Перейти к содержимому

Убомо сукут дар қиболи Тромпро шикаст // Тромп посух дод

Раисиҷумҳури собиқи Омрико барои аввалин бор сукути сиёсии худаш алайҳи раисиҷумҳури феълии ин кишварро шикаст ва аз ӯ интиқод кард.

Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико сукути сиёсии худ дар қиболи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури феълии ин кишварро шикаст ва бо ибороте ҷиҳатдор, аммо бидуни ном бурдани мустақим аз Тромп, адабиёти нажодпарастонаи ӯро боиси тирандозиҳои ахир дар Омрико донист.

Шабакаи хабарии CNN навишт, Борок Убомо баъд аз вуқӯи чанд тирандозии маргбор, ки дастикам яке аз онҳо бо адабиёти нажодпарастона анҷом шуд, сукути худашро шикаст ва навишт: “Мо бояд ба сароҳат адабиётеро, ки бар забони ҳар кадом аз раҳбарони мо ҷорӣ мешавад ва барои фазои тарсу нафрат хӯрок фароҳам мекунад ё эҳсосоти нажодпарастонаро оддисозӣ мекунад, бо сароҳат рад кунем.”

CNN навишт, Убомо ишорае ба номи Тромп накард, аммо ҳеч шакке дар бораи ин ки қасди ӯ интиқод аз чӣ касе буд вуҷуд надошт.

Тромп дирӯз (сешанбе) посухи Убоморо дод. Ӯ навишт: “Оё Ҷурҷ Буш баъд аз вуқӯи тирандозии Санди Ҳук, раисиҷумҳур Убоморо сарзаниш кард? Дар даврони риёсати ҷумҳурии Убомо 32 тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст. Одамҳои зиёде нагуфтанд, ки Убомо аз контрол хориҷ шудааст. Тирандозиҳои кӯр қабл аз он ки ман номзади риёсати ҷумҳурӣ шавам иттифоқ меафтоданд.”

Дар рӯзҳои гузашта шуморе аз мунтақидони Тромп дар Кунгураи Омрико адабиёти нажодпарастонаи ӯро омили ташдиди фазои нажодпарастӣ ва бурузи хушунатҳои тарафдорони бартарии нажодии сафедпӯстон донистаанд.

Бо ин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, Тромп ва адабиёти нажодпарастонаи ӯ беш аз он ки иллати ҷиноят бо ангезаҳои нафрат дар Омрико бошад, натиҷаи он аст. Шабакаи хабарии CNN ҳам ин мавзӯъро таъйид карда ва навиштааст: “Бо он ки бисёре аз демукротҳо мехоҳанд раисиҷумҳур Тромпро муқассири иқдомоти хушунатомези як нажодпараст дар Эл-посу қаламдод кунанд, ин ҳам дуруст аст, ки тирандозӣ бо ангезаҳои нажодпарастона қабл аз Тромп вуҷуд доштанд ва Тромп ҳам сешанбе ба ҳамин мавзӯъ ишора кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: