Перейти к содержимому

Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон ба талош барои кудето муттаҳам шуд

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, Олмосбек Ҳотамбоев, раисиҷумҳури собиқ, ки ҳафтаи гузашта дар ҳуҷуми нерӯҳои амниятӣ ба маҳалли иқоматаш боздошт шуд, қасди ба зер кашидани давлат бо кудеторо доштааст.

Орузбек Опумбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, имрӯз (сешанбе, 13 август) дар як конфронси хабарӣ гуфт: “Ба таври расмӣ эълом мекунам, ки қасди ӯ (Ҳотамбоев) кудето будааст.”

Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуд. Талоши нерӯҳои амниятӣ дар як рӯз пеш аз он барои дастгирии раисиҷумҳури собиқ, бо муқовимати тарафдоронаш ноком монд ва як нерӯи амниятӣ дар ҷараёни даргирӣ кушта шуд. Дастгирии Ҳотамбоев пас аз он сурат гирифт, ки ӯ се ҳукм барои бозпурсӣ дар иртибот бо озодии яке аз чеҳраҳои мофиёӣ дар давраи риёсати ҷумҳуриашро нодида гирифта буд.

Қирғизистон дар Осиёи Миёна, ки шоҳиди ду инқилоб дар муддати камтар аз ду даҳа будааст, ҳамакнун шоҳиди рақобат ва ҷанги қудрат байни Соорунбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури феълӣ бо Ҳотамбоев раисиҷумҳури собиқ аст, ки аз соли 2011 то 2017 раисиҷумҳури Қирғизистон буд.

Ин кишвар, ки ҳамвора ба унвони “ҷазираи субот” дар Осиёи Миёна маҳсуб шудааст, акнун шоҳиди ҷанги қудрат байни раисиҷумҳури кунунӣ ва собиқ аст, ки ҳар кадом дигариро ба хешовандсолорӣ ва фасоди идорӣ муттаҳам мекунанд.

Ҷеенбеков ва Ҳотамбоев замоне дӯсту ҳампаймон буданд ба тавре, ки Ҳотамбоев дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2017 аз Ҷеенбеков ҳимоят карда буд. Бӯҳрони кунунӣ пойи Русияро низ ба миён кашидааст ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, чанде пеш бо ҳар як аз раисиҷумҳури кунунӣ ва собиқи Қирғизистон дидор кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: