул) Сортрро биёрам ба “Миқот” ва бар ӯ эҳром бипӯшонам, то он “худиро, ки ин ҳама аз он ранҷ мебарад ва дар талоши пӯст афкандан аз хеш аст”, дар Миқот бирезад; ва он гоҳ, дар гирдоби ишқ, ба тавофаш афканам, то ба “нафйи худ” расад; ва он гоҳ, аз нафйи хеш, ба исбот расида, дар миёни он ду кӯҳ бидавонамаш, ба талоши оворагӣ ва ҷустуҷӯи гумкарда, ки дилҳираи одамист, дилҳираи вуҷудии одамӣ, дилҳирае, ки ӯро сахт бетоб кардааст; ва он гоҳ бигӯямаш, ки “қибла дар қафо бинеҳ” ва бо хайли одамиёни якрангу як шахсият, ки дигар ному унвоне надоранд, ҳаракат дар он сӯи қибларо оғоз кун! Ба сӯи Арафот, марҳилаи “шинохт”! Ва дар бозгашт ба сӯи Каъба, диранг дар Машъар, сарзамини шуъур… юриш бурдан ба “Мино”, саҳнаи ҷангу сарзамини ишқ, ва кӯбидани ҳар се бути таслис, се қудрате, ки одамиро дар тӯли таърих қурбонии истибдоду истисмору истеҳмор кардааст, ба номи сиёсат, иқтисод ва дин! Ва он гоҳ Исмоилатро — ки намедонам чист? Модом Симун Дубуор аст ё шӯҳрати ҷаҳонӣ аст ба унвони бути насли имрӯз ё… ҳар чи, ҳар азизе, ки туро аз масъулият бозмедорад, қурбонӣ кун, дар сарзамини ишқ, корд бар ҳалқаш неҳ.., гӯсфанде забҳ кун! Ва луқмае ба гуруснае бибахш…”

(Маҷмӯаи осор)

* * *

Мақоми Иброҳим (а)

“Ду ракъат намоз, дар мақоми Иброҳим.

Инҷо куҷост? Мақоми Иброҳим, қитъаи санге бо ду радди пой, радди пойи Иброҳим, Иброҳим бар рӯйи ин санг истода ва Ҳаҷаруласвад — санги бинои Каъба – ро ниҳодааст.

Ва акнун

Ҷорӣ шав, сел шав,

Бикӯбу бирӯбу бишӯй ва…

Барой!

Ҳаҷ кун!

Ва акнун иброҳимӣ шудаӣ!..

Акнун ба он “ман”-и ростинат расидаӣ…

Дар мақоми Иброҳим меистӣ, пой ҷойи пойи Иброҳим мениҳӣ?

Рӯёрӯи Худо қарор мегирӣ, Ӯро намоз мебарӣ.

Иброҳимвор зиндагӣ кун, меъмори Каъбаи имон бош!

Сарзамини хешро минтақаи ҳарам кун,

Ки дар минтақаи ҳарамӣ!

(Маҷмӯаи осор)

* * *

Қурбонгоҳ

“Ва акнун Иброҳимӣ, ва Исмоилатро ба қурбонгоҳ овардаӣ.

Исмоили ту кист? Чист?

Мақомат? Обрӯят? Шуғлат? Пулат? Хонаат? Боғат? Утумубилат? Хонаводаат? Илмат? Дараҷаат? Ҳунарат? Руҳониятат? Либосат? Номат? Нишонат? Ҷонат? Ҷавоният? Зебоият?

… Ман чӣ медонам?

Инро бояд худ бидониву Худоят. Ман фақат метавонам нишониҳояшро ба ту бидиҳам:

он чи туро дар роҳи имон заъиф мекунад,

он чи туро дар роҳи масъулият ба тардид меафканад,

он чи дилбастагиаш намегузорад, то паёми ҳақро бишнавӣ ва ҳақиқатро эътироф кунӣ,

он чи туро ба тавҷеҳу таъвилҳои маслиҳатҷӯёна… ба фирор мекашонад ва ишқ ба ӯ кӯру карат мекунад

ва билохира он чи барои аз даст надоданаш, ҳамаи дастовардҳои Иброҳимворатро аз даст медиҳӣ, ӯ Исмоили туст!

Исмоили ту мумкин аст як шахс бошад, ё як шаъй, ё ҳолат, ё як вазъ, ва ё … ҳатто як нуқтаи заъф!

Ту худ онро, ҳар ки ҳаст ва ҳар чи ҳаст, бояд ба Мино оварӣ ва барои қурбонӣ интихоб кунӣ.

… Зибҳи гӯсфанд ба ҷойи Исмоил, қурбонӣ аст, ва зибҳи гӯсфанд ба ҷойи гӯсфанд, қассобӣ.

Эй ҳоҷӣ! Акнун ба куҷо меравӣ? Ба хона? Ба зиндагӣ? Дунё? Рафтан аз ҳаҷ, он чунон ки омада будӣ? Ҳаргиз. Эй, ки нақши Иброҳимро дар ин саҳна ифо кардӣ!

Ҳунарманди хуб, дар шахсияте, ки нақши ӯро бозӣ мекунад ҳал мешавад, ва агар хуб бозӣ карда бошад, кори саҳна поён мегирад ва кори ӯ поён намегирад. Ҳунармандоне будаанд, ки аз нақше, ки ифо кардаанд, дигар берун наомадаанд ва бар он мурдаанд.

Ва ту эй, ки нақши Иброҳимро бар ӯҳда доштӣ, на ба бозӣ, ки ба ибодат, ба ишқ, аз нақши Иброҳим ба нақши хеш раҷъат макун, хонаи мардумро тарк макун ва дубора пой дар гилеми хеш макаш.

Эй, ки дар мақоми Иброҳим истодаӣ ва бар пойи Иброҳим бапо хостаӣ ва ба дасти Худои Иброҳим дасти байъат додаӣ, ва ба сарзамини имон ва бар фарши Худо ба меҳмонӣ пой ниҳодаӣ ва дар гирдоби ишқ фурӯ рафтӣ ва худро дар халқи тоиф нафй кардӣ ва дар кӯҳистонҳои ҳайрату оташ ба ҷустуҷӯи об талош кардӣ ва он гоҳ аз Макка, яксара дар Арафот ҳубут кардӣ ва аз онҷо, манзил ба манзил ба сӯи Худо раҷъат кардӣ ва бо “огоҳӣ” (дар партави равшании о‏фтоби Арафот), ва “худогоҳӣ” (ба равшании поки шуъури ҳаром), ба ҷамъи силоҳ пардохтӣ, ва ҳамоҳанги замону ҳамгом бо ҷамъ аз марзи Мино гузаштӣ ва сарзамини ишқу имонро аз ҳукумати Иблисҳо раҳо кардӣ, ва дар поёни кор гӯсфандеро зибҳ кардӣ! Иброҳимвор зиндагӣ кун ва дар асри хеш меъмори Каъбаи имон бош, қавми хешро ба ҳаракат ор, ҷиҳат бахш, ба ҳаҷ хон, ба тавоф ор.

Ва ту, эй ҳампаймон бо Худо, эй ҳамгом бо Иброҳим, эй, ки аз тавоф меоӣ ва кори ҳаҷро бо тавофи Нисо ба поён овардаӣ ва дар ҷойи меъмори Каъба, бонии Мадинаи ҳарам ва Масҷидулҳаром истодаӣ ва рӯй дар рӯи ҳампаймони хеш (Худо) дорӣ, сарзамини хешро минтақаи ҳарам кун, ки дар Масҷидулҳаромӣ, асри хешро замони ҳаром кун, ки дар замони ҳаромӣ, ва заминро Масҷидулҳаром кун, ки дар Масҷидулҳаромӣ, ки: замин масҷиди Худованд аст ва мебинӣ, ки: нест!..”

(Маҷмӯаи осор)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: