Перейти к содержимому

Ангилис саранҷом киштии эрониро озод кард // Зариф: “Дуздии дарёии Омрико ноком монд”

Ангилис саранҷом баъд аз панҷ ҳафта, киштии эронии “Grace 1”-ро, ки дар Ҷабалутториқ тавқиф карда буд озод кард.

Ба гузориши Ирно, ба рағми фишорҳо ва мухолифатҳои бисёри Омрико, киштии “Grace 1” — ҳомили нафти Эрон ҳамакнун озод аст ва ба ҳамроҳи хадамаи худ метавонад ҳар ҷо ки бихоҳад, нақли макон кунад.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, асри панҷшанбе дар вокуниш ба нокомии Омрико дар мумониат аз озодии “Grace 1” гуфт, ки сиёсатҳои Тромп дар пеш бурдани теруризми иқтисодӣ бо шикаст ҳамроҳ будааст.

Зариф дар паёми твиттерӣ навишт: “Омрико дар пеш бурдани аҳдофи худ дар теруризми иқтисодӣ алайҳӣ Эрон шикаст хӯрда.”

Девони олии Ҷабалутториқ субҳи дирӯз (панҷшанбе) тасмимгирӣ дар хусуси рафъи тавқифи нафткаши “Grace 1”-ро ба дунболи дархости Омрико аз мақомоти он кишвар то аср ба таъвиқ андохта буд.

Euronews навишт: “Як мақоми аршад дар дафтари вазири аввали давлати Ҷабалутториқ ба ин шабакаи хабарӣ гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида дархост кардааст, ки бар асоси иддаоҳои матраҳшуда дар хусуси нафткаши Grace 1, ин нафткашро тавқиф кунад.”

Нафткаши Grace 1 ҳомили 2.1 милюн бушкаи нафти Эрон, ки аз 4 июл тавассути пулиси Ҷабалутториқ ва нерӯҳои вежаи Ангилис тавқиф шуд, боиси эҷоди бӯҳрони диплумотик байни Теҳрон ва Ландан шуд.

Дар 19 июл, Эрон низ ба иллати “адами риояти муқаррароти байналмилалӣ” як тонкери нафтии Ангилис ба номи «Stena Impero”-ро дар тангаи Ҳурмуз тавқиф кард.

Хабаргузории Фаронса дар нахустин соатҳои рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки Девони олии Ҷабалутториқ қарор аст имрӯз парвандаи Grace 1-ро аз соати 10.30 ба вақти маҳаллӣ баррасӣ ва интизор меравад имрӯз ҳукмро содир кунад. Ин дар ҳоле аст, ки тавқифи нафткаш то 19 август тамдид шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: