Перейти к содержимому

Китоби “Бомбҳои озодибахши Омрико” (боргирӣ ва мутолеа)

Китоби “Бомбҳои озодибахши Омрико”, се навиштае аз Нуом Чомскӣ, Орундҳотӣ Руй ва Милон Рай дар интиқоди сиёсатҳои ҷангталабонаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост.

Китоби “Бомбҳои озодибахши Омрико” се навиштае аз Нуом Чомскӣ (Noam Chomcky), забоншинос, равшанфикр ва сиёсатмадори машҳури омрикоии зидди ҷанг, Орундҳотӣ Рой (Arundhati Roy) ва Милон Рай (Milan Rai), ду ёри равшанфикри ҳаммаслак ва аз дӯстони наздики Чомскӣ дар мутолеоти зидди ҷанг аст.

Дар ин китоб ҳар се нафар кӯшидаанд сиёсатҳои ҷангталабонаи Омрикоро ба чолиш бикашанд ва ниятҳои Вошингтун дар даҳаҳо ҷангталабиро бармало кунанд.

Дар китоби “Бомбҳои озодибахши Омрико” бар сиёсатҳои манфиатталабонаи Омрико дар тамоми заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ тамаркуз мешавад ва ба таври вежа сиёсатҳои Омрико барои тасаллут бар манобеи энержии ҷаҳон яъне нафт бармало шуда ва мавриди воковӣ қарор мегирад.

Ҳар се нафар дар ин китоб мустақим ва ғайримустақим Омрикоро тарафдори сулҳ надонистаанд ва риёкории омрикоӣ дар сулҳталабона ҷилва додани сиёсатҳояшро ба шиддат мавриди интиқод қарор додаанд.

Китоб аз оғози ҳамлаи Омрико ба Афғонистон дар соли 2001 оғоз мешавад ва дар бораи ҳамалоти 11 сентябр, эътилофи омрикоии мубориза бо теруризм, ҷанги Ироқ ва дигар масоили сиёсати хориҷии Омрико, ки доманаи он то Осиёи Миёна, Ховари Миёна ва ҳатто Осиёи дур густариш меёбад мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин дар ин китоб ба гузаштаи таърихии сиёсатҳои Омрико аз ҷумла дар мавриди Эрон ва кудето алайҳи дуктур Муҳаммади Мусаддиқ, кудетои Ироқ баъд аз даврони подшоҳӣ, ҷойгоҳи Урупо дар тамоми ин таҳаввулот ва дигар масоили байналмилалӣ мавриди воковӣ қарор мегирад.

Ин китоб тавассути Фаридуни Гилонӣ тарҷума шуда ва дар ихтиёри алоқамандон қарор гирифтааст.

Мутолеаи ин китоб дар инҷо:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: