Перейти к содержимому

Бозгашт ба хатти форсӣ, садди муҳкаме муқобили ифротгароӣ аст

Сайидмаҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва каломи исломӣ, бо баёни ин ки “агар сиёсатмадорони ҳоким дар Тоҷикистон камтарин иттилое аз муҳтавои адабиёти форсӣ медоштанд, барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ҷараёноти ифротӣ ва такфирӣ дар миёни ҷавонони тоҷик, аввалин коре, ки мекарданд, бозгашт ба хатту дабираи форсӣ буд” гуфт: “Адабиёти форсӣ бештар маҳсули тафаккури исломи суннӣ бо гароиши ирфонӣ аст, то маҳсули тафаккури шиъӣ.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, забони форсӣ ҷудои аз забони тамаддунӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ, ба унвони забони ислом ва мусалмонӣ низ дар миёни мардуми ин минтақа шинохта мешавад. Бисёре аз осори таърихии барҷастаи мазҳабӣ ба ин забон нигошта шуда ва чеҳраҳои барҷастае назири Баҳоуддини Нақшбандӣ низ ба ин забон такаллум мекарда ва менавиштаанд.

Аз ин рӯ, мавзӯи алифбои ниёгон дар Тоҷикистонро наметавон муҷаззо аз дини ислом дар ин кишвар дар назар гирифт. Бинобар ин, ба манзури баррасии ҷанбаҳои исломии тағйири алифбо дар Тоҷикистон, Тасним бо оқои Сайидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва каломи исломӣ, мусоҳибае тартиб дода, ки дар идома мехонед:

Тасним: Яке аз меҳварҳои муҳимми тағйири алифбо дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, қатъи пайванди мардуми тоҷик бо ҳамзбонони эронӣ ва афғонистонӣ унвон мешавад. Дар канори ин мавзӯъ оё метавон иддао кард, қатъи иртиботи тоҷикҳо бо ҷаҳони ислом ҳам аз ҷумлаи аҳдофи сарони ҳизби кумунист аз тағйири алифбо будааст?

Бурҳонов: Барои пай бурдан ба ҳадафи аслии тағйири алифбо тавассути ҳукумати Шӯравӣ, бояд ба зербинои фикрии он ҳукумат нигоҳ кард. Ҳукумати Шӯравӣ бар асоси идеулужии морксистӣ бино шуда, ки ҳадафи ниҳоии он, ташкили ҷомеаи кумунистӣ мебошад. Ҷомеае комилан якранг дар ҳамаи ҷанбаҳо, чӣ ҷанбаи фарҳангӣ, чӣ иҷтимоӣ ва чӣ ҳатто иқтисодӣ. Аз назари кумунистҳо, монеъи аслии вусул ба чунин ҷомеае, ду омил аст: яке дин, ва дуввум моликияти хусусӣ. Кумунистҳо динро афюни миллат меномиданд. Зеро мӯътақид буданд, ки дин ҳамеша василае дар дасти соҳибони қудрат барои таскини қалби мустазъафон ва фиреби онҳо будааст, то онҳо дили худро ба ваъдаҳои охират хуш кунанд ва бар алайҳи қудратмандон шӯриш накунанд. Моликият низ ҳамеша василае дар дасти сарватмандон буда, то аз бенавоён ҳар чи бештар кори бемузд бикашанд.

Бинобар ин, мебинем, ки кумунистҳо бо тамоми тавон бо ин ду омил, яъне дин ва моликияти хусусӣ мубориза кардаанд. Ҳар чизеро, ки битавонад дар хидмати ин ду омил қарор бигирад, саъй дар маҳви он карданд.

Аз ин рӯ, ҳукумати Шӯравӣ дар ҳамон аввал, ҳамон тавре, ки тамоми заминҳо ва амлок ва куллан ҳар чизеро, ки василаи даромади хусусӣ буд, аз мардум ба зӯр гирифт ва давлатӣ кард, ҳамин гуна ҳар чизеро, ки василае барои диндории мардум мешуд аз байн бурд ва ё тағйир дод; кутуби диниро оташ зад ва аз байн бурд, масоҷидро ё аз бех тахриб кард ва ё табдил ба анборҳо ва коргоҳҳои дигар кард.

Дар ин миён, муҳимтарин омил ва василаи иртиботи мардум бо адабиёти динӣ, алифбо ва хатти форсӣ буд. Вақте хатт аз мардум гирифта шавад, дар воқеъ пули иртиботии онҳо бо дину фарҳангашон аз байн мерафт. Бинобар ин, аслитарин иллати тағйири хатти форсӣ тавассути ҳукумати Шӯравӣ, қатъи иртиботи мардум бо дини ислом буд ва аммо қатъи иртиботи мардум бо ҳамзабонони эронӣ ва афғонистонӣ дар дараҷаи дуввум қарор дошт, ки он ҳам дар воқеъ бармегардад ба ҳамон иллати аввал. Зеро хатту забони форсӣ дар умум ҳомили адабиёти динӣ буд, чӣ дар Осиёи Миёна, чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар Эрон. Агар ин хатт ҳомили адабиёти динӣ набуд, дигар далеле бар қатъи иртиботи форсизабонони Осиёи Миёна бо мардуми Эрон ва Афғонистон ҳам вуҷуд надошт.

Тасним: Илова бар миллигароён, исломгароён низ ба ин иқдоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар тағйири алифбо ва муқобила бо алифбои порсӣ ё ниёгон, эътироз карданд? Чӣ иқдомоте дар ин замина аз сӯи исломгароён сурат гирифт?

Бурҳонов: Баъд аз ишғоли Бухоро (манзур Аморати Бухоро) тавассути болшевикҳо ва тақсими он ба чанд ҷумҳурии кучак, хатти расмии мардуми онҷо, яъне форсӣ, ду бор тағйир дода шуд. Бори аввал ба алифбои лотинӣ ва пас аз чанд сол ба алифбои кириллӣ.

Дар воқеъ раванди тағйири хатт дар Бухоро, ду марҳиларо пушти сар ниҳода, ки аз даҳаи 20 қарни гузаштаи мелодӣ шурӯъ ва дар даҳаҳои 30 ба поён расида ва тасбит шудааст. Яъне замоне, ки дигар ҳамаи муқовиматҳои мардумӣ тавассути болшевикҳо саркӯб шуда ва ҳар гуна нерӯи низомӣ ва фарҳангии мухолиф аз байн бурда шудааст.

Дар он замон дигар касе ҷуръати мухолифат надошт ва асосан дигар касе намонда буд, ки мухолифати ончунонӣ бикунад, ва агар ҳам касе буд, дигар тавону нерӯе барои мухолифат надошт. Муқовиматҳо ва мухолифатҳо бештар дар давраи ишғоли сарзамини Бухоро тавассути болшевикҳо сурат гирифта буд, ки ғолибан ҳам ҳамроҳ бо ангезаҳои динӣ ва таҳти унвони ҷиҳод анҷом мегирифт. Яъне як марҳила қабл аз тағйири алифбо, ки мутаассифона саранҷом ҳама саркӯб шуд. Бинобар ин, агар мухолифате ҳам дар баробари тағйири алифбо аз тарафи ҳар касе сурат гирифта, дигар чандон асаре дар раванди тағйири хатт надоштааст.

Албатта як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки баъд аз тағйири хатт ва то поёни даврони ҳукумати 70-солаи Шӯравӣ, хатту алифбои форсӣ дар ҷомеа танҳо тавассути руҳонён ва муллоҳо зинда нигаҳ дошта шуд. Алорағми мамнӯияти расмии таълимоти динӣ ва таблиғоти густурдаи зидди динӣ дар он даврон, руҳонёни суннатӣ ҳамеша саъй мекарданд, маорифи диниро таҳти ҳар шароите ба наслҳои баъдӣ мунтақил кунанд.

Агарчӣ доираи шогирдони муллоҳо хеле кучак буд ва ғолибан шогирдони онҳо фарзандони худ ва афроди наздик ба хонаводаи эшон буданд, вале дар ҳар сурат ва бо ҳар қимате нагузоштанд ҳаргиз чароғи дин дар ҷомеа хомӯш бишавад, ва чун адабиёти динӣ ҳама ба забони арабӣ ва форсӣ буд, худ ба худ аз ин тариқ хатти форсӣ ҳам ба навъе зинда нигаҳ дошта шуд.

Ҷолиб аст бидонед, ки дар барномаи дарсии муллоҳои суннатии он даврон, адабиёти форсӣ, махсусан адабиёти ирфонӣ ҳамчун девони Хоҷа Ҳофиз, ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил ва Маснавии маънавии Мавлоно низ маъмулан дар канори таълими адабиёти араб ва фиқҳу усул ва тафсир ва соири маорифи динӣ, ба шогирдон таълим дода мешуд. Яъне ҳар касе дар он даврон мехост маорифи диниро фаро бигирад, худ ба худ бо адабиёти форсӣ махсусан Ҳофиз, Бедил ва Мавлоно ҳам ошно мешуд.

Тасним: Пас аз истиқлол низ шоҳиди он будем, ки алорағми эҳёи ислому исломгароӣ дар Тоҷикистон, бозгашт ба алифбои ниёгон сурат нагирифтааст. Ин тасмим аз манзари ҳувияти исломии тоҷикҳо, чӣ суду зарарҳое барои кишвар доштааст?

Бурҳонов: Баъд аз истиқлол, талошҳои фаровоне дар Тоҷикистон барои бозгашт ба хатти форсӣ сурат гирифт. Ба унвони мисол, билофосила баъд аз истиқлол нухбагони фарҳангӣ ва сиёсии кишвар аз ҳар тайфе, алорағми мухолифати кумунистҳо, муваффақ шуданд забони форсӣ-тоҷикиро ба унвони забони расмии кишвар дар қонуни асосӣ дарҷ кунанд.

Баъд аз он ҳам талошҳои фаровоне дар эҳёи хатту забони форсӣ сурат гирифт, ба ҳадде, ки метавон гуфт, ин раванд кам-кам дошт ба як неҳзати умумии фарҳангӣ табдил мешуд. Вале мутаассифона бо бурузи ҷангҳои дохилӣ ва сари қудрат омадани нерӯҳои вафодор ба Маскав, раванди эҳёи хатту забони форсӣ монанди хеле аз равандҳои миллии дигар, ҳама ақим монд.

Тасним: Маъмулан дар бархе таҳлилҳо барои адами бозгашт ба алифбои ниёгон дар Тоҷикистон пас аз истиқлол, масъалаи гаравидан ба ташайюъ ва ё тарвиҷи теруризм бо дастрасӣ ба манобеи марбута унвон мешавад. Оё чунин таҳдидеро бо фарогир шудани алифбои ниёгон дар миёни тоҷикҳо мутасаввар ҳастед?

Бурҳонов: Бибинед, забони форсӣ, забони дуввуми дини ислом ба шумор меравад. Ин ба хотири чӣ аст? Ба хотири он ки хеле аз тавлидоти маорифи исломӣ маҳсули ҳамин забон аст. Бештари маорифи амиқи ирфонӣ, ки лубби таълимоти исломиро дарбар дорад, маҳсули забони форсӣ аст. Маорифе, ки иттифоқан баёнгари чеҳраи раҳмонии ислом ва мунодии тасоҳулу тасомуҳ ва ҳусни ҳамзистӣ бо дигарандешон аст. Бетаоруф арз кунам, мусалмонони ғайри форсизабон, аз ин ганҷина ва аз ин неъмати илоҳӣ маҳруманд.

Ҳар касе агар аз ин ганҷинаи исломӣ, ки дар адабиёти форсӣ нуҳуфтааст, камтарин баҳрае бурда бошад, маҳол аст, ки гароишҳои ифротӣ пайдо бикунад, чӣ бирасад ба теруризму масоили дигар. Ин хеле дардовар аст, ки миллате форсизабон ҳамчун тоҷикҳо, аз адабиёти худ, аз ин ганҷинаи бебаҳо маҳрум бошанд. Ин як мусибате аст, ки ҷо дорад инсон барояш хун бигиряд.

Бовар кунед, агар имрӯза мо дар ҷаҳони ислом шоҳиди бурузи ҷараёноти ифротӣ ва такфирӣ ҳастем, иллаташ маҳрумият ва бехабарӣ ва дурӣ аз луббу мағзи таълимоти исломӣ аст, ки иттифоқан бештар дар адабиёти форсӣ мутабалвар аст.

Агар сиёсатмадорони ҳоким дар Тоҷикистон камтарин иттилое аз муҳтавои адабиёти форсӣ медоштанд, барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ҷараёноти ифротӣ ва такфирӣ дар миёни ҷавонони тоҷик, аввалин коре, ки мекарданд, бозгашт ба хатту дабираи форсӣ буд. Қобили зикр аст, ки адабиёти форсӣ бештар маҳсули тафаккури исломи суннӣ бо гароиши ирфонӣ аст, то маҳсули тафаккури шиъӣ.

Агар бихоҳем дарсади тафаккури шиъиро дар ташаккули адабиёти форсӣ дар тӯли таърих бисанҷем, шояд бештар аз бист сӣ дарсад набошад. Мобақӣ ё тафаккуроти умумии исломӣ аст, ки байни суннӣ ва шиъа муштарак аст ва ё тафаккури сирф суннӣ аст. Бинобар ин, нигаронии тарвиҷи тафаккури шиъӣ тавассути адабиёти форсӣ, мисли нигаронии тарвиҷи гароишҳои ифротӣ ва теруристӣ тавассути ин забон, комилан як нигаронии бепояву асос буда ва ҳосили ҷаҳлу бехабарӣ аз муҳтавои адабиёти форсӣ аст.

Тасним: Оё бозигарони хориҷӣ, мушаххасан Русия, дар адами бозгашт ба алифбои ниёгон дар Тоҷикистон муассир будаанд? Аз сӯи кишварҳои исломӣ оё метавон интизори кӯмак ва ҳамроҳӣ бо ин мавзӯъро дошт?

Бурҳонов: Албатта нақши бозигарони хориҷӣ дар адами бозгашти Тоҷикистон ба хатти форсиро наметавон нодида гирифт, махсусан нақши Русияро. Русия ба хотири ҳифзи нуфузи фарҳангии худ, ҳаргиз намехоҳад, ки Тоҷикистон ба хатти форсӣ баргардад.

Ҳатман хабар доред, ки сохтори омӯзишу парвариш ва улгуи омӯзиши олии Тоҷикистон камокон русӣ аст. Аз ин рӯ истилоҳоти илмӣ ва фаннӣ дар Тоҷикистон ҳама русӣ аст. Мақолот ва рисолаҳои илмӣ ҳанӯз умдатан бо забони русӣ нигошта мешавад ва агар ҳам гоҳе ба тоҷикӣ навишта шавад, бештар шабеҳи тарҷума аз забони русӣ аст. Яъне тарзи ҷумлабандӣ русӣ аст; русӣ фикр мекунанд ва тоҷикӣ менависанд. Хулоса забони русӣ ҳанӯз дар системи омӯзишу парвариш ва марокизи илмии Тоҷикистон сайтара дорад ва ин яъне вобастагии фарҳангӣ, ки ба дунболи худ вобастагиҳои дигарро дорад. Бинобар ин, қатъан Русия намехоҳад, ки ин абзори вобастагӣ аз Тоҷикистон гирифта шавад.

Ба ғайр аз Русия, кишварҳои дигаре ҳастанд, ки дӯст надоранд тоҷикҳо ба хатти форсӣ баргарданд. Аз ҷумла Туркия, ки ҳамеша талошҳои фаровоне дар кишварҳои Осиёи Миёна барои тарвиҷи фарҳангу забони туркӣ кардааст. Туркия дар Тоҷикистон даҳҳо мадориси ибтидоӣ, роҳнамоӣ, дабиристон дорад, ки донишомӯхтагони он пас аз хатми мадраса умдатан ҷазби донишгоҳҳои Туркия мешаванд.

Вале муҳимтарин омили адами бозгашт ба хатти форсӣ, худи ҳукумати Тоҷикистон аст. Мутаассифона ҳанӯз дар Тоҷикистон бозмондаҳои ҳамон ҳукумати Шӯравӣ ҳукумат доранд. Фақат ба иқтизои замона исми ҳизби худро тағйир додаанд, вале тарзи тафаккур ҳамон тарзи такаффури кумунистӣ аст.

Аз назари онҳо ҳанӯз дин афюни миллат аст. Ҳанӯз аз хатти форсӣ нафрату ваҳшат доранд, чун онро пули иртиботии миллат бо дину фарҳанги исломӣ медонанд. Бинобар ин, бо вуҷуди ин ҳукумат, аз дасти кишварҳои исломӣ ҳам дар ҷиҳати бозгашт ба хатти форсӣ коре барнахоҳад омад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: