Перейти к содержимому

“Дузд бошу мард бош!”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дузд бошу мард бош!” як зарбулмасал аст ва киноя аз одамҳоест, ки бо он ки дузд ҳастанд, аммо усули инсоният ва ҷавонмардиро зери по намегузоранд. Ин зарбулмасал намегӯяд, ки дузд бош, ҳаргиз, дуздӣ кори дурусте нест, балки мехоҳад бигӯяд, ҳоло ки дузд ҳастӣ – ки усулан намебоист дузд мебудӣ – аммо ҷавонмарду боинсоф бош, номард мабош.

Яке аз усули ҷавонмардӣ ин аст, ки инсон набояд ба мухолифаш ё душманаш тӯҳмат бизанад, дурӯғ бар ӯ бибофад, чизеро, ки дар ӯ нест, ба ӯ нисбат бидиҳад. Ин, ноҷавонмардӣ ва беинсофӣ ва хуруҷ аз зийи инсоният аст. Агар ту бо касе мухолиф ҳастӣ ва ӯро ба ҳар далел хасмат мешуморӣ, бош, аммо инсоният фаромӯшат нашавад, усули ҷавонмардиро зери по магузор.

Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва ҳаводоронаш, ки имрӯз Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)-ро душману хасми сарсахти худ мешуморанд, оё аҳзобу гурӯҳҳо ва шахсиятҳои узв дар ин эътилофро намешиносанд? Мешиносанд. Оё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки узве аз ин эътилоф астро намешиносанд? Мешиносанд. Худи Эмомалӣ Раҳмон, бо корномаи ин ҳизб дар тӯли чандин даҳа аз фаъолияташ дар дохили кишвар, хеле хуб ошност. Дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомии ин режим раҳбарону аъзои ҲНИТ-ро беҳтар аз ҳатто худи онҳо мешиносанд.

Эмомалӣ Раҳмону дору дастааш хуб медонанд, ки ҲНИТ ҳеч синхияте бо гурӯҳҳои теруристӣ амсоли ДОЪИШ, Толибон, Алқоъида ва ҳар заҳри мори дигаре надорад. Инро хуб медонанд. Бо ин ҳама аммо тамоми саъю талоши ин режим он аст, ки ҲНИТ-ро дар канори ДОЪИШ ё Толибон қарор бидиҳад ва муздурони беҳайсияту бешарафи қалам ба дасташро маъмур кардааст, то ҳар гоҳ бихоҳанд дар бораи ҲНИТ матлабе бинависанд, онро ҳамчун гурӯҳе мисли ДОЪИШ ё Толибон муаррифӣ кунанд.

Ҳоло ин режим ба канор, аммо ба баъзе афрод, ки худро ба навъе “мухолифи режим” мешуморанд чӣ шудааст, ки айни ҳамин рафтори ҳукуматро такрор мекунанд?! Дар ҳоле, ки инон низ нек медонанд ҲНИТ ва раҳбарону фаъолонаш ҳеч синхияте бо ДОЪИШ ё Алқоъида ва ё Толибон надоранд. Шояд ба назари ин афрод ҲНИТ ё ПМТ айбе доштааст ва аз раҳбарону фаъолонаш хушашон намеояд, ҳоло ба ҳар далел, аммо ин “хусумат” далел намешавад ба хасматон тӯҳмат бибофед. Ин яъне чӣ, ки вақте ДОЪИШ ҷинояте муртакиб шавад, ҳатман бояд аз ҲНИТ ва ҳатто ПМТ сухан ба миён оваред ва ба навъе он ҷиноятро ба гардани ҲНИТ бор кунед?! Он ҷурму ҷиноятҳо чӣ рабте ба ПМТ доранд?! Чӣ рабте ба ҲНИТ доранд?!

Агар шумо худро мухолифу хасми ПМТ мешуморед, хуб, бошед, ин кори шумост, ихтиёри шумост, аммо чаро усули ҷавонмардӣ ва инсониятро зери по мегузоред ва аз зийи одамият берун мешавед ва чизеро, ки дар ПМТ нест, ба ӯ нисбат медиҳед?! Одам бояд ҷавонмард бошад. Тӯҳмату бӯҳтон задан, дурӯғ бофтан, нисбатҳои нораво додан, ин корҳо кори одами мард нест, кори инсони заъиф аст, кори одами нотавону оҷиз аст.

Чӣ рӯзгоре шуда ва гирифтор шудааем, ки инсон ҳатто орзуи душмани ҷавонмард кунад!

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малулам, Инсонам орзуст.

Гуфтанд: ёфт менашавад, ҷустаем мо,

Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст.

* * *

Холӣ аз фоида нест достонеро, ки марбут ба зарбулмасали болост, барои хонандаи азиз нақл бикунам. Достони ҷолибе аст.

Дар даврони қадим мусофирон дар корвонсароҳо иқомат мекарданд. Дар яке аз шаҳрҳои бузурги Эрон корвонсарои маъруфе вуҷуд дошт, ки далели шӯҳраташ деворҳои баланду дарҳои бузурги оҳанинаш буд, ки аз вуруди ҳар гуна дузду роҳзан ҷилавгирӣ мекард.

Се дузд тасмим гирифтанд ҳар тавр, ки шуда вориди ин корвонсаро шаванд ва амволи бозаргононро бирубоянд. Онҳо ҳар чи фикр карданд, диданд танҳо роҳи вуруд ба корвонсаро аз зеризамин аст, чун деворҳо хеле баланд аст ва наметавон аз он боло рафт, дарвозаҳои вурудӣ ҳам, ки аз оҳан аст.

Шурӯъ ба кандани замин карданд. Пинҳонӣ ва дур аз чашми мардум аз зеризамин роҳраверо ҳафр карданд ва аз чоҳи васати корвонсаро хориҷ шуданд. Сипас аз роҳрави зеризаминӣ вориди корвонсаро шуданд ва амволи баъзе аз бозаргононро бардоштанд ва аз ҳамон роҳрав хориҷ шуданд.

Субҳ хабари сирқат аз корвонсаро ба суръат дар байни мардум печид ва ба гӯши ҳоким расид. Ҳокими шаҳр, ки бисёр таъаҷҷуб карда буд, худаш тасмим гирифт ин мавзӯъро пайгирӣ кунад. Ба ҳамин далел ба корвонсаро рафт ва дастур дод, то маъмуронаш ҳама ҷоро бигарданд, то радди пойе аз дуздҳо пайдо кунанд.

Маъмурон ҳар чи гаштанд, нишонае пайдо накарданд. Ҳокими шаҳр гуфт: чун ҳеч нишонае аз дузд нест, пас дузд яке аз нигаҳбонони корвонсарост.

Дуздҳо ба шаҳр бозгаштанд, то бибинанд авзоъ дар чӣ ҳол аст ва ҳангоме ки диданд, нигаҳбонони бечора муттаҳам ба гуноҳ шудаанд, яке аз он се дузд гуфт: ин расми ҷавонмардӣ нест, ки чӯби амалҳои моро нигаҳбонон бихӯранд. Сипас ин дузд рафт ва гуфт: назанед, ин дуздӣ кори ман аст. Ман аз берун ба дохили чоҳи васати корвонсаро роҳраве кандам, дишаб аз онҷо ворид шудам. Ҳоким худаш сари чоҳ рафт, ва чун чизе надид, гуфт: шумо дурӯғ мегӯед!

Дузд гуфт: як нафарро бо таноб ба дохили чоҳ бифиристед, то роҳрави миёнаи чоҳро битавонад бибинад. Ҳеч кас қабул накард ба васати чоҳ равад, то аз роҳраве, ки маълум нест аз куҷо хориҷ мешавад, берун биёяд. Марди дузд, ки дид ҳеч кас ин корро намекунад, худаш ҷилави чашми ҳама аз даҳонаи чоҳ ворид шуд ва аз роҳи роҳрав фирор кард.

Мардум муддате дар корвонсаро мунтазир монданд, то дузд аз чоҳ берун биёяд, вале ҳар чи мунтазир шуданд, дузд берун наомад, чун ба роҳатӣ аз тариқи роҳрав фирор карда буд. Ҳама фаҳмиданд, ки дузд рост гуфта.

Ҳоким маҷбур шуд дастур диҳад нигаҳбонони бечораро озод кунанд. Дар ҳамон мавқеъ яке аз тоҷирон, ки амволаш ба сирқат рафта буд, гуфт: амволи ман ҳалоли дузд! Дузде, ки то ин ҳадд ҷавонмард бошад, ки муҳокимаи нигаҳбони бегуноҳро натавонад тоқат биёварад ва худро ба хатар андозад, то ҳаққи касе зойеъ нашавад, амволи дуздӣ нӯши ҷонаш!

Аз ин ҳодиса ба баъд, барои касе, ки кори иштибоҳе мекунад, вале усули инсониятро риоят мекунад, ин зарбулмасалро ба кор мебаранд: “Дузд бошу мард бош!”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: