Перейти к содержимому

Поёни иттиҳоди Амороти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ дар Яман

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Аҳмад Алмайсирӣ, вазири кишвари давлати Яман, шуҷоътару ҷасуртар аз бақия буд замоне, ки ба шикасти нерӯҳои ба истилоҳ “давлати қонунӣ” дар баробари ҳамлаи нерӯҳои вобаста ба Шӯрои миллии интиқолии ҷануби Яман бо ҳимояти 400 зиреҳпӯши аморотӣ эътироф кард. Ин ҳамла боис шуд, ки нерӯҳои Шӯрои миллии интиқолӣ ҳамаи марокизи низомӣ ва кохи риёсати ҷумҳуриро дар минтақаи Алмаъошиқ ба тасарруфи худ дароваранд. Ба гуфтаи Алмайсирӣ, ин ҳамла боис шуд “он чи аз ҳокимияти давлати ба истилоҳ қонунӣ дар Адан боқӣ монда буд, аз байн биравад.”

Хатарноктар аз ин эътироф иттиҳоме аст, ки оқои Алмайсирӣ дар ҳисоби расмиаш дар Твиттер матраҳ кард ва ҳампаймони арабистониро муттаҳам кард, ки “чаҳор рӯз дар қиболи ин ҳамла сукут ихтиёр кард, дар ҳоле, ки ҳампаймони дигар (Аморот) ҳамаи моро аз байн мебурд бидуни он ки Риёз барои ҳимоят аз мо дахолат кунад ва риёсати ҷумҳурии Яман низ сукути машкуке карда буд.” Ҳолати хашми ин вазири яманӣ ба ҳадде расид, ки бо масхара “ба Аморот барои ин пирӯзӣ табрик гуфт” ва таъкид кард, ки нерӯҳои худаш бо силоҳҳои ибтидоӣ ҷангиданд ва таҳдид кард, ки ин набард охир нахоҳад буд.

Твиттҳои пур аз яъсу ноумедии Алмайсирии вазир, тасвире содиқона ва дуруст аз авзоъи кунунӣ дар шаҳри Адан тарсим мекунад; шаҳре, ки қарор буд пойтахти муваққати давлати ба истилоҳ қонунӣ ба риёсати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури фирории Яман, ки дар Риёз иқомат дорад шавад, вале ба назар мерасад, ки Ҳодӣ ҳар ду пойтахти худро аз даст дод: ҳам пойтахти доимӣ ва ҳам муваққаташро; амре, ки мизони заъфаш дар рӯёрӯӣ бо душманонаш — ҳам Шӯрои ҷудоиталаб дар Адан ва ҳам ҷунбиши Ансоруллоҳи Ҳусӣ дар Санъоро бозтоб медиҳад.

Дар чунин фазое, Арабистони Саудӣ даъват ба баргузории нишасте миёни тарафҳои даргир дар Адан кард ва шаҳри Ҷидда дар соҳили дарёи Сурхро барои музокира ба манзури ҳалли ихтилофот миёнашон интихоб кард ва шайх Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ бори сафар ба Маккаи Мукаррама баст, то бо Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ ва шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳдаш — он ҳам барои нахустин бор пас аз эъломи қасди Аморот барои хуруҷи бахши умдае аз нерӯҳои аморотӣ аз Яман — дидор кунад.

Сафари шайх Бен Зоид ғайримунтазира буд ва истиқболи сарде, ки аз вай дар фурудгоҳи Ҷидда бо ғайбати “дӯсташ” шоҳзода Муҳаммад бен Салмони валиаҳд (шоҳзода Холид бен Салмон муовини вазири дифоъ аз вай истиқбол кард) сурат гирифт, бозтобдиҳандаи ҳолати “сардӣ” аст, ки бар равобити Арабистон ва Аморот ва низ миёни ду Муҳаммад ба далели хуруҷи нерӯҳои аморотӣ ва сайтараи нерӯҳои мавсум ба “Камарбанди амниятӣ”-и вобаста ба Шӯрои интиқолии муваққат бар кохи риёсати ҷумҳурии Алмаъошиқ, ҳоким аст.

Барои мо бисёр душвор аст, ки бидонем дар дидорҳои меҳмони аморотӣ ва мизбононаш яъне подшоҳ ва валиаҳди Арабистон пушти дарҳои баста чӣ гузашт, зеро иттилооте, ки дар ин замина хабаргузориҳои расмии ду кишвар (Арабистон ва Аморот) мунташир карданд, бештар таъоруфгуна буд, вале ин қобили таваҷҷӯҳ буд, ки хабаргузории Аморот ба нақл аз шайх Бен Зоид гузориш дод, ки вай аз тарафҳои ямании даргир дар Адан хост, ки “даъвати Арабистон барои гуфтугӯро ғанимат шумурда ва ба он ба диди мусбат нигоҳ кунанд, зеро гуфтугӯ танҳо роҳи ҳалли ихтилофот миёни яманиҳост”. Ҳоло оё ин даъват ба маънои омодагии вай барои фишор бар ҳампаймононаш дар Шӯрои интиқолии муваққат аст, то дар гуфтугӯҳои эҳтимолӣ имтиёз диҳанд ва аз дастовардҳояшон дар рӯи замин ақибнишинӣ кунанд?

Дуруст аст, ки бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, шайх Бен Зоид таъкид кард, ки “равобит миёни Аморот ва Арабистони Саудии бародар равобите амиқу муҳкам буда ва ҳаст ва хоҳад монд, зеро бар пояҳои муҳкаму решадори бародарӣ ва ҳамбастагӣ ва сарнавишти муштарак қарор дорад”, бо вуҷуди ин, хабаргузории Арабистони Саудӣ ба ин дидор напардохт. Вале ҳамаи инҳо ин воқеиятро наметавонад инкор кунад, ки “Эътилофи арабӣ”, ки ду кишварро зери чатри худ дар ҷанги Яман ҷамъ карда буд, “мутазалзил” шудааст агар нагӯем, ки пас аз даргириҳо дар Адан ва хуруҷи бештари нерӯҳои аморотӣ аз Яман комилан аз ҳам пошидааст ва тармими дубораи он ба монанди чаҳор солу ними пеш ба бовари мо маҳол аст.

Оқои Айдарус Аззубайдӣ, раиси Шӯрои интиқолии ҷануб, аз даъвати Арабистон барои музокира ва гуфтугӯ дар Ҷидда истиқбол кард, вале ҳаргиз масъалаи пазириши шарти Арабистон яъне хуруҷи нерӯҳояш аз ҳамаи марокизу маконҳо аз ҷумла кохи риёсати ҷумҳурии Алмаъошиқ, ки дар ҳамлаи ахир ба тасарруф даровардааст фош накард ва чӣ басо бихоҳад аз онҳо ба унвони барги барандаи фишор дар музокироти оянда — агар баргузор шавад — истифода кунад.

Ба ҷумлаи муҳимме, ки дар твиттҳои оқои Алмайсирӣ, вазири кишвари Яман дар давлати Ҳодӣ баргардем, ки гуфт: “Ҳамлаи нерӯҳои Шӯрои интиқолӣ бо ҳимояти Аморот боқимондаи ҳокимияти давлати қонуниро аз байн бурд” ва мегӯем, ки ин ҷумла ба наҳве хулосаи на фақат поёни умри ин давлат аст, балки шикасти музокироти Ҷиддаро низ аз қабл эълом мекунад, зеро оқоён Аззубайдӣ ва Ҳонӣ бен Бурайк, муовинаш, ҳаргиз аз дастовардҳои Шӯрои интиқолӣ, ки таъминкунандаи баландпарвозиҳояшон барои ҷудоии ҷануб ё ҳаддиақал ҷудоии Адан аз Яман мебошад, чашмпӯшӣ нахоҳанд кард, ба ҳамин далел умедҳо барои муваффақияти ҳар гуна музокирае дар Ҷидда маҳдуд аст агар нагӯем вуҷуд надорад, магар он ки давлати Аморот тасмим гирифта бошад, ки ба таври куллӣ пушти Шӯрои интиқолиро холӣ кунад ва ҳимояту таслеҳи неруҳояшро мутаваққиф кунад; ин ҳам худаш масъалае аст, ки дар он шакку тардид вуҷуд дорад.

Мо бар ин бовар нестем, ки оқои Алмайсирӣ пас аз ин твиттҳои ҷасуронааш, ки ба далели дуруст будани онҳо давлатҳои Яман ва Арабистонро ба чолиш кашонд, муддати зиёде дар мақоми худ ба унвони вазири кишвар боқӣ бимонад. Бояд инро ёдоварӣ кунем, ки вай як узв дар давлати Суис (Швейтсария) ё давлати дигари урупоии мустақил, ки аз истиқлоли мутлақ бархӯрдор ҳастанд, нест. Мо акнун дар интизор ба сар мебарем ва рух додани ҳама навъ сурпройзе мумкин аст.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: