Перейти к содержимому

Тазоҳурот дар муқобили сафорати Ҳинд дар Эрон (филм ва тасовир)

Донишҷӯёни эронӣ ва ғайри эронии муқими ин кишвар бо таҷаммӯъ дар муқобили сафорати Ҳинд дар Теҳрон, зимни эътироз ба саркӯбу қатли мардуми Кашмир тавассути низомиёни ин кишвар, иқдоми ахири давлати Ҳиндро ба шиддат маҳкум карданд.

Ба гузориши Tasnimnews, донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон ва Илму санъат имрӯз (8 август) бо таҷаммӯъ дар муқобили сохтмони сафорати Ҳинд дар Теҳрон, алайҳи сиёсатҳои Деҳлӣ дар Кашмир шиор сар доданд.

Ин донишҷӯён зимни маҳкум кардани иқдомоти ахири Ҳинд дар хусуси қатлу зарбу ҷарҳи мардуми Кашмири ишғолӣ, рафтори ғайриинсонии низомиёни ҳиндиро нақзи ошкори ҳуқуқи башар донистанд.

Онҳо зимни маҳкум кардани ишғоли Кашмир тавассути Ҳинд, хостори вуруди Созмони Милал ва маҷомеъи ҷаҳонии масъул ба ин муъзали таърихӣ шуданд.

Ин донишҷӯён лағви қонуни 370 барои тағйири таносуби ҷамъияти Кашмир ва искони ғайри мусалмонон дар ин минтақаро мухолифи тавофуқномаҳои байналмилалӣ донистанд, ки Деҳлӣ онҳоро пазируфтааст.

Гуфтанист, тайи рӯзҳои ахир давлати Ҳинд бо истиқрори беш аз 700 ҳазор нерӯи низомӣ дар Кашмири ишғолӣ зимни эъломи ҳукумати низомӣ дар талош аст, то Кашмири ишғолиро ба сурати расмӣ бахше аз хоки Ҳинд кунад.

Дархости ҳимояти озодихоҳи кашмирӣ аз ҷомеаи байналмилал

Машъал Малик, ҳамсари раҳбари озодихоҳи кашмирӣ дар гуфтугӯ бо телевизиюни Покистон, зимни изҳори нигаронӣ аз ҳаводиси ахир дар Кашмир, аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ хост, то ба Деҳлӣ фишор биёваранд.

Вай афзуд: “Артиши Ҳинд барои саркӯби мусалмонони мазлуми Кашмир, аз тамоми қудрати худ истифода мекунад, то садои онҳо хафа шуда ва ба гӯши касе нарасад, аммо мо садоямонро ба хориҷ аз марзҳо хоҳем расонд.”

Машъал Малик ҳамчунин афзуд: “Зулме, ки аз сӯи давлати Мудӣ, нахуствазири Ҳинд ба мардуми Кашмир шудааст, фаротар аз ҳадди баён аст, вале онҳо наметавонанд монеъи ин шаванд, ки мардуми Кашмир барои ояндаи худ тасмим бигиранд.”

Ин ҳамсари раҳбари озодихоҳи кашмирӣ, дар хусуси вахомати ҳоли шавҳараш гуфт: “Вазъияти ҷисмии ҳамсари ман аз муддатҳо қабл пас аз ҳабси хонагӣ тавассути ҳукумати Ҳинд рӯ ба вахомат рафтааст ва мо дархости интиқоли вайро ба бемористон додаем.”

Тайи рӯзҳои ахир бисёре аз озодихоҳони кашмирӣ дастгир шудаанд ва теъдоди шуҳадои кашмирӣ низ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: