Перейти к содержимому

Ду нишонаи барҷастаи комёбӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муваффақият ду нишонаи барҷаста дорад: яке ин ки шумо — чӣ як фардед ва чӣ як гурӯҳ — душманону мухолифони зиёде дошта бошед. Ва дигар он ки: ҳамеша дар маърази таваққӯъи дигарон буда ва мардум аз шумо интизороте дошта бошанд. Ин ду нишона, аз барҷастатарин нишонаҳои комёб будани шумост.

Ба сухани дигар, агар бихоҳед бидонед, шумо аз чӣ ҷойгоҳе дар ҷомеа бархӯрдоред, аввал бояд бибинед, ки оё душманоне доред ё надоред?! Ва дар сонӣ, бибинед, оё ин шумоед, ки аз дигарон таваққӯъ дорад, ё ин дигарон ҳастанд, ки аз шумо таваққӯъ доранд?!

Агар ҳеч душману мухолифе надошта бошед, пас бидонед, шумо як одами бетафовуту бемаззае будаед. Чаро? Ба ин далел, ки одамӣ, аз ду ҳолат берун нест: ё ин ки одами хубу некӯкорест ва ё инсони баду шарурест. Агар хубу нек аст, пас қатъан одамони бадсиришт душманони ӯ хоҳанд гардид; зеро дар баробари Мӯсоҳо, ва дар ҳар ҷомеае, ҳамеша Фиръавнсифатон қад алам карда ва мекунанд. Вале агар одами шарур аст, пас Мӯсоҳо душмани ӯ хоҳанд буд; чаро ки ҳеч ҷомеае аз вуҷуди ислоҳгароён ва Мӯсоҳо холӣ нест.

Пас, муҳим ин аст, ки одам, одами хубу неке бошад, на ин ки ҳеч душмане надорад. Бо ин ҳисоб, агар дидед, одамони хуб душмани шумоянд, пас дар гуфтору рафтору кирдори худ таҷдиди назар кунед. Аммо агар бадсиголон душманатон ҳастанд, пас бояд хушҳол бошед ва бидонед, одами муваффақе будаед.

Ин ки як нафар ҳеч душмане надоштааст, ҳаргиз ин аломати муваффақияти ӯ нест, балки нишонаи ин аст, ки ӯ мавҷуде бетафовуту бемаззае будааст. Билохира, ҳеч ҷомеае аз вуҷуди бадкирдорон холӣ нест, дар ин сурат, агар ин одами “муваффақ”-и фарзӣ, дар баробари бадкирдорон ва беадолатиҳо наистад ва пайкор накунад, пас ҳеч тавфиқе надоштааст, одами бетафовуте будааст.

Ва аммо нишонаи дигари инсони комёб, чунонки дар боло зикр шуд, ин аст, ки ӯ, ҳамеша дар маърази таваққӯъу интизори дигарон аст, ва худи ӯ ҳаргиз аз дигарон таваққӯъе надорад. Агар мардум аз шумо масалан таваққӯъ доранд, ки ин ё он кореро бикунед ва ё ин гуна ё он гуна бошед, ин таваққӯъ, далелаш он аст, ки аз дасти шумо коре бармеояд, вагарна, агар ҳеч коре аз дасти шумо сохта набошад, аҳаде аз шумо ин интизорро надорад, ки он корро анҷом бидиҳед.

* * *

Ин ки дар садри ин навиштор аксе аз марҳум Устод Нурӣ овардаам, иллаташ он аст, ки аз даҳаҳои 90-ум ва ибтидои истиқлоли Тоҷикистон, Устод Нурӣ ва ҳизбаш, аз сӯе, мухолифону душманони фаровон доштанд, ва аз сӯи ҳам, пайваста дар маърази таваққӯъу интизори дигарон буданд. Душманӣ ва мухолифат бо Устод ва ҳизбаш (ҲНИТ), ба ҳадде аст, ки барои исботи он, ҳатто ниёз ба иқомаи далел ҳам нест, хеле ошкору ҳувайдост ва то ба имрӯз ҳам идома дорад — чӣ мухолифату душманӣ аз сӯи режими ҳоким ва дунболаравонаш, ва чӣ аз сӯи “мухолифони мухолифон” ва ба истилоҳ, “мулоимхунукҳо”, ки рӯзе нест алайҳи марҳум ва шогирдон ва ҳизбаш, заҳре напошанд.

Пас, ин душманиҳои муфрит ва мухолифатҳои ошкор агар ба чизе далолат кунанд, дар дараҷаи аввал, далолат бар ин мекунанд, ки марҳум ва ҳизбаш дар ҷомеаи мо аз ҷойгоҳи бисёр болое бархӯрдор аст. Вагарна, чаро бо ӯ ба мухолифат бармехезанд?! Чаро ҳамеша аз ӯ мегӯянд?! Чаро тамоми саъю талоши худро равонаи сиёҳ ҷилва додани ӯ ва ҳизбаш менамоянд?! Чаро?! Оё ҷуз ин ки дар арса ва майдони сиёсат, ба ғайр аз ӯ ва ҳизбаш, дигар ҳизбе, гурӯҳе ва шахсияте намоён нест?! Оё ҷуз ин аст?!

Оё метавон ин ҳақиқати ошкорро инкор кард, ки имрӯза агар касе бихоҳад аз ӯ номе бурда шавад ва ё бихоҳад ҷойгоҳе барои худ пайдо бикунад ва ба суханонаш таваҷҷӯҳ шавад, як “эродаке” ба марҳуми Устод ва ҳизбаш мегирад, то ба забони безабонӣ эълон карда бошад, ки мо ҳам ҳастем! Чаро ӯ масалан бо ҳизби ҳоким ё ҳизби сусиёлист (бо камоли эҳтиром ба аъзои ин ҳизб) ва ё як шахсияти дигар, ғайр аз марҳуми Устод ва шахсияте аз ҲНИТ, даст ба гиребон намешавад?! Далелаш ин аст, ки ӯ медонад, ки ҳизби ҳокиму соири аҳзоб, дар ҷомеаи мо, ададе нестанд! Шояд барои худ пайравону аъзои тақаллубӣ дуруст карда бошанд, аммо дар ҳақиқат, онҳо ададе нестанд. Барои ҳамин аст, ки ӯ худро муваззаф медонад ҲНИТ ва ё Паймони Миллии Тоҷикистонро мавриди ҳамлаи худ қарор бидиҳад агар мехоҳад барои худ ҷойгоҳе дуруст кунад.

Роқими ин сатрҳо борҳо ва ба такрор дар навиштаҳои худ ёдовар шудаам, ки агар касе бихоҳад худро “исбот” кунад, майдон холист, бисмиллоҳ, кор кунед, аммо бо камоли таассуф, онҳо мехоҳанд фақат бо “мухолифат” бо мухолифон, будани худро “исбот” намоянд, дигар роҳе ҷуз ин надоранд, чун аҳли кор нестанд.

Нишонаи дуввумӣ ҳам, ки ишора шуд, дар вуҷуди марҳуми Устод Нурӣ ва ҳизбаш мебинед. Магар на ин аст, ки 20-у анде сол аст, ки ҳарфи дигарон пайваста ин будааст, ки Устод ё ҲНИТ бояд чунин мекарданд ё чунон мекарданд, бояд ин гуна мебуданд ё он гуна мебуданд?! Чаро ин ҳама таваққӯъу интизорот?! Оё ҷуз ин ки медонанд, марҳуми Устод ва ҳизбаш, тавони анҷоми ин ё он корро доштанд ва доранд?! Оё тафсири дигаре барои ин таваққӯъҳо метавон пайдо кард?! Ҳаргиз! Ва дар муқобил, оё боре дидаед, ки марҳум ва ё ҳизбаш, аз як ҳизб ё гурӯҳе (ба ҷуз режими ҳоким) таваққӯъе дошта ва онро изҳор намуда бошанд?! На. Тамоми таваққӯъҳо ва интизорот аз ӯ ва ҳизбаш мешуд ва имрӯз ҳам мешавад.

Ароизамро ҳаминҷо ба поён мерасонам ва як бори дигар ёдовар мешавам, ки ин ҳама душманиҳо ва интизорот аз ҲНИТ ва ПМТ, далеле надоранд чуз ин ки ҳамон “душман” ва “таваққӯъкунанда” медонад, ки агар коре дар ҷомеаи мо аз дасти касе сохтааст, он даст ҷуз ҲНИТ ва ПМТ нест.

Дар охир, холӣ аз фоида нест ин гуфтор аз Винстун Черчилро биёварам:

Ту душманоне дорӣ? Хуб аст. Ин нишон медиҳад, ки дар зиндагият баъзе вақтҳо барои чизе муқовимат кардаӣ.”

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: