Перейти к содержимому

Он чи дар бораи Ибни Сино бидонем

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино

Абӯалӣ ибни Сино 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт. Дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ — шогирди вафодораш имло кардааст, омада: “Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб барои ман фароҳам шуда буд, то ҷойе, ки аз ман дар шигифт буданд…” (1)

Пас аз чанде Шайхурраис ба касби дониши фиқҳ дар маҳзари Исмоили Зоҳид пардохт ва аз чигунагии истихроҷ ва истинботи аҳком аз манобеи динӣ огоҳӣ ёфт: “Ман саргарми фиқҳ будам… Ва аз боҳуштарин пӯяндагони ин роҳ будам ва бо роҳҳои мутолиба ва вуҷуҳи эътироз ошно шуда будам.” (2)

Сипас падараш Абӯабдуллоҳ Нотилиро, ки устоди нуҷум, ҳандаса ва мантиқ буд, ба манзил даъват намуд. Ибни Сино дар фарогирии ин улум ба вижа мантиқ, ба тарзи шигифтоваре истеъдоди худро буруз дод, ба гунае ки гоҳе ҷойгоҳи устоду шогирд тағйир мекард. Нотилӣ пеш аз он ки Бухороро тарк гӯяд, ба падари Бӯалӣ тавсия намуд, ки ӯро аз ҳар коре ҷуз касби дониш боздорад. (3)

Дере нагузашт, ки Ибни Сино ба дониши пизишкӣ гароид ва дар камтарин замон дар ин ришта забардаст шуд: “Сипас ба илми пизишкӣ гароидам ва китобҳоеро, ки дар он замон гирд овардаанд хондам ва илми пизишкӣ аз донишҳои душвор нест ва ночор ман дар камтарин замоне дар он забардаст шудам, то он ки пизишкон оғоз карданд пеши ман тибб бихонанд ва беморонро парасторӣ кардам.” (4)

Шайхурраис аз 16-солагӣ ба шакли ҷиддӣ ва шабонарӯзӣ мутолеаи фалсафаро оғоз намуд: “Ва хондани мантиқ ва ҳамаи аҷзои фалсафаро аз сар гирифтам ва дар ин муддат ҳеч шабро то поён нахуфтам ва ҳеч рӯзро ҷуз он коре надоштам ва ҳар чӣ буд бар ман ошкор шуд…” (5)

Як рӯз дар бозори китобфурӯшон марде китоберо ба қимати ночизе бар ӯ арза кард. Шайхурраис нигоҳе ба китоб андохт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар мавзӯи мобаъдуттабиъа аст; китобе буд дар шарҳи мабонии фалсафаи илоҳӣ аз Абӯнасри Форобӣ. Мутолеаро оғоз намуд: “Ва дар ҳамон замон ағрози ин китоб бар ман гушуда шуд, бад-он ҷиҳат, ки дар дили ман омода буд ва аз он шодӣ кардам ва рӯзи дигар моли бисёр ба тиҳидастон садақа додам, сипос Худойро!” (6)

Дар ҳамин авон, Амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дучори бемории сахте гардид, ба гунае, ки пизишкон аз дармони ӯ дармонданд. Овозаи Ибни Сино дар табобат мӯҷиб шуд ӯро ба болини ин фармонраво фаро хонанд. Ӯ ба кӯмаки табибони дигар ба дармонаш пардохт ва пас аз он аз муқаррабони Амир Нӯҳ ибни Мансур гардид. (7) Аз баракоти ин ошноӣ, роҳ ёфтани Шайхурраис ба китобхонаи бузург ва машҳури дарбори Сомонӣ буд. Мегӯяд: “Ба саройе андар шудам, ки хонаҳои бисёр дошт ва дар ҳар хонае сандуқҳои китоб буд, ки рӯйи ҳам анбошта буданд, дар як хона китобҳои тозӣ (арабӣ) ва шеър, дар дигаре фиқҳ ва бад-ин гуна дар ҳар хонае китобҳои донише.” (8)

Ибни Сино дар он китобхона аз китобҳое ёд мекунад, ки то он замон ба чашм надида буд, аз ин рӯ китобҳоеро, ки ниёз дошт мутолеа намуд ва баҳраҳои фаровон бурд, ба гунае, ки мегӯяд: “Чун ба 18-солагӣ расидам, аз ҳамаи ин донишҳо фориғ омадам.” (9)

* * *

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

Бад нест ба ин нукта ишора шавад, ки агар дар як ҷомеа нобиғае зуҳур мекунад, ин зуҳур, на танҳо ба далели ин аст, ки ин одам аз истеъдоди фавқулъодае бархӯрдор будааст, балки омилҳои дигаре ҳам дар зуҳури ӯ муассир аст ва балки метавон гуфт, омилҳои дигар саҳми бештаре дар зуҳури нобиға дар як ҷомеа доранд.

Ин ҷо фақат ба ду омили асосӣ ишора мекунам: яке, муҳит, ва дигар, вазъи иқтисодӣ ва молӣ.

1) Муҳити Ибни Сино, як муҳити бисёр омода барои зуҳури нобиғаҳо буд, манзурам даврони Сомониён аст. Азизон таваҷҷӯҳ доранд, ки дар даврони Сомониён, на танҳо мо Бӯалиро доштем, балки Форобӣ, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳоямон, ба ҳамон даврон таъаллуқ доранд. Сомониён як давлати комилан мустақил ва қудратманд ва яке аз абарқудратҳо дар он даврон ба шумор мерафт. Умарои сомонӣ ҳарчанд ба зоҳир аз халифаи аббосӣ итоат мекарданд, вале дар воқеъ ҳеч вобастагие ба он надоштанд, балки баръакс, ин сомониҳо буданд, ки дорои таъсир ва нуфузи фавқулъодае дар дастгоҳи хилофати аббосӣ буданд.

Ба сухани дигар, вақте давлати шумо як давлати мустақил (аз ҳамаи ҷиҳот) бошад ва мардумаш аз рафоҳи хубе бархӯрдор бошанд, ин шароит қатъан заминаи бурузи нобиғаҳо дар он ҷомеа хоҳад шуд.
Ва ҳамчунин, умарои сомонӣ (аксари онҳо албатта) одамони бисёр илмдӯст буданд, барои илму маърифат ва уламо арҷ мениҳоданд. Тибқи навиштаи Наршахӣ, дар даврони Сомониён, обрӯмандтарин ва мӯътабартарин табақа, табақаи уламо ва донишмандон ва шуаро буданд. Дарбори Сомонӣ онҳоро аз назари молӣ хуб таъмин мекард. Ва аз ҳамин рӯ буд, ки мардум бештар мехостанд фарзандонашон олиму донишманд шаванд, на масалан қозӣ ё низомӣ ва ё ғайра. Чаро? Чун одамони пулдор дар он замон, олимон ва муаллимон ва донишмандон буданд.

Хулоса, муҳит хеле таъсиргузор аст. Агар дар як ҷомеа, олиму донишманду муаллиму устоди донишгоҳу мухтареъу ғайра аз эътибори лозим бархӯрдор набошанд ва дорои сарвату моли лозим ҳам набошанд, ва ба ҷойи он, низомиҳо ва қозиҳо (судяҳо) ва додситонҳо ва кормандони умури молия, дорои сарвату мол бошанд, дар якчунин ҷомеае мардум дӯст доранд фарзандонашон қозӣ ё додситон ё корманди умури молия ва ин ҷур пешаҳо шаванд ва алоқа ба илму маърифат дар он ҷомеа камранг мегардад.

2) Омили дигар, омили иқтисодӣ аст. Азизон медонанд, ки падари Ибни Сино як одами бисёр сарватманд буд ба қадре, ки вақте дид писараш ба илму дониш алоқа дорад, як муаллими хусусӣ барои писараш мегирад (Нотилӣ) ва ин муаллим ба манзили онҳо меомад ва ба сурати хусусӣ тадрис мекард. Агар одам аз назари иқтисодӣ хуб таъмин бошад, табиӣ аст, ки ӯ вақти кофӣ барои донишандӯзӣ дорад. Аммо агар аз ин назар мушкил дошта бошад, дигар шароите барои ӯ барои андӯхтани илм вуҷуд надорад. Фарз кунед, агар падари Бӯалӣ як одами ба истилоҳи худамон камбағале буд, чӣ кор мекард? Ба писараш мегуфт, бисмиллоҳ, бирав бозор ва ҷое дигар ва пул кор кун ва ё масалан бирав ба кишваре (мисли Русия дар имрӯз) ва кор кун!

Бинобар ин, агар мо имрӯз мехоҳем дар ҷомеаи мо аз нав нобиғаҳое зуҳур кунанд, ин ду омилро бояд дар назар гирем. Мақоми илму дониш ва уламо ва муаллимону устодони донишгоҳ дар ҷомеа, олитарин мақом гардад, онҳо аз назари молӣ аз тарафи давлат хуб таъмин шаванд, бояд коре кард, ки инҳо сарватмандтарини табақа дар ҷомеа гарданд.

Ва аз он тараф ҳам, кишваре комилан мустақил дар ҳамаи ҷиҳот шавем, иқтисоди кишварамон хуб гардад, рӯи пои худ биистем, хаттамон аз худамон бошад, на бегона ва ғайра.

* * *

Пайнавишт:

(1) Пури Сино, Саъид Нафисӣ, с.63.

(2) Ҳамон, с.63.

(3) Дурратул ахбор ва лумъатул анвор, Муншии Яздӣ, с.29-39.

(4) Пури Сино, Саъид Нафисӣ, с.64.

(5) Ҳамон, с.64.

(6) Ҳамон, с.65.

(7) Ахборул ҳукамо, с.269-278.

(8) Пури Сино, Нафисӣ, с.65.

(9) Ҳамон, с.65.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: