Перейти к содержимому

Даргириҳо дар Кашмир чандин маҷрӯҳ барҷой гузошт

Нерӯҳои амниятӣ ва артиши Ҳинд баъд аз даргир шудан бо сокинони аёлати Кашмир, ки ба тағйири вазъияти қонунии ин минтақа эътироз доштанд, чандин нафар аз онҳоро захмӣ карданд.

Пулиси Ҳинд шомгоҳи шанбе ба шаҳри Сринагар, маркази аёлати Ҷому ва Кашмир, юриш бурда ва ҳаддиақал 6 нафар аз мардуми эътирозкунандаро маҷрӯҳ карданд. Ба навиштаи хабаргузории Reuters, теъдоде аз сокинони ин шаҳр мегӯянд, ки тайи ду рӯзи гузашта илова бар ин ки нерӯҳои амниятии ҳиндӣ ба онҳо ҳамла карда ё мавриди дашном қарор доданд, бо юриш ба хонаҳои онҳо, амволашонро низ тахриб кардаанд.

Баъд аз эъмоли маҳдудиятҳои густурда тавассути давлати Ҳинд бар Кашмир, бахше аз хутути телефон дар Сринагар баъд аз як қатъии 12-соата шомгоҳи шанбе муҷаддадан васл шуданд, аммо ҳанӯз хутути интернет ва телефони ҳамроҳ қатъ ҳастанд.

Ҳамчунин манотиқи васеъе аз ин шаҳр дар ҳолати ҳукумати низомӣ ба сар бурда ва беш аз 500 нафар аз сарон ва фаъолони сиёсӣ ё иҷтимоии ин минтақа дар боздошти нерӯҳои амниятии Ҳинд ба сар мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллии аёлати Ҷому ва Кашмир ва ҳамчунин мақомоти давлати федерол дар Деҳлӣ аз посух додан ба суоли хабарнигорон дар бораи ҳамалоти нерӯҳои амниятӣ ба мардуми Кашмир, боздоштҳо ё тахриби амволи онҳо, худдорӣ меварзанд.

Омиятшоҳ, вазири кишвари Ҳинд, чанд рӯз пеш дар порлумони ин кишвар, хабари лағви вазъияти худмухтории аёлати Ҷому ва Кашмир ва поён додан ба банди 370 қонуни асосии Ҳиндро эълом карда буд. Нахуствазири Ҳинд низ ҳафтаи қабл бо иддаои ин ки тағйири вазъияти қонунӣ дар Кашмир ин минтақаро аз теруризм ва ҷудоиталабӣ озод мекунад, дастуруламали лағви худмухтории ин минтақаро имзо кард.

Шомгоҳи чаҳоршанбе (14 август) низ даргириҳои шадиде миёни низомиёни Ҳинд ва Покистон дар марзи Кашмир ба вуқӯъ пайваст. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеъе дар артиши Ҳинд муддаӣ шуданд, ки нерӯҳои низомии мустақар дар хатти марзии Камшир ба табодули сангини оташ пардохтанд. Манобеи ҳиндӣ муддаӣ шуданд, ки нерӯҳои покистонӣ даргириҳоро бо шиллики хумпораӣ оғоз карданд.

Имронхон, нахуствазири Покистон, рӯзи панҷшанбе тайи суханронӣ дар ҷаласаи вежае бо Маҷмаъи қонунгузории Кашмир дар шаҳри Музаффаробод, бо ҳушдор дар бораи тарҳи Ҳинд барои поксозии нажодии мусалмонон аз минтақаи Ҷому ва Кашмир гуфт, давлати Деҳлӣ ба дунболи дахолати низомӣ дар бахши покистонии Кашмир аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: