Перейти к содержимому

Биёед, ҳама қурбонӣ кунем!

Ҳамаи дӯстон, ҳамаи ҳамватанон ва ҳамаи мусалмононро ба Иди саъиди Қурбон табрику таҳниат мегӯям.

Умедворам, дар иди Қурбони имсол, дар мо як дигаргунӣ эҷод шавад; дигаргунӣ дар ҳамаи ҷиҳатҳо; дар зиндагиамон, дар шеваи бархӯрдҳоямон бо дигарон, дар диду назарамон ба атроф ва ҳатто дар арзёбиҳоямон нисбат ба якдигар.

Агар то ба имрӯз “исмоилҳоямон” – аз мансабу мақому пулу сарвату худбартарбиниву такаббуру худбиниҳо – монеъ аз ин “дигаргунӣ” мешуд, пас, ин “исмоилҳо”-ро қурбонӣ кунем, сарашон аз тан ҷудо кунем.

Дунёи фонӣ – ки одам дар он фавқаш 80 сол умр мебинад – арзиши инро надорад, ки ба хотири мақому мансаб, ҳозир бишавӣ ҳамаро ба куштан диҳӣ, ҳамватанони худро ба зиндон андозӣ, он ҳам бидуни ҳеч гуноҳе фақат ба ин хотир, ки бо ту ихтилофи назар ва ихтилофи мавзеъ доранд.

Дунё пеш аз ту садҳо ва балки ҳазорон фармонраворо дидааст, ки қудрату сарвати ба маротиб бештар аз қудрату сарвати туро доштанд, аммо ҳама мурданд ва рафтанд ва ҷасадҳояшон хӯроки кирмҳо гардид ва имрӯза аз онҳо ҷуз ба бадӣ ёд намешавад. Умедворам, дар ин аём, қадре диранг мекунӣ ва ба таъаммул менишинӣ, он гоҳ дар рафторат бо шаҳрвандони худат таҷдиди назар мекунӣ.

На танҳо ту, балки ҳамаи мо ниёз ба таҷдиди назар дорем, ниёз ба сар буридани “исмоилҳо”-ямон дорем, ниёз ба қурбонӣ кардани азизтарин чизҳо бароямон дорем.

Пас, биёед, ҳама қурбонӣ кунем ва аз нав по ба арсаи ҳаёт ниҳем, бо диде дигар, бо ҷаҳонбиние дигар, бо мавзеъе дигар, бо рафторе дигар.

Идатон муборак бошад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: