Перейти к содержимому

Чаро Чингизхон Эронзаминро вайрон кард? // Муғулон тиҷорат мехостанд ё ҷанг? (филм)

Вақте қаламрави муғулон ба марзи Хоразмшоҳиён расид, паём фиристод, ки мехоҳад бо онҳо тиҷорат кунад. Аммо ин тиҷорат сар нагирифт ва Чингиз чунон Эронзаминро вайрон кард, ки то он рӯз бо сарзамини дигаре накарда буд.

Дарёи муғулҳо ором саррез мекунад. Тамоми таппаву тамомии дашт аз муғул сиёҳӣ мезанад. Онҳо бешуморанд ва садои сумми аспонашон раъду зилзила аст. Онҳо тамомсилоҳ меоянд ва аз ҳуҷуми анбӯҳашон замин бо ғуррише каркунанда меларзад.”

Ин бахше аз филмномаи “Аёри танҳо” навиштаи Баҳром Байзоӣ аст, ки ҳамлаи муғулонро нишон медиҳад. Лашкари онҳо ба қадре тарснок буд, ки ҷумлаи “муғулҳо меоянд” дар 800 сол пеш, тарсноктарин хабаре буд, ки ба як ободӣ дар Эронзамин мерасид. Мардум медонистанд, ки онҳо раҳм намекунанд, пиру ҷавону кӯдаку бузургсол намешиносанд ва ҳамаро аз дами теғ мегузаронанд. Коре, ки дар ҳеч куҷои дигар ба шиддати Эронзамин анҷом надоданд.

Чаро муғулҳо Эронзаминро вайрон карданд? Чаро танҳо ба тасарруфи он басанда накарданд? Ҳамон коре, ки бо Чин карда буданд.

Муаррихон сарнахи моҷароро дар шаҳри Фороби куҳан медонанд; шаҳре дар сарҳади марзии силсилаи Хоразмшоҳиён дар шимоли шарқ ва нуқтаи шурӯи ҳамлаи сипоҳи Чингизхон ба Эронзамин. Дар ҳамин шаҳр буд, ки 450 бозаргони муғул кушта шуданд ва тарсноктарин ҳамла ба Эронзамин рақам хӯрд.

Ин филм достони ин ҳамла ва вайрон шудани Эрон ба дасти муғулон аст, ки чун барқ бар Эрон тохтанд ва ба сипоҳиёни Хоразмшоҳӣ амон надоданд.

Манбаъ: Асри Эрон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: