Перейти к содержимому

Давлати Мансур Ҳодӣ дар Адан суқут кард

Дақоиқе пеш, хабаргузории Reuters аз суқути мақарри давлати Яман ба риёсати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ дар шаҳри Адан, маркази ҷануби ин кишвар, хабар дод.

Саранҷом чаҳор рӯз пас аз шурӯи ҷанги ниёбатии Арабистон ва Аморот, кохи Маошиқ, мақарри давлати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мавриди ҳимояти Арбаистони Саудӣ дар Яман, имрӯз (шанбе) суқут кард.

Имрӯз (шанбе) низ даргириҳое миёни нерӯҳои Шӯрои интиқолии мавриди ҳимояти Аморот ва нерӯҳои вобаста ба давлати Мансур Ҳодӣ, ки аз ҳимояти Арабистон бархӯрдор аст, идома пайдо кард, то ин ки кохи Маошиқ суқут карда ва ба дасти нерӯҳои Шӯрои интиқолии ҷануби Яман афтодааст.

Дар ҳамин иртибот, хабаргузории Reuters гузориш дод, ки кохи Маошиқ, мақарри давлати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ дар чаҳорумин рӯзи даргириҳои Адан суқут кардааст.

Reuters ба нақл аз манобеи маҳаллӣ дар Адан гуфт, ки кохи риёсати ҷумҳурии Яман мавсум ба Маошиқ ба тасарруфи Шӯрои интиқолии ҷануби Яман (таҳти ҳимояти Аморот) даромадааст.

Пойгоҳи хабарии Аляман ал-арабӣ ҳам дар ин робита гузориш дод, ки нерӯҳои Шӯрои интиқолии ҷануби Яман, ки таҳти ҳимояти Аморот қарор доранд, асри рӯзи шанбе пас аз даргирии чандрӯза бо нерӯҳои вобаста ба давлати Яман (таҳти ҳимояти Арабистон), муваффақ шуданд вориди кохи Маошиқ шаванд.

Аляман ал-арабӣ ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки нерӯҳои ҷануби Яман пас аз тасарруфи Маошиқ, дар дохил ва атрофи кох мустақар шуда ва мавозеи худро дар сохтмонҳои атроф тасбит карданд.

Манобеи наздик ба Шӯрои интиқолии ҷануби Яман (таҳти ҳимояти Аморот) таъкид карданд, ки “нерӯҳои ҷануби Яман пас аз ихроҷи нерӯҳои горди риёсати ҷумҳурӣ вобаста ба давлати Мансур Ҳодӣ, вориди кохи Маошиқ шуданд.”

Манобеи огоҳ иброз доштанд, ки нерӯҳои вобаста ба Шӯрои интиқолии ҷануби Яман мавозеи худро дар урдугоҳҳо ва пойгоҳҳои мухталифе, ки нерӯҳои тарафдори ҳизби ихвонии Алислоҳ (таҳти ҳимояти Арабистон) дар он мустақар буданд, тасбит карданд.

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки дар пайи тасаллути нерӯҳои таҳти ҳимояти Аморот бар Маошиқ, худравҳои зиреҳӣ атрофи кохро тарк карданд.

Даргириҳои ниёбатии Аморот ва Арабистон дар ҷануби Яман аз рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуд замоне ки Ҳонӣ бен Брек, ноиби раиси Шӯрои интиқолии ҷануб, аз шибҳинизомиёни ҳаводори худ (мавсум ба Ҳизоми амнӣ) хост, то ба кохи риёсати ҷумҳурии Маошиқ, ки таҳти контроли давлати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ (мавриди ҳимояти Арабистон) ҳамла кунанд.

Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, ки худро раисиҷумҳури Яман ва Аданро пойтахти ин кишвар медонад, қабл аз оғози ҷанги эътилофи саудӣ дар соли 2015 ба Риёз, пойтахти Арабистон фирор кард ва ҳамчунон дар ин кишвар мустақар аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: