Перейти к содержимому

Марг аз назари Ибни Сино

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар Илоҳиёти Шифо дар мабҳаси “Рисолатуш-шифо мин хавфил-мавт”, роҷеъ ба ҳақиқати марг ва сабаби тарс аз он, матолиби ҷолибе дорад, ки мо айнан тарҷумаи онро дар ин ҷо меоварем:

Касе, ки мурданро ҷоҳил аст ва намедонад, ки ҳақиқати марг чист, ман барои ӯ баён мекунам ва равшан месозам, ки марг беш аз ин нест, ки нафси инсонӣ олоти худро, ки онҳоро ба кор мегирифт, тарк мекунад — ва он олот, ҳамон аъзои ӯ ҳастанд, ки маҷмӯаи онҳоро бадан меноманд — дуруст мисли ин ки санъаткор олоти кори худро канор мегузорад.

Нафси инсон ҷавҳарест ғайри ҷисмонӣ ва араз нест ва қабули фасоду харобӣ намекунад, аз ин рӯ вақте ин ҷавҳар аз бадан муфориқат кунад (ҷудо шавад), боқӣ хоҳад буд ба бақое, ки дар хӯри ӯст, ва аз кудуратҳои олами табиат сафо меёбад ва ба саодати томмаи худ ноил меояд ва абадан роҳе ба заволу фано ва нобудии ӯ нест. Зеро ҷавҳар, аз он ҳайс, ки ҷавҳар аст, фонӣ намешавад ва зоташ ботил намегардад, ва он чӣ ботил мешавад ҳамон оризаҳо ва хоссиятҳо ва нисбатҳо ва изофаҳо ва умурест, ки байни ӯ ва аҷсом мебошад.

Ва аммо ҷавҳари руҳонӣ, ки абадан қабули дигаргунагӣ намекунад ва дар зоти худ тағйир намеёбад ва фақат қабули камолот ва тамомияти сурати худро мекунад, пас чӣ гуна тасаввур мешавад, ки маъдум гардад ва муталошӣ шавад?

Ва аммо касе, ки аз марг метарсад, ба иллати он аст, ки намедонад бозгашти ӯ ба сӯи куҷост. Ё он ки гумон мекунад, чун бадани ӯ мунҳал шавад ва таркиби он ботил гардад, зоти ӯ мунҳал шуда ва нафс ва ҳақиқати ӯ ботил мегардад. Ӯ ба бақои нафси худ ҷоҳил аст ва кайфияти маъодро намедонад; бинобар ин, дар воқеъ аз марг наметарсад, балки ҷоҳил аст ба амре, ки сазовор аст онро бидонад. Бинобар ин, иллати хавфи ӯ ҳамон ҷаҳли ӯст, ва ҳамин ҷаҳл аст, ки уламоро ба талаби илм ва сахтии роҳи он водошта ва барои вусул ба он, лаззатҳои ҷисму роҳати баданро тарк кардаанд.

Бино бар ин воқеият, марг барои марди ориф ва мӯъмини бедор эҷоди изтиробу даҳшату ваҳшат намекунад. Бале, барои афроде, ки аз таҷарруди нафс — ба сабаби ғӯтавар буданашон дар олами модда ва шаҳватҳо — дур шуда ва Худои худро нашинохтаанд, ба иллати адами унс ва ошноӣ бо аволими қурб, эҷоди ваҳшат мекунад ва ҷаҳолати онҳо пайваста онҳоро ҳаросону музтариб медорад.

Аммо марди мӯъмин, ки аз роҳи Ҳақ қадаме фаротар наниҳода ва кирдору сифоташро бар Ҳақ ва амри Ҳақ татбиқ намуда ва дар ин дунё пушт ба олами ғурур намуда ва майлу рағбати худро ба дори хулуду абадият намудааст ва ошиқи лиқои Худо будааст, ӯ ошиқи марг аст, ошиқи таҷарруд аст; чун дӯстдори Худост, мӯъмин ба фардонияти ӯст. Ҳар рӯз орзу мекунад, ки либоси баданро халъ ва ба нури таҷарруд ороста гардад, балки пайваста мекӯшад, то ҳар рӯз як дараҷа аз ғурури ӯ кам гардад ва як дараҷа ба идроки маънӣ ва ҳақиқат наздиктар шавад, то сарҳадде, ки тамоми умури дунявӣ ва фонӣ дар назди ӯ ба сароби бутлон ва нестӣ мадфун шуда ва таҷаллии олами анвор ва ҳақиқат бар ӯ мутаҳаққиқ гардад.”

* * *

و أمّا من‌ يجهل‌ الموت‌ ولا يعرف‌ حقيقته‌ فأبيّن‌ له‌ انّ الموت‌ ليس‌ أكثر من‌ ترك‌ النفس‌ الإنسانيّة‌ لآلاتها التي‌ تستعملها، أي‌ أعضائها التي‌ يُسمّي‌ مجموعها بالبدن‌، كما يترك‌ الشخص‌ الصانع‌ آلات‌ عمله‌. وذلك‌ لانّ نفس‌ الانسان‌ جوهر غير جسماني‌، وليست‌ عرضاً من‌ الاعراض‌، ولا تقبل‌ الفساد والتلف‌، وحين‌ يفارق‌ هذا الجوهر البدن‌ فانّه‌ سيبقي‌ ببقاءٍ يُناسبه‌، ويصفو من‌ أكدار عالم‌ الطبيعة‌ وينال‌ سعادته‌ التامّة‌، فلا سبيل‌ الی زواله‌ وفنائه‌ وانعدامه‌، لانّ الجوهر لا يفني‌ ولاتبطل‌ ذاته‌، وما يبطل‌ هو تلك‌ النسب‌ والإضافات‌ والاعراض‌ والخواصّ والامور التي‌ بينه‌ وبين‌ الاحسام‌ والرابطة‌ بينهما. أمّا الجوهر الروحاني‌ فلا يقبل‌ أبداً الاستحالة‌ والانقلاب‌، ولا يتغيّر في‌ ذاته‌، بل‌ يقبل‌ كمالات‌ وتماميّة‌ صورته‌ فقط‌، فكيف‌ يُتصوّر انعدامه‌ وتلاشيه‌؟ وأمّا من‌ يخاف‌ من‌ الموت‌ فلانه‌ لا يعلم‌ أين‌ ستكون‌ عودته‌ ورجوعه‌، أو لانّه‌ يظنّ انّ ذاته‌ ستنحلّ، ونفسه‌ وحقيقته‌ ستبطل‌ بانحلال‌ بدنه‌ وبطلان‌ تركيبه‌، فهو يجهل‌ بقاء نفسه‌ ولا يعلم‌ كيفيّة‌ المعاد، فهو في‌ الواقع‌ لا يخاف‌ من‌ الموت‌ بل‌ يجهل‌ أمراً كان‌ حريّاً به‌ أن‌ يعلمه‌. وعلّة‌ خوفه‌ انّما هي‌ جهله‌، هذا الجهل‌ الذي‌ دفع‌ بالعلماء الی طلب‌ العلم‌ ومشقّة‌ سبيله‌، وجعلهم‌ يتركون‌ لذّات‌ الجسم‌ وراحة‌ البدن‌ في‌ سبيله. وبناءً علی هذه‌ الحقيقة‌ فانّ الموت‌ سوف‌ لن‌ يوجد الاضطراب‌ ولا الحيرة‌ والفزع‌ للعارف‌ والمؤمن‌، بل‌ انّه‌ سيُثير فزع‌ الافراد الذين‌ ابتعدوا عن‌ تجرّد النفس‌ بالانغمار في‌ عالم‌ المادّة‌ والشهوات‌، والذين‌ لم‌ يعرفوا ربّهم‌ بسبب‌ عدم‌ معرفة‌ عوالم‌ القرب‌ وعدم‌ الانس‌ بها، اولئك‌ الذين‌ يجعلهم‌ جهلهم‌ في‌ فزع‌ واضطراب‌ دائمين‌. أمّا المؤمن‌ الذي‌ لم‌ يتخطّ طريق‌ الحقّ قدماً واحداً، والذي‌ وافق‌ بين‌ عمله‌ وصفاته‌ وبين‌ الحقّ وأمر الحقّ، فطوي‌ كشحه‌ في‌ هذه‌ الدنيا عن‌ عالم‌ الغرور وتجافي‌ عنه‌، ومال‌ الی دار الخلود والابديّة‌، وكان‌ عاشقاً ومحبّاً للقاء الله‌، فهو كذلك‌ عاشق‌ للموت‌، عاشق‌ للتجرّد، لانّه‌ محبّ لله‌ مؤمن‌ بفردانيّته‌، فهو يتمنّي‌ كلّ يوم‌ أن‌ يخلع‌ لباس‌ البدن‌ ويرتدي‌ خلعة‌ التجرّد وزيّه‌، بل‌ انّه‌ يسعي‌ علی الدوام‌ ليقلّل‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ غروره‌ ومجازه‌، ويقترب‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ إدراك‌ المعني‌ والحقيقة‌، حتّي‌ يصل‌ الی الحد الذي‌ تصبح‌ لديه‌ جميع‌ الامور الدنيويّة‌ الفانية‌ مدفونة‌ في‌ سراب‌ البطلان‌ والعدم‌، وحتي‌ يتحقّق‌ لديه‌ تجلّي‌ عالم‌ الانوار والحقيقة‌

* * *

Манбаъ: Ибни Сино, Шифо, бахши Илоҳиёт

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: