Перейти к содержимому

Ҷойгоҳи урф дар шариати исломӣ

Аллома Ибни Обидин (р), аз фуқаҳои маъруфи ҳанафӣ дар “Расоил”-и худ мегӯяд:

Бидон, ки масоили фиқҳӣ чунинанд, ки ё ба сареҳи насс собитанд (ва тағйир намепазиранд мисли вуҷуби намозу рӯзаву ғайра) ва ё ба навъе иҷтиҳоду раъй собитанд. Аммо бисёре аз онҳо чунин нестанд (яъне собит нестанд), балки муҷтаҳид бар асоси урфи замони худ онҳоро баён мекунад ба гунае, ки агар дар зарфи дигаре аз замон қарор медошт, бар хилофи он чи аввал гуфтааст баён мекард.

Аз ин рӯст, ки дар шартҳои иҷтиҳод гуфтаанд, ки муҷтаҳид бояд бо одоти мардум ошно бошад. Зеро бисёре аз аҳком бо ихтилофи замон тағйир мекунад ё ба хотири тағйири урфи аҳли он замон ва ё ба ҷиҳати пеш омадани зарурате ва ё фасоди аҳли замон…

Агар ҳукм, ба ҳамон сурате, ки аввал буд боқӣ мемонд, бешак машаққату зиён барои мардум пеш меомад ва бо пояҳои шариат, ки бар асоси сабукӣ ва осонӣ ва дафъи зарар ва ғайра устуворанд, мухолиф мегардид.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки машойихи мазҳаб (манзураш машойихи мазҳаби ҳанафӣ)-ро мебинӣ, ки бар хилофи фатвои муҷтаҳиде, ки дар урфи худаш фатво содир кардааст, фатво медиҳанд. Чун медонанд, ки ҳамон муҷтаҳид агар дар замони онҳо мебуд, ҳар ойина ба ҳамин тарзе, ки худ фатво медиҳанд фатво медод…

Масалан: Муҷтаҳидон имрӯз фатво медиҳанд, ки муаллими Қуръон метавонад аз шогирдон ба хотири таълимаш пул гирад ба хилофи фатвои собиқин, ки дарёфти пулро дар ин замина ҷоиз намедонистанд. Чун агар имрӯз муаллими Қуръон пул нагирад, ҳам худаш ва ҳам хонаводааш зойеъ хоҳанд шуд ва агар ба кори дигаре машғул шавад, Қуръону дин зойеъ хоҳанд гардид…”

(“Расоилу Ибни Обидин”, 2/123‒145)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: