Перейти к содержимому

Фармони “махфӣ”-и Озода Раҳмон ба вазорату кумитаҳо оид ба сатру ҳиҷоб

Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ, дар як фармони “махфӣ”, ба вазорату кумитаҳо дастур додааст, то “воридот ва фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегонаро манъ намоянд”.

Дар ин дастур, ки нусхае аз он ба дасти мо расид ва аслан равшан нест чаро мӯҳри “махфӣ” ба он хӯрда, дар ҳоле ки мубориза ва пайкори ин ҳукумат бо сатру ҳиҷоб маъруфу машҳур аст, ба КДАМ, Вазорати кишвар (дохила), Кумитаи дин ва ғайра дастур шуда, то “воридот ва фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегонаро манъ намоянд.”

Инак, матни фармони мазкур:

Махфӣ

Нусха аз протоколи

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 29 июли соли 2019

№7

Ш.Душанбе

29. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, Вазорати корҳои дохилӣ (Раҳимзода Рамазон), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (Ятимов Саймумин), кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (Давлатзода Сулаймон), кор бо занон ва оила (Қосимзода Идигул), кор бо ҷавонон ва варзиш (Абдуллозода Аҳтам), телевизион ва радио (Шоҳиён Маҳмасаид), Хадамоти гумрук (Каримзода Хуршед), МД “Маркази исломшиносӣ”, Шӯрои уламои маркази исломӣ (Абдуқодирзода Саидмукаррам), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, раёсатҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ (Файзуллозода Шараф), илму маърифат (Абдухолиқзода Лутфия), шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Вализода Одинашоҳ):

— воридот ва фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегонаро манъ намоянд (махфӣ);

32. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои мазкур ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон Озода Эмомалӣ

Имзо

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: