Перейти к содержимому

“Озодагон”-ро кӣ баст?

Ёддошти Зафари Сӯфӣ

Ман одат кардаам ва усули зиндагиям ин аст, ки агар аҳд кардам, ба ҳеч қиммате ба аҳдам хиёнат намекунам.

Борҳо ба ин хотир зарбаҳо хурдам, ба шикаст рӯ ба рӯ шудам, аммо аз усули худ ҳеч гоҳ сарфи назар накардаам.
Имрӯз ҳам чунин хоҳад буд. Инҳо, ки дасташон ба ман намерасад, мехоҳанд чуби интиқомашонро сари дӯстону ҳамкорони ман бишкананд. Аммо ғалат кардаанд. Ба ҳеч ваҷҳ ман чизе нахоҳам гуфт, ки далеле барои озор додани ҳамкоронам шавад. Ман ба ҳамаашон гуфтаам ва ҳамчунон бар ин нукта таъкид дорам, ки дар мавриди ман ҳар сухане метавонед бигӯед, ҳатто агар душном бошад, тӯҳмат бошад, нороҳат нахоҳам шуд. Мухим шумову хонаводаатон амн бошед, таҳти фишору ранҷ қарор нагиред.

Албатта ман худозор нестам ва бароям хушоянд нест, ки дӯсте дар ҳаққам бад бигӯяд, вале ба таваҷҷуҳ ба вазъи кишвар ин амр қобили дарк аст. Зеро медонам, агар чунин ҳарфе нагӯяд, чи балое метавонанд ба сараш биёранд. Ман ба чи дастгоҳи фитнаву бало табдил шудани ниҳодҳои қудратӣ, ба вижа амнияту милисаро медонам.

Кумитаи амният аз номи хабаркашакону берӯю беномҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҳукумати вилояту ноҳияҳо ва ҳатто донишгоҳҳои кишвар алайҳи ман даҳҳо «мақола» нашр кард. Ба назар мерасад ҳанӯз ки ҳанӯз сӯхтанашон бас нашуда ва оташи кинаву фитнаашон вуҷуди раҳбарони ин ниҳодро ҳамчунон месӯзонад. Ҳоло дигар «конспиратсия»ро ҳам фаромӯш кардаанд. Яке паи дигар дастнишондаҳояшонро ошкор мекунанд.

Чанд муддат қабл як донишманднамое, ки аз ҳамсӯҳбатони доимии раиси кумитаи амният ҳангоми сафараш ба Кӯлоб будаву бо дастури ӯ дар донишгоҳе мушовири ректор гузоштаанд (аҷаб мансабе!!) бо супориши ин раис алайҳи ман тӯҳматномае навишт. Ҳоло ҳар чи ба шахси худам тааллуқ дорад зиёд муҳим нест. Зеро ман бадтар аз ин тӯҳматҳоро шунидаам ва ба ак- аки ҳар саге таваҷҷӯҳ намекунам. Вале иттиҳоме, ки ба зодгоҳи ман ва мардуми шарифаш зада, нобахшиданист. Тоҷикони Фарғона мардуме озода, баимон ва сарбаланд ҳастанд ва шукри Худо то ин рӯз ҳеч тоҷики фарғонӣ ба гурӯҳҳои терористӣ напайваста ва муҳити онҳо ифротигаро ва терористпарвар нест. Ин ҷосусаки Ятимов пеш аз иттиҳом задан ба Фарғона, ба вижа муҳити тоҷиконаи он, бояд ба атрофи худаш менигарист ва медид, киҳо ва чаро дар Ироқу Сурия муздуру ҷангҷӯ ва алафиву салафӣ шудаанд.
Ҳоло бигзарем аз ин. Зеро бархе фақат ба хотири ҳаммаҳалашон будани мансабдорон ва аксарияти мутлақро дар ҳукумат ташкил кардани ҳамвилоятиҳояшон хатоҳои онҳоро савоб ҷилва додан мехоҳанд. Эҳсоси маҳалгароияшон ба ҳама ҳиссу дарк ва масъулияти инсонияшон пирӯз омада.
Дар ин миён кумитаи амният ба тозагӣ аз тариқи матбуот ҳам сӯи мо санг заданро шурӯъ карда. Шояд ин расона то ин вақт минбари пинҳонашон буда, ҳоло ба қавле ҳар чи бодо бод гуфтаанд. Ё шояд сӯхтанашон чунон аз ҳад гузашта, ки пинҳонкорӣ ва пушти парда буданро ҳам фаромӯш кардаанд?! Намедонам. Ҳар чи буду ҳаст, бало ба пасаш. Зеро:

Неши каждум на аз баҳри кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Аммо «Озодагон»-ро кӣ баст? Ҳанӯз ба ин пурсиш посухи ман якест, яъне ҳамон посухе, ки қаблан ба расонаҳо гуфта будам. Сабаби аслии баста шудани «Озодагон»-ро бояд раиси кумитаи амният Саймумин Ятимов ва дову дастааш дақиқ бидонанд. Он ҳама парванда дуруст карданҳо, он ҳама аз паи ману хонаводаам хабарчину хабаркаш монданҳо, он ҳама роҳи рекламаву ҷазби сармояро бастанҳо, то Бишкеку Эрону Дубайу Туркия ҷосусаконашро аз паям фиристоданҳо, хуллас роҳи фаъолияти моро аз соли 2011 ба баъд бо садҳо роҳу фитна ва садд бастанҳояшонро шояд рӯзе шарҳ диҳанд. Намедонам. Вале ин дақиқ аст ва садҳо далел дорам, ки сабабгори баста шудани «Озодагон» сиёсати зидди озодии баён ва саркӯбгари ҳукумати кишвар аст, ки ба дасти кормандони кумитаи амният амалӣ шудаву мешавад. Ин ҳақиқатест мисли рӯз рушан ва бо садҳову ҳазорон матлабу туҳмат заданҳо наметавонанд онро инкор кунанд. Барои мардум ҳам дигар дасти инҳо рӯ шуда ва ба дурӯғҳои инҳо дигар касе бовар намекунад.

Ва дар охир ин як машварат ба онҳое, ки ин ҳама бар зидди мо парвандасозӣ доранду ба қавле ба хуни мо ташнаанд:

Ба ҷои он, ки аз шунидани ҳарфи ҳақ сӯхтаатон бигирад, дар паи бартараф кардани мушкилот бошед ва душманиро бо ҳуқуқҳову озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ ба поён баред. Шумо озодии баёнро таъмин кунед, то расонаҳо ва асҳоби расона алайҳатон эътироз накунанд. Мутмаин бошед, ки ҳар чи барои сиёҳ кардани номи ман аз тариқи ин расонаҳову сомонаҳои бадномшудаатон талош кунед, ба ҷое нахоҳед расид. Беш аз ин фитнаҳо алайҳи “Озодагон” ва тарҳи телевизиони СНТ ва дигар фитнаҳоятонро бо санаду далелҳо ошкор хоҳам кард. Ман шуморо арзанда намедонам, ки барои исботи бадкориҳоятон вақт гузорам, вагарна хеле пештар ин корро карда будам. Биравед паи бузчарониятон шавед!

Манбаъ: Фейсбук

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: