Перейти к содержимому

Ҷанги Яман ба поёни худ наздик мешавад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Вақте дуктур Абдулхолиқ Абдуллоҳ, мушовири собиқи Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ, мегӯяд: “Ҷанги Яман барои Аморот тамом шудааст ва фақат ин мемонад, ки расман мутаваққиф шавад”, ин яъне эъломи хуруҷи низомиёни Аморот аз Яман. Ва ин иқдом иқдоме “истротежикӣ” аст ва на “токтикӣ”; ва дар натиҷаи ин аст, ки раҳбарони ин кишвар ба ин натиҷаи қатъӣ расидаанд, ки дар ҷанг баранда нахоҳанд шуд ва ҳеч ҷойгузини дигаре, ба ҷуз коҳиши талафот дар сареътарин замони мумкин ва эътироф ба иштибоҳ, вуҷуд надорад.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳ, воқеиятро гуфт замоне, ки дар суханрониаш, ки шабакаи телевизиюнии “Алмасира” онро пахш кард, таъкид кард, ки “душман дар ҳолате аз баҳамрехтагӣ ва фурӯпошӣ ба сар мебарад ва ин вазъият рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва эъломи Аморот беҳтарин далел дар ин замина аст.”

Он чи ки дуктур Абдуллоҳ нагуфт ин аст, ки эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, дигар барои Аморот тамом шудааст. Суханони дуктур Анвар Қарқош, вазири мушовир дар давлати Аморот, дар се рӯз пеш дар бораи ин ки истиқрори дубораи нерӯҳои аморотӣ дар ҷабҳаи Алҳадида бо ҳамоҳангии шарики арабистонӣ сурат гирифтааст, нодуруст аст ва аз сари “таъоруф” баён шудааст ва низ талош барои пошидани хокистар дар чашмҳо яъне чашмҳои раҳбарони Арабистон аст.

* * *

Аз замони сафари Абдуллоҳ бен Зоид, вазири хориҷаи Аморот ба Маскав дар моҳи гузашта, возеҳ буд, ки Аморот ба дунболи нардбоне барои поин омадан аз бӯҳроне аст, ки бо вуруд ба ҷанги Яман худро дар он дид. Ва беҳтар аз дарвозаи Русия барои гушудани коноли дугонаи иртибот, чизе пайдо накард: коноли аввалӣ бо ҷунбиши Ансоруллоҳи Ҳусӣ ва дуввумӣ бо раҳбарони Эрон, ки ҳимоят аз ин ҷунбишро пинҳон намекунанд.

Ҳайати амниятии аморотӣ, ки таҳти унвони имзои “Ёддошти тафоҳумнома” барои ҳимоят аз марзҳои миёни ду кишвар ба Теҳрон рафт, як ҳайати “фаннӣ” набуд, балки дар дараҷаи нахуст як ҳайати сиёсӣ бо дараҷаҳои низомӣ буд, то яхи равобит миёни ду кишварро бишканад ва роҳро барои дидори масъулони баландпояи кишвар дар ояндаи наздик ҳамвор кунад.

Ҷанги Яман ба суръат ба поёни худ наздик мешавад, бо таваҷҷӯҳ ба далоиле, ки дар ибтидои он мехост онро муҳаққақ кунад, вале ноком монд. Зеро боризтарин далоили шурӯъи ин ҷанг бозгардондани давлати ба истилоҳ қонунӣ ба Санъо ва рӯи кор овардани низоме дар Яман буд, ки “арӯсаке” дар дасти Риёз бошад, аммо ин ҷанг баръакс табдил ба ҷанг алайҳи Арабистони Саудӣ ва умқи сарзаминҳои он шудааст.

Бештар тавзеҳ медиҳем ва мегӯем, ки ҷунбиши Ансоруллоҳи Ҳусӣ ва эътилофе, ки онро ҳидоят мекунад, акнун дасти болоро дар ин бӯҳрон дорад ва вақойеъро рӯи замин дикта мекунад ва Арабистони Саудӣ аз мавзеъи муҳоҷим ба мавзеъи мудофеъ мунтақил шудааст, ва мо бар ин бовар нестем, ки Арабистони Саудӣ – ки бо ҳамла ба Яман чеҳраашро дар ҷаҳон баъд аз иттиҳомаш ба ҷиноятҳои ҷангӣ хароб кардааст — битавонад дар дифоъ аз худ муваффақ шавад, бо таваҷҷӯҳ афзоиши қудрати душмани ҳусиаш ва эҷоди тавони ҳуҷумӣ ва расидани мушакои Ҳусиҳо ба Даммом ва фалаҷ кардани се фурудгоҳи аслии Арабистон дар ҷануб (Ҷозон, Наҷрон ва Абҳо).

Ин ки мушакҳои Ҳусӣ ба шаҳри Даммом — мақарри ширкати “Арамку”, маркази асосӣ ва шоҳраги санъати нафти Арабистон бирасад, ин яъне ин санъат, ки рукни асосӣ ва муҳимми иқтисоди Арабистони Саудиро ташкил медиҳад, дигар дар амният ба сар намебарад ва ҳафт милюн бушка аз маҷмӯи содироти кунунии Арабистон, дар маърази таҳдиди ҷиддӣ қарор дорад.

Раҳбарони Аморот ин воқеиятҳо ва аз инҳо ҳам хатарноктарро ба хубӣ дарк мекунанд, ба ҳамин далел тасмим гирифтанд, ки аз ҷанги Яман ва низ аз эътилоф бо АрабистониСаудӣ хориҷ шаванд. Ва агар аввалиро “аланӣ” карданд ва рӯи дуввумӣ сарпӯш гузоштанд, ин иқдомашон фақат барои боқӣ мондани мӯи Муовия бо шарики арабистонӣ аст, вале ин фақат мӯи Муовия аст, ки дар рӯзҳои оянда дар сояи хашми рӯзафзуни Арабистони Саудӣ ба далели ин иқдомоти ғайримунтазира ва ҳайратзо қатъ хоҳад шуд.

Ҳусиҳо, ки душманонашон онҳоро ба “ақибмондагӣ” ва “ғорнишинӣ” тавсиф мекарданд, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии бесобиқаеро собит карданд замоне, ки аз ҳамла ба Аморот худдорӣ карда ва ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии бомбгузоришудаи худро бар умқи Арабистони Саудӣ мутамаркиз карданд. Ва ин зиракӣ, чӣ бо онҳо мувофиқ бошем чӣ мухолиф, дар эҷоди шикоф миёни ду ҳампаймон яъне Аморот ва Арабистон муваффақиятомез буд.

Дар суханронии Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, ки ба аморотиҳо насиҳатҳое ироа кард, ҷумлаи бисёр муҳимме вуҷуд дошт, ки далоили воқеии бознигарии аморотиҳо дар сиёсатҳояшон ва хуруҷ аз Яманро хулоса мекунад, ва он ин аст: “Насиҳати ман ба Аморот ин аст, ки хуруҷаш бояд ҷиддӣ ва содиқона бошад; зеро ин иқдом ба маслиҳат ва ба нафъашон дар арсаи иқтисодӣ ва ҳамаи арсаҳои дигар аст.”

Арсаи иқтисодӣ яъне хуруҷи ҷиддӣ боиси ҳимояти иқтисоди Аморот аз мушакҳои Ҳусиҳо хоҳад буд; аз фурӯ рехтани мушакҳо ба осмонхарошҳо ва фурудгоҳҳои Дубай ва Абӯзабӣ ва натоиҷи фоҷеабори он аз ҷумла фирори сармояҳо ва сармоягузорон ва сармояҳояшон.

Ҳусиҳо бино бар чанд далел, ки аз зеҳни душманони дохилӣ ё кишварҳои мутаҷовиз ба дур монда, қавӣ ҳастанд:

1) Онҳо тавони иттихози тасмим барои вокуниш ва посухро бидуни ҳеч тардиде доранд;

2) Онҳо аз сарзамин, каромат ва шарофати худ дифоъ мекунанд;

3) Онҳо аз ҳимояти арабҳо ва кишварҳои нафтиашон бархӯрдор нестанд. Ин арабҳо аз ҳар давлат ё ҷунбише ҳимоят карданд, сарнавишти маҳтумаш шикаст будааст;

4) Истодан дар хандақи Фаластин ва меҳвари муқовимат дар баробари султаи омрикоӣ-исроилӣ, он ҳам дар замоне, ки бисёре аз арабҳо ба самти оддисозии равобит ва рафтан зери чатри душман мунҳариф шуданд;

5) Мудирияти ҳушмандонаи бӯҳрони Яман ва дар пеш гирифтани сабри тӯлонӣ ва фурӯ хӯрдани хашм ва интихоби аҳдоф барои задан бо диққати бисёр боло; аҳдофе, ки шомили 400 ҳадаф мешавад ва то кунун фақат даҳтои онҳоро мавриди ҳамла қарор доданд.

6) Дурӯғ нагуфтан ва вогузор кардани кор ба иқдомота амалӣ.

* * *

Ин ёддоштро бо ин пешбинӣ ба поён мерасонем, ки чи басо барои бисёреҳо сурпройз ё мавзӯи тамасхурашон воқеъ шавад, ва он ин ки: баъид намедонем, ки ҷиҳати ояндаи мушакҳои Ҳусиҳо бандари Илоти Фаластини ишғолӣ (Исроил) бошад. Касе, ки мушакҳои болдор дорад, ки аҳдофи худро дар Риёзу Даммом бо диққати боло мавриди исобат қарор медиҳад, тардиде дар ҳамла ба ин бандари исроилӣ ва эҷоди руъбу ваҳшат дар дили шаҳракнишинони исроилӣ намекунад.

Чи басо бархеҳо ин масъаларо матраҳ кунанд ва бигӯянд, ки артиши “Исроил” бо бомбборони Санъо ва Саъда ва дигар шаҳрҳо посух диҳад, ва ин баъид нест, аммо бомбборони ин маконҳо натоиҷи баръакс хоҳад дод, илова бар он ки чизи ҷадиде анҷом намедиҳад, зеро ҳавопаймоҳои эътилофи Арабистон ва Аморот, ки Яманро тайи панҷ соли гузашта бомбборон карданд, аҳдофи ҷадиде барои бомбборон ба ҷой нагузоштанд, вале дар ба зону даровардани яманиҳо шикаст хӯрданд.

Ҳамлаи Ҳусиҳо ба умқи Фаластини ишғолӣ ва вокуниши “Исроил” ба он, боис мешавад, ки Ҳусиҳо табдил ба қаҳрамононе шаванд, ки қудрати минтақаии бузургеро раҳбарӣ мекунанд ва милюнҳо мусалмону араб даври онҳо ҷамъ мешаванд.

Оё ин пешбинӣ муҳаққақ мешавад ва кай муҳаққақ мешавад? Посухро ба ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда мавкул мекунем.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: