Перейти к содержимому

Демукросиро набояд бо ҳарҷу марҷ иштибоҳ гирифт

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар чанд соли ахир, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди ин будам, ки вақте хабаре дар бораи даргирии шуморе аз мардуми як кишвар, махсусан яке аз кишварҳои ҳамсоя, бо нерӯҳои амниятӣ ё интизомӣ (пулис) мунташир мешавад, ҷавонони озодихоҳ шурӯъ ба таҳсину офарин хондан бар он мардум мекунанд ва эълом медоранд, ки кош мардуми мо низ мисли онҳо мебуданд!

Қиём ва бапо хостани мардум, шоистаи таҳсин ва қобили дастгирӣ аст, аммо на ҳар қиёме. Шароит фарқ мекунад. Масалан, дар кишваре мисли Қирғизистон, ки дар он, меъёрҳои демукротик ҳоким аст ва ҳукуматҳо даст ба даст мегарданд ва интихоботҳо озоду шаффоф баргузор мешаванд ва раисиҷумҳур ва ё намояндаҳои порлумон бо раъйи мардум сари кор меоянд, оё дуруст аст, ки дар ҳар масъалае пойи мардум ба васат кашида шавад ва онҳо ба ҷойи ниҳодҳои давлатӣ, масалан ба ҷойи қувваи қазоия (суд), тасмим бигиранд? Оё ин дуруст аст? Қатъан на. Ин ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ аст.

Бале, агар дар кишваре низоми ҳокимаш як низоми мустабидду худкома буда ва тамоми ниҳодҳои давлатӣ тобеъи хосту иродаи як шахс, ва қонун бозичаи дасти шахси ҳоким бошад, дар якчунин ҷомеае, мардум бояд қиём кунанд ва дар баробари худкома биистанд ва ӯро сари ҷояш нишонанд яъне сарнагунаш кунанд; дар воқеъ, ин қиём, қиём барои ҳоким сохтани қонун ба ҷойи ҳукумати беқонунӣ аст. Зеро ҳукумати худкома дар воқеъ ҳукумати беқонунӣ аст.

Бинобар ин, мо бояд байни ин ду ҳолат фарқ гузорем. Ҳар шӯришу қиёме қобили таҳсину дастгирӣ нест. Қиёме қобили дастгирӣ аст, ки дар ҷиҳати ҳоким сохтани қонун бошад. Аз ин рӯ, дар ҷомеае, ки мардумсолорӣ (демукросӣ) дар он ҳоким аст ва масъулони давлатиаш пойбанд ба қонунанд, дар инчунин ҷомеае вақте мушкиле пеш меояд, ҳаллу фаслкунандаи ин мушкил қувваи қазоия (суд) аст, на мардум. Вагарна, қувваи қазоия (суд) барои чист агар мардум ба ҷойи он нишинанд?! Дар моҷарои дирӯзи Отамбоев дар Қирғизистон масалан, агар ин оқо айбе надошта ва ҳукумат бедалел қасди боздошти ӯро кардааст, ӯ метавонист бо ҳузур дар додгоҳ бегуноҳии худро исбот кунад, на ин ки мардумро бишӯронад ва пушти онҳо пинҳон бишавад.

Аз ин рӯ, набояд халт кард ва демукросиро бо ҳарҷу марҷу беқонунӣ иштибоҳ гирифт. Беқонунӣ, балои ҷони ҷомеа аст. Вақте ҳарҷу марҷ ҷойи қонунро бигирад, ҷомеа аз ҳам мепошад. Аз ин рӯст, ки ҳукамои бузург дар таърих ҳамеша саъяшон ин будааст, ки фарҳанги пойбандӣ ба қонун ва қонунмадориро дар ҷомеа ниҳодина созанд. Дар бораи Суқрот шояд шунидаед, ки замоне ки ҳукумати вақт ӯро ба иттиҳоми “фосид кардани ҷавонон” ва “беэътиқодӣ ба худоён” ба додгоҳ кашид ва бо судури ҳукми комилан ғайриодилона ба зиндонаш бурд, гурӯҳе аз шогирдони вай роҳи фирор аз тариқи ришва додан ба нигаҳбононро ба ӯ пешниҳод карданд. Суқрот дар посух ба шогирдонаш гуфт, ки ӯ ба мӯҷиби қонун маҳкум гаштааст ва хатост, ки барои гурез аз муҷозот, даст ба коре хилофи қонун бизанад.

Дар замони хилофати ҳазрати Алӣ (а) гурӯҳе, ки дар таърих ба “Хавориҷ” маъруфанд, бо шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ” (Ҳукме ҷуз барои Худо нест), алайҳи ӯ шӯриданд. Ҳазрат дар посухи онҳо бо баёни ин ки “гуфтори ҳаққе аст, ки ба он ботиле ирода шудааст” фармуд:

نَعَمْ إِنَّهُ لَا حُكْمَ إِلَّا لِلَّهِ وَلَكِنَّ هَؤُلَاءِ يَقُولُونَ لَا إِمْرَةَ إِلَّا لِلَّهِ وَإِنَّهُ لَا بُدَّ لِلنَّاسِ مِنْ أَمِيرٍ بَرٍّ أَوْ فَاجِرٍ يَعْمَلُ فِي إِمْرَتِهِ الْمُؤْمِنُ وَيَسْتَمْتِعُ فِيهَا الْكَافِرُ وَيُبَلِّغُ اللَّهُ فِيهَا الْأَجَلَ وَيُجْمَعُ بِهِ الْفَيْ‏ءُ وَيُقَاتَلُ بِهِ الْعَدُوُّ وَتَأْمَنُ بِهِ السُّبُلُ وَيُؤْخَذُ بِهِ لِلضَّعِيفِ مِنَ الْقَوِيِّ حَتَّى يَسْتَرِيحَ بَرٌّ وَيُسْتَرَاحَ مِنْ فَاجِرٍ.

Оре, дуруст аст, ки фармоне ҷуз фармони Худо нест, вале инҳо (Хавориҷ) мегӯянд: зимомдорӣ ҷуз барои Худо нест! Дар ҳоле, ки мардум ба зимомдори нек ё бад ниёзманданд, то мӯъминон дар сояи ҳукумати ӯ ба кори худ машғул ва кофирон ҳам баҳраманд шаванд, ва мардум дар истиқрори ҳукумат зиндагӣ кунанд. Зеро ба василаи ҳукумат аст, ки байтулмол (молиёт) ҷамъоварӣ мегардад ва ба кӯмаки он бо душманон метавон мубориза кард, ҷоддаҳо амну амон, ва ҳаққи заъифон аз нерӯмандон гирифта мешавад, некӯкорон дар рифоҳ ва аз дасти бадкорон дар амон мебошанд.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 40)

Ба ин маъно, ки ҷомеа бидуни ҳукумату қонун аз ҳам мепошад. Ва ин ки ҳазрат мефармоянд, “мардум ба зимомдори нек ё бад ниёзманданд”, ба маънои таъйиди ҳукумати зимомдори бад дар ҷомеа нест, ба ҳеч ваҷҳ, балки ҳазрат дар мақоми баёни ин нукта ҳастанд, ки ҳукумат ва қонун, ҳатто агар зимомдор одами баде ҳам бошад, боз бар беқонунӣ ва беҳукуматӣ тарҷеҳ дорад. Зеро дар сояи қонун аст, ки ба қавли ҳазрат “ҷоддаҳо амну амон, ва ҳаққи заъифон аз нерӯмандон гирифта мешавад, некӯкорон дар рифоҳ ва аз дасти бадкорон дар амон мебошанд”.

* * *

Агар дар Қирғизистони имрӯз — танҳо кишваре дар Осиёи Миёна, ки мардум демукросиро дар он таҷриба мекунанд, ин ҳолати ҳарҷу марҷ ва ин ки дар ҳар моҷарое пойи мардум ба васат кашида мешавад, ҳамчунон идома биёбад, паёмадҳои бисёр вахиме ба дунбол хоҳад дошт, ки камтаринаш ин аст, ки шаҳрвандонаш дар натиҷаи хаста шудан аз ин бозиҳо орзу хоҳанд кард, ки кош низоме дошта бошанд мисли низомҳои худкома дар кишварҳои ҳамсояашон, ки лоақал “оромӣ” дар онҳо ҳукмфармост.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: