Перейти к содержимому

Лағви худмухтории Кашмир // Қатъи телефон ва интернет // Боздошти раҳбарони кашмирӣ

Ҳинд пас аз 6 даҳа бо лағви асли 370-и Қонуни асосии ин кишвар, имтиёзи худгардониро аз ду бахши Кашмир ва Ҷому бозпас гирифт. Ин иқдоми Ҳинд бо сукути расонаҳо аз асри якшанбе оғоз шуд. Ҳинду Покистон борҳо бар сари минтақаи Кашмир бо ҳам даргир шуда ва ба чолиш хӯрдаанд.

Ба гузориши ВВС, барои бисёре аз мардуми Кашмир қонуни 370 аслитарин тавҷеҳ барои зиндагӣ дар қаламрави Ҳинд маҳсуб мешавад ва бо лағви қонуни худгардонӣ равобити ҳизби Баҳоротиё Ҷонотобо (ҳизби ҳоким) бо минтақаи Кашмир тағйир хоҳад кард.

Кашмир минтақаи мусалмоннишин ва мавриди муноқишаи Ҳинду Покистон аст. Ҳар ду кишвар контроли бахше аз онро дар даст доранд.

Дар ин миён интизор меравад, ки порлумони Ҳинд лоиҳаи тақсими Кашмири ҳиндӣ ба ду минтақаро тасвит кунад; манотиқе, ки аз ин пас мустақиман тавассути Деҳлӣ идора мешавад.

Покистон лағви ихтиёроти вежаи Кашмирро маҳкум кард ва онро ғайриқонунӣ хонд. Покистон эълом кард, ки барои муқобила бо ин тасмим, аз тамоми “гузинаҳои мумкин” баҳра хоҳад бурд.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, дар ин хусус гуфт: “Ҳинд бозии хатарноке дар пеш гирифта, ки паёмадҳои хатарноке барои суботу сулҳ дар минтақа дорад.”

Аммо Ҳинд инак вазъияти фавқулодаро дар Кашмир эълом кардааст. Як рӯз пас аз лағви имтиёзи худгардонии Кашмир, раҳбарони барҷастаи Кашмир таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифтанд.

Фазои тарс дар минтақа шакл гирифта ва интернет қатъ шудааст. Имкони иртибот бо телефони ҳамроҳ низ вуҷуд надорад.

Нерӯҳои амниятии Ҳинд дар ҳар куҷои шаҳр дида мешаванд. Аксари роҳҳо ва хиёбонҳои аслии шаҳр баста шуда ва эҳтимоли ҳузури нерӯҳои бештар дар ин минтақа вуҷуд дорад.

Дар соатҳои ибтидоии рӯзи душанбе (5 август) гузориш шуд, ки ду тан аз мақомоти собиқи давлати Кашмири Ҳинд ба номҳои Умар Абдуллоҳ ва Маҳбуба Муфтӣ таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифтанд. Бо ин вуҷуд, эҳтимоли боздоштҳои бештар низ вуҷуд дорад.

Дар соли 1947 ва пас аз тақсими шибҳиқорраи Ҳинд ба Ҳиндустон ва Покистон, бисёре аз мардум ва коршиносон тасаввур мекарданд, ки ин ду минтақаи мусалмоннишин (Ҷому ва Кашмир) ба хоки Покистон замима шаванд. Аммо пас аз ҷанг байни Ҳинду Покистон, Кашмир ба ду бахши ҳиндӣ ва покистонӣ тақсим шуд.

Қонуни 370 чист?

Дар соли 1949, моддаи вежае барои истиқлоли идорӣ ва худмухтории ду минтақаи Кашмир ва Ҷому ба қонуни асосии Ҳинд изофа шуд.

Асли 370 ба ин ду аёлати Ҳинд иҷоза медод, то қавонини худ, парчами вежа, равобити хориҷӣ ва қудрати дифоъии муҷаззо ва мустақил дошта бошанд.

Баъдҳо қонуни дигаре ба ин маҷмӯа изофа шуд, ки сокинони доимии ин минтақа ҳаққи моликият ва истифода аз машоғили давлатиро ба даст оварданд. Ҳамчунин шаҳрвандони ҳиндӣ қодир ба моликияти замин ва хона дар Кашмир набуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: