Перейти к содержимому

Тошканд мизбони Толибон; Мулло Бародар бо вазири хориҷаи Ӯзбакистон дидор кард

Муовини раҳбари Толибон, ки дар раъси ҳайате ба Тошканд рафтааст, бо мақомоти ӯзбакистонӣ аз ҷумла вазири хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҳоле, ки сарнавишти даври ҳаштуми музокироти Омрико ва Толибон дар Қатар бо ибҳом поён ёфтааст, намояндагони дафтари сиёсии ин гурӯҳ ба раҳбарии Мулло Бародар, ба Ӯзбакистон сафар кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт: “Дар дидор бо мақомоти ӯзбакистонӣ, дар бораи ҳифзи ҳамҷивории беҳтар, идомаи тамосҳо ва афзоиши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ шуд.”

Ба гузориши Tasnimnews, дар ин нишаст гуфтугӯҳое дар бораи пешниҳоди Ӯзбакистон мабнӣ бар мизбонии музокирот байни давлати Афғонистон ва Толибон анҷом пазируфт.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон пешниҳоди мизбонӣ аз гуфтугӯҳои давлати Афғонистон ва Толибонро дар марти 2018 дар дидор бо ҳайати Толибон матраҳ карда буд.

Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон низ дар дидор бо Мулло Бародар дар Қатар дар моҳи марти соли ҷорӣ низ бори дигар ин пешниҳодро ироа кард.

Аъзои Толибон дар моҳи августи соли гузашта низ пас аз дидори Тошканд, аз алоқаи Ӯзбакистон барои мизбонӣ аз ин гуфтугӯҳо истиқбол карданд.

Ӯзбакистон ба далели равобити хубе, ки бо давлати Афғонистон ва тамосҳое, ки бо дафтари сиёсии Толибон дорад, ба унвони яке аз кишварҳои таъсиргузор дар раванди сулҳ маҳсуб мешавад.

* * *

Раҳбари Толибон: “Ҳадафи мо ҳокимияти низоми исломӣ аст”

Дар хабаре дигар, раҳбари гурӯҳи Толибон, дар остонаи Иди Қурбон бо судури баёнияе, эълом кард, ки ҳадаф аз музокира ва ҷанг дар Афғонистон, поёни ишғол ва ҳокимияти низоми исломӣ дар ин кишвар аст.

Бар асоси баёнияи Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, ҳамзамон бо густариши равобити сиёсӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа, дар дохили Афғонистон низ Толибон дар мавзӯи сулҳу оштӣ бо шахсиятҳо ва тарафҳои сиёсӣ пешрафт доштааст.

Раҳбари Толибон бо ишора ба афзоиши даргириҳо ва раванди музокироти сулҳ тасреҳ кард, ки ҳадафи мо аз ҷанг ва музокира поёни ишғол ва ҳокимияти низоми исломӣ дар Афғонистон аст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: “Муҳофизат аз пружаҳои оммулманфиа, ҳимоят аз фаъолиятҳои ғайримуғризонаи муассисоти хайрия, ҳифозати сарват ва дороии миллӣ ва дар маҷмӯъ пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар, ҳадафи мост.”

Ҳибатуллоҳ Охундзода аз нерӯҳои амниятии Афғонистон хост, ки барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ ва эҷоди низоми исломӣ талош кунанд.

Аз сӯи дигар, раҳбари Толибон дар ин баёния хитоб ба мақомоти омрикоӣ низ гуфт, ки аз бомбборон ва ҳамалот ба ғайринизомиён ҳамчунин изҳороти зидду нақиз дар бораи раванди музокирот, даст бардоранд.

Раҳбари Толибон дар ин баёния, бар идомаи ҷанг бо нерӯҳои хориҷӣ таъкид кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: