Перейти к содержимому

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, аз уламо ва раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон даргузашт // Шарҳи ҳол (тасовир)

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, фақеҳи олимақом ва яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, соатҳое пеш дар синни 84-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Ӯ аз уламои боризи Афғонистон, мудофеъи тақриби мазоҳиби исломӣ, раиси Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон ва бунёнгузори Донишгоҳи Хотамуннабийин (с) дар Кобул ва узви Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт буд.

* * *

Шарҳи ҳол

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ фарзанди Муҳаммадмирзо Муҳсинӣ дар 5 урдибиҳишти 1314 (25 апрели 1935) дар шаҳри Қандаҳор зода шуд. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар Қандаҳор шурӯъ кард ва сипас дар соли 1949 ҳамроҳ бо падараш ба Покистон рафт ва дар шаҳри Кветаи Покистон, маркази вилояти Балучистон, забони урдуро омӯхт ва таҳсилоти худро идома дод. Сипас корманди утоқи тиҷорати Қандаҳор шуд, аммо барои фарогирии улуми динӣ, ин шуғлро раҳо кард ва ба таҳсил пардохт. Ба ҳамин манзур, ба шаҳристони Ҷоғурӣ рафт ва ба муддати як сол адабиёту мантиқро дар онҷо фаро гирифт.

Вай дар соли 1953 ба Наҷафи Ироқ рафт ва дар тӯли 2/5 сол дуруси сатҳро ба поён расонид. Сипас ба дуруси хориҷи фиқҳ, риҷол, ҳадис ва усул пардохт ва назди Сайидмуҳсини Ҳаким ва Сайидабулқосими Хӯӣ ва дигарон ба шогирдӣ пардохт.

Дар даҳаи 1960 дар Афғонистон бо тасвиби қонуни асосии машрутият, даҳаи демукросӣ оғоз гардида ва шаклҳои маҳдуде аз озодии баён ва озодии фаъолияти сиёсӣ таҷриба мешуд. Ӯ пас аз 12 соли таҳсил дар Наҷаф, ба зодгоҳаш Қандаҳор бозгашт ва дар як мадрасаи динӣ дар шаҳри Қандаҳор ба тадриси улуми динӣ пардохт ва сипас мадрасаи илмии он шаҳрро бунён ниҳод.

Муҳсинӣ ба дунболи кудетои кумунистии ҳафти савр, Афғонистонро тарк ва ба Сурия рафт ва чанд моҳе дар шаҳри Димишқ ба тадриси улуми динӣ пардохт.

Муҳсинӣ сипас ба Эрон рафт ва дар апрели 1979 бо ҷамъе аз руҳониюни Афғонистони муқими Эрон, ҳизби Ҳаракати исломии Афғонистонро бунён ниҳод. Ҳизби Ҳаракати исломӣ маҷмӯае аз гурӯҳҳои кучаке чун: Дифоъ аз меҳроб, Миллат, Руҳонияти мубориз, Созмони озодӣ, Нидои адолат ва ғайра буд.

Бо вуҷуди моҳияти шиъии ҳизби Ҳаракати исломӣ, аммо Муҳсинӣ иртиботи худро бо гурӯҳҳои муҷоҳидини суннии мустақар дар Пешовар низ ҳифз кард. Ҳизби Ҳаракати исломӣ ба раҳбарии Муҳсинӣ дар буъди низомӣ беш аз 100 пойгоҳи низомӣ дар 19 вилояти Афғонистон эҷод намуда ва даҳҳо ҳазор нерӯи мусаллаҳро алайҳи нерӯҳои Шӯравии собиқ созмондиҳӣ ва раҳбарӣ кард.

Бо суқути режими дуктур Наҷибуллоҳ ва ҳокимияти нахустин давлати муҷоҳидин дар Кобул, Муҳсинӣ дабир ва сухангӯи Шӯрои раҳбарии давлати муҷоҳидин шуд. Пас аз вуқӯи ҷангҳои дохилӣ, ӯ Кобулро тарк кард ва чанд соле муқими шаҳри Исломободи Покистон шуд.

Дар сол 1997 Покистонро тарк намуд ва муқими шаҳри Қум дар Эрон шуд. Ӯ дар ин шаҳр ба тадриси хориҷи фиқҳ, илми риҷол ва илми калом пардохт. Баъд аз суқути ҳукумати Толибон, ба Кобул бозгашт ва то замони даргузашташ дар ин шаҳр сукунат дошт.

Аз муҳимтарин иқдомоти вай дар Кобул, таъсиси ҳавзаи бузурги илмияи Хотамуннабийин (с), эҳдоси Донишгоҳи Хотамуннабийин (с), эҳдоси шабакаи телевизиюни “Тамаддун”, эҳдоси Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон ва эҳдоси Шӯрои ухуввати исломии Афғонистон мебошад.

Худо раҳматаш кунад ва ҷойгоҳаш биҳишт!

* * *

Таълифоти Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ:

صراط الحق (در سه جلد در علم کلام)

حدود الشریعة فی محرماتها و واجباتها (در چهار جلد مربوط به علم فقه)

حدود الشریعة فی واجباتها (در دو جلد)

فوائد رجالیة

متافیزیک

قرآن یا سند اسلام

فوائد دین در زندگانی و عقاید اسلامی

اقتصاد معتدل

معجم الاحادیث المعتبرة (در شش جلد)

الفقه و مسائل طبیة

حکومت اسلامی

مشرعة بحارالانوار (در دو جلد)

الضمانات الفقهیة و اسبابها

القواعد الاصولیة و الفقهیة

روح از نظر دین

عقل و علم روحی جدید

تقریب مذاهب از نظر تا عمل

روش جدید اخلاق اسلامی

توضیح المسایل طبی (پزشکی)

زن در شریعت اسلامی

جنگ در تاریکی (شیعه و سنی چه فرقی دارند)

مهدی موعود

تصویری از حکومت اسلامی در افغانستان

الارض فی الفقه

نظرة عابرة

خواست شیعیان افغانی

وظایف اعضای بدن

همبستگی اسلامی

خواست شیعیان افغانستان

حل ۶۶ سؤال دینی

گوناگون (در دو جلد)

عقاید، فقه و اخلاق

عدالة الصحابه

توضیح المسایل جنگی

جهاد اسلامی (در دو جلد)

عقاید برای همه

خداشناسی منها دین

جوان و دوره جوانی

قضاء و شهادت

دین و اقتصاد

روابط انسان

راه ترقی ما

دین و زندگی

خود را بسازیم

وحدت امت

مقالات

توضیح المسایل سیاسی (کابل ۱۳۹۱ خ)

 * * *

Тасовир:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: