Перейти к содержимому

Чаро озодии киштии эронӣ, аввал шикасти Омрикост баъд Ангилис?

Чаро озодии нафткаши Эронро аввал шикасте барои Омрико медонем баъд Ангилис? Чӣ гуна зиракӣ ва ҳушёрии Эрон муодилаи ҷадиде дар минтақа эҷод кард? Оё Исроил ва муттаҳидонаш (созишкорони араб) алифбои ин муодиларо мутаваҷҷеҳ мешаванд? Рӯёрӯии оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Озодии нафткаши эронии Grace 1, ки аз 4 июл тавассути мақомоти Ҷабалутториқ дар тавқиф буд, барои сарони Эрон, ки ин бӯҳронро бо қудрат ва зиракии худ мудирият карданд, шикасте барои Омрико буд, ки дар садади коршиканӣ дар озодии ин нафткаш буда ва расман дархости тамдиди тавқифи онро дод, аммо дархости онҳо бо бетаваҷҷӯҳии наздиктарин муттаҳидаш рӯ ба рӯ шуд.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, се рӯз қабл дар сафар ба Ангилис, бо Борис Ҷонсун, нахуствазири ин кишвар дидор кард ва фишорҳои зиёде барои мумониат аз озодии ин киштӣ анҷом дод, аммо ин талошҳо ба натиҷа нарасид, зеро давлати Ангилис тасмим гирифт аз сиёсатҳои аҳмақонаи Омрико ҳарчанд ба шакле ҷузъӣ фосила гирифта ва ҷониби манофеи худро дар минтақа бигирад ва ҳар чи сареътар нафткаши тавқифшудаи худ дар Бандар Аббоси Эронро озод кунад ва ин камоли ақлу хирадмандӣ аст.

Тавқифи нафткаши Эрон бо таҳрики давлати Тромп, иштибоҳи бузурги давлати Ангилис буд. Онҳо муҳосибаи иштибоҳ аз вокуниши Эрон доштанд ва гумон мекарданд мақомоти Эрон назди онҳо зону зада ва узрхоҳӣ ва талаби бахшиш мекунанд.

* * *

Комилан равшан буд, аз лаҳзаи аввале, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ҳушдор дод, ки тавқифи нафткаши эронӣ тавассути Ангилис, бо вокуниши мушобеҳе, агар бузургтар набошад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва пас аз итмоми мӯҳлати дуҳафтаии Эрон, ки дар он Ангилис ҳушдорҳоро нодида гирифт, Оятуллоҳ Хоманаӣ бори дигар собит кард, ки ҳарф мезанад ва амал мекунад ва ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон суфориш кард, то таҳдидҳои ӯро амалӣ кунад. Сипоҳи Посдорон билофосила киштии ангилисиро аз миёни чаҳор нови ҷангии Омрико монанди муш гирифт ва аз саҳнаи он филмбардорӣ кард ва дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, то ҳамаи дунё бибинанд ин иттифоқ як чолиши бесобиқа буд.

Мақомоти Ангилис ду бор хато карданд: аввал вақте, ки дастурҳои Омрикоро иҷро карда ва нафткаши эрониро тавқиф карданд ва дуввум ҳангоме, ки ин иштибоҳро ислоҳ накарданд ва таҳдидҳои Эронро ҷиддӣ нагирифтанд. Аммо ба эътиқоди мо, ин иштибоҳро сареъан ислоҳ карданд вақте, ки ба хостаи Болтон дар бораи тамдиди тавқифи нафткаш посухи рад доданд ва истиқлоли чашмгири худро аз ин давлати сардаргуму аҳмақи Омрико нишон доданд, ки арӯсак дар дасти лобиҳои Исроил шудааст.

Мо гуфтаем ва муҷаддадан таъкид мекунем, ки Эрон руҳияи шаҳодатталабӣ дорад ва аз ҳамин рӯст, ки як паҳподи омрикоиро сарнагун мекунад, ваъдаҳои худро дар бораи афзоиши ғанисозии ураниюм амалӣ мекунад ва нерӯгоҳҳои ҳастаии Арокро муҷаддадан бо поёни мӯҳлати ду моҳае, ки ба Урупо барои костан аз фишори таҳримҳои иқтисодии Омрико алайҳи Эрон дод, роҳандозӣ мекунад.

Барои Тромп муштабаҳ шуда буд, ки Эрон ҳам мисли муттаҳидони араби ӯ дар халиҷи Форс рафтор хоҳад кард, ки таслими ҳамаи хостаҳояш мешаванд, ҳамаи диктаҳояшро иҷро мекунанд ва хазонаи худро бечунучаро рӯи боҷхоҳиҳои молии Омрико боз мекунанд, аммо ӯ чӣ қадр дар муҳосиботи худ иштибоҳ кард.

Аз имрӯз нафткашҳои Эрон тангаҳои дунёро аз ҷумла ҳамин тангаи Ҷабалутториқро озодона гашт хоҳанд зад, зеро ҳеч кишваре аз ҷумла Омрико ҷуръати тавқифи онро надорад. Зеро хоҳанд фаҳмид, ки посухи Эрон омода хоҳад буд мисли он чи барои Ангилис ва Бразил рух дод. Шояд бояд ёдоварӣ кард, ки Бразил дар садади таъарруз ба киштиҳои эронӣ буд вақте, ки хости Омрико барои сӯхт надодан ба киштиҳои эрониро иҷро кард, аммо вокуниши Эрон дар таваққуфи ҳамаи воридот аз Бразил барои ӯ гарон тамом шуд.

Омрико худро дар интиқом аз сарнагунии паҳподаш нотавон мебинад ва эътибори худро ҳам аз даст дод, зеро иддао кард як паҳподи Эронро сарнагун карда ва видеои онро барои собит кардани ин воқеият мунташир мекунад, аммо як моҳ аст мо мунтазири ин видео ҳастем ва ба назарам расади ин интизор тӯлонӣ хоҳад шуд.

* * *

Сиёсати чашм дар баробари чашм, ва нафткаш дар баробари нафткаш, танҳо забоне аст, ки давлати Тромп ва муттаҳидонаш мефаҳманд ва эрониҳо ҳаргиз таслими таҳрим нахоҳанд шуд, аз ҳаққи қонунии худ дар бархӯрдорӣ аз зиндагии шарофатмандона ва дар ихтиёр доштани омилҳои қудрат барои дифоъ аз худашон дар баробари душмани омрикоӣ кӯтоҳ нахоҳанд омад.

Ангилис таслими таҳдидҳо шуд ва ҷиддияти онро дарк кард ва нафткаши эрониро озод кард ва кори дурустро кард. Мо мутмаиннем, ки давлати Тромп ҳам дар ниҳоят таслим хоҳад шуд ва ба тавофуқи ҳастаӣ бозмегардад ва таҳримҳои иқтисодии золимонаро рафъ хоҳад кард, зеро дигар гузинаҳо барои ӯ ва муттаҳидонаш ва пойгоҳҳояш дар минтақа ва балки дар ҳамаи дунё, пурҳазина аст.

Тромп чизе ба номи шарофати миллӣ намешиносад ва ҳатто намедонад мардуме ҳастанд, ки ҷону моли худро фидои шарофати миллии худ мекунанд, ва дар садри онҳо, миллати Эрон ва муттаҳидонаш дар Меҳвари муқовимат ҳастанд.

Ин пирӯзии Эрон дар қазияи нафткаши эронии Grace 1, паёме ба Исроил ва муттаҳидони ҷадиди ӯ аз миёни созишкорони араб ҳам аст, ки умедворем мазмуни онро ва вожа ба вожа онро дарк кунанд. Ин пирӯзӣ барои Меҳвари муқовимат ва оғозгари гушоише ҷадид барои уммат аст ва нуқтаи поёне бар асри шикастҳо ва ҳежмунии Омрико ва Исроил аст ва он чи дар оянда иттифоқ хоҳад афтод, бузургтар аст… Хоҳем дид.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: