Перейти к содержимому

Комилзода: “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ бояд дар дастраси мардум қарор бигирад”

Аҳмадшоҳ Комилзода, фаъоли фарҳангии тоҷик, дар ёддоште, бо ишора ба ин ки дар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (2013) тағйироти зиёд ворид шудааст ва хеле аз ин ислоҳот барои тозакории истифодаи забон хубу бамавриданд, таъкид кард: “Бо таассуф, ин китоб дастраси мардум нест ва он барои чор танга пул танҳо дар идораи Кумитаи забон ва истилоҳот фурӯхта мешавад. Бояд намунаи электронии ин китоб ҳарчи зудтар дар интернет ҷой дода шавад. Он гоҳ масъулони матбуот ва корбарони забон дар корбурд, ба хотири якрангии забони навиштор ва гуфтор, аз он истифода мебаранд.”

Инак, машрӯҳи ёддошти Аҳмадшоҳ Комилзода:

Дар мавриди корбурди забони имрӯзи навишторию гуфтории форсии тоҷикӣ гуфтумони зиёд ба назар мерасад. Расонаҳои дохилию хориҷӣ ҳангоми истифодаи забон бо алифбои сирилик ба ғалатҳои бешумор роҳ медиҳанд.

Матбуоти ҳукуматӣ, бавижа родиову телевизион, дар махлут кардани забон нақши манфӣ доранд. Китобҳои дарсӣ ва навиштаҳои таблиғу сардарҳо бо ғалати фоҳиш, ки бештар аз русӣ дағалона тарҷума мешаванд, ҳамарӯза дар ҳузуру нигоҳи мардум ҷилвагаранд.

Хеле аз масъулони матбуот ва корбарони забон аз ислоҳоти ахир дар имло хабар надоранд. Ин дар ҳолест, ки дар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (2013) тағйироти зиёд ворид шудааст.

Мардона бояд гуфт, ки хеле аз ин ислоҳот барои тозакории истифодаи забон хубу бамавриданд. Бо таассуф, ин китоб дастраси мардум нест ва он барои чор танга пул танҳо дар идораи Кумитаи забон ва истилоҳот фурӯхта мешавад. Бояд намунаи электронии ин китоб ҳарчи зудтар дар интернет ҷой дода шавад. Он гоҳ масъулони матбуот ва корбарони забон дар корбурд, ба хотири якрангии забони навиштор ва гуфтор, аз он истифода мебаранд.

Аз сӯйи дигар, сари роҳи ҳарҷу марҷи мавҷуда гирифта мешавад. Ба ин асос пайдоиши ҳамгунӣ дар гуфтору навиштор боиси меъёрӣ шудани забон хоҳад шуд. Вале то ҳукумат ба Кумитаи забон ва истилоҳот супориши хос надиҳад, Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (2013) дастраси омма намешавад ва раванди ғалатгӯйву ғалатнависӣ ҳамин тавр идома мекунад.

Аммо истифодаи нодурусту ноҷои вожа, истилоҳот ва ҷумлаҳои ғалат мушкили дигари забони мост, ки манбаи он омӯзиши дурусти овошиносӣ, сарфу наҳв ва грамматикаро талаб мекунад. Ҷойи шигифт аст, ки хеле аз масъулони забон ва корбарони он ба ин масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи чандон зоҳир намекунанд.

Манбаъ: Гурӯҳи Забони порсӣ, Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: