Перейти к содержимому

Забони мо чист ва хатти мо кадом аст?

Хайриддин Абдулло

Оё қарне пеш Тоҷикистон ном сарзамине вуҷуд дошт? Кишвари камзамине, бо 97 дар сад кӯҳистон ва 3 дар сад замини ҳамвор дар куҷо тарҳрезӣ шуд?

Тоҷикистон – чаро чунин номгузори шуд?

Мардуми сарзамини бо ном Тоҷикистон оё сад сол пеш дабираашон (хат) ва номи забонашон “тоҷикӣ” буд? Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Хайём, Ҷомӣ, Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигар шоиру нависандагон ва мутафаккирони клоссики миллати тоҷик оё зодаи Тоҷикистонанд?
Хуб, мо тоҷикем ва ин ҷои баҳс надорад. Тоҷик гуфта, агар танҳо тоҷикистониёнро дар назар дошта бошем, пас тоҷиконе ки дар Бухоро, Самарқанд, Китоб, Фарғона, Шероз, Балх, Ҳирот, Кобул мебошанд аз кадом қавманд? Сокинони ин шаҳрҳо забонашонро чӣ меномиданд? Имрӯз бо чӣ хат
менависанд? Мо ба аслу насли гузашта наздикем, ё ба насли фаромӯшхотири имрӯза?

Аламовар аст, ки иддаъе аз мардуми Тоҷикистон бехабару бепарво, беғайрату нотавон, ба ҳувияти миллии худ бетафовутанд. Зулму ситамҳое бар миллати мо аз сӯйи душманони нажоду меҳан тарроҳӣ шуда, иҷборан бор карда, бо ҳадафи нест кардани миллат аз фарҳангу донишу асли хеш ҷараён дорад.

Гурӯҳе аз мансабдорони марказҳои илмӣ манқуртона таҳрифҳои таърихро ҳуҷҷату шиори худ кардаанд. Аз ҳама хатарбортар ин масхарабозони сиёсӣ натанҳо худашон ба чоҳи гумроҳиву гумномӣ сарозер мешаванд, балки дар решакан кардан, дур бурдан, манқурт кардани миллати ориёнажоди эронманиши тоҷикаён саъй доранд. Он нақшаҳое, ки душман кашида буд, инҳо имрӯз озодона, бе кӯмаку зулми душманони абарқудрат иҷро мекунанд. Чунон иҷро мекунанд, ки худи душмани ҷонӣ бе фишору зулмҳои рӯйиҳамӣ ба ин мувафақият нарасида буд.

Ҳанӯз ҳам ҳукумати душмани бузург аз тахт нарафта буд, аммо ба ҳадафаш хушбахтона нарасида буд. Яке аз маромаш ин буд, ки пас аз нест кардани хати мо номи забонамонро ҳам аз миён барад, то ҳеҷ чизе аз гузашта барои мо намонад, моро ҳамчун чӯҷаи сунъии инкубаторӣ кунад. Хушбахтона натвонист, номи забонамонро куллан аз ёдамон барад ва забон “тоҷикии форсӣ” унвон гирифт. Ин
вожаи форсӣ метавонист, далел гардад, ки забони мо форсист ва тамоми шоирони форсизабон ҳама аз мост. Акнун ҷойи афсӯсу садафсус дар ин аст, ки дар замони ҳукумати меҳансӯз номи забони форсӣ аз номи забони мо қайчӣ нашуда буд. Мутаасифона дар замони давладдории худӣ, соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо беғайратии тоҷикон, душман дар ниқоби тоҷик ин номи форсиро
қайчи кард, нест кард, гумкард. Ҳатто душман аз шунидани номаш нафрин дорад ва ин нафраташро дар миёни тоҷикон тақсим кардааст.

Таърих, роҳ, ҳадаф ва андешаи гузаштагони бузурги ниёгонамон барои мо бояд як шиноснома, ё роҳнамо бошад. Бояд ба назар гирем, ки андеша ва нигоҳи шоҳону донишмандони бузурги миллати тоҷик нисбат ба забони хеш чӣ буд?

Танҳо он роҳро пеш гирем. На ин роҳе, ки барои нест кардани миллат, дурафканӣ аз ҳамзабононаш, ҷудоӣ аз шаҳрҳои худ, манқурт кардани наслҳо, ки бароямон тарроҳӣ кардаанд, иҷборан ин борро бар дӯшамон бор кардаанд.

Мо аз Исмоили Сомонӣ ифтихор дорем ва пайкараи сангини ӯ рамзи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Оё дар замони ҳукуматдории шоҳи бузург ҳазрати Исмоили Сомонӣ номи забонамон порсӣ набуд? Мо аз Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ифтихор дорем. Оё аз касе шунидаед, ё хондаед, ки Фирдавсӣ забони худро “тоҷикӣ” гуфта, ё забони “Шоҳнома” бо унвони “тоҷикӣ” ёд шуда бошад?

Агар “Шоҳнома”, “Бӯстон”, “Гулистон”, “Маснавии маънавӣ”, ашъори Рӯдакиву Ҳофизу Хайёмро дар курраи замин бо чӣ забоне тарҷума кардаанд, ҳама ҷо як чиз навиштаанд, “аз забони порсӣ тарҷума шудааст”. Барои русгароён фаҳмотар “перевод с персидского на русский”. Ҳеҷ гоҳ забон ва асари ин бузургонро касе “тоҷикӣ” ном набурдааст. Фирдавсӣ ҳам забони хешро порсӣ гуфтааст, на тоҷикӣ.

Фирдавсӣ гуфтааст, ки “аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”. Инчунин тамоми шоирон ва нависандагони гузаштаи мо тоҷикон аз Фирдавсиву Рӯдакӣ то Лоиқ забони хешро порсӣ ё форсӣ гуфтанд. Лоиқ гуфтааст:

Порсӣ хонданд намози хештан, Дар замоне, ки араб ҷаррор буд! Ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи “порсӣ” мешиносад, на ҳеҷ номи дигаре. Агар мо забони хешро порсӣ надонем, хати порсии худро дубора барқарор накунем, пас аз тамоми торихамон ва аз тамоми ин бузургонамон мемонем.

Ҳеҷ кас дар ҷаҳон ба ин ҳарфи ғалат бовар намекунад, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба “тоҷикӣ” ва бо хатти кирилии тоҷикӣ навиштааст. Зеро ҳар инсони соҳибхирад медонад, ки забони тоҷикон забони Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Мавлоно, Хаём буда ва забони ҳамаи ин бузургонам порсист.

Аз он замоне ки алифбоямонро аз дастамон гирифтанду алифбои бегонаи бо забони мо номутобиқи кирилиро доданд, дар ин тӯли сад сол оё асаре ба ҷаҳон додаем, ки ҷаҳониён хонда, пазируфта бошанд? Асарҳои нависандагони кирилинависро ба ҷуз дар Тоҷикистон ва гирду атроф дар куҷо мехонанд?

Медонем, ки чунин аст. Аммо шӯрбахтона бо барномаи манқуртсозӣ, қайчи кардани ҳувияти мо аз торихамон, ки аз сӯйи шӯравӣ тарроҳӣ шуда буд, рӯз аз рӯз мутобиқ мешавем. Низоми миллаткуш моро саркӯб карда буду то кунун тан дода, сар баланд накардаем. Чаро бояд номи забонамонро ба асли хеш нагардонему аз ин маҳдудият ба ҷаҳони порсигуён васл нашавем, ба уқёнуси фарҳанги куҳани порсии хеш ҷорӣ нагардем?

Ибораҳои “забони тоҷикӣ”, “хати кирилӣ” бо ҳеҷ сурат наметавонад, адабиёти бузурги мо дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунад. Ҳамон “забони порсӣ” ва “хати порсӣ” буда, ки тоҷик будану соҳиби мероси маънавӣ будани моро собит мекунад. Чаро унвони хатту забони давлатии Тоҷикистонро воқеӣ нагардонем?

Ҳанӯз дер нашудааст. Метавонем, имрӯз гом бардорем, баргардем, он гавҳари аз даст рафтаамонро, ки бароямон манъ карда будаанд, ба даст оварем. Шиносномаи забонамонро, ки доштем, дубора соҳиб шавем. Калиди китобхонаи бузурги ҷаҳони ниёгонамон хатти ниёгон порсӣ мебошад. Бо ин хат, бо унвони воқеии забон оштӣ шавем, ҳамчун оштишудан бо падару модари хеш, ки падар ва модар ҳамон сарзаминҳои эрони куҳану фарҳанги порсист. То чунин накунем дониста бошем, ки ормон, умед, орзуӣ адибон, фарҳангиён, донишмандони бузурги ҳақиқии хешро ба ҷо наовардаем.

То чунин накунем, масъулият, вазифа рисолати ҳастии худро барои нажоду фарҳангу дин, баҳри гузаштаву имрӯзаву ояндаи хеш иҷро накардаем.

Аз нигоҳи банда имрӯз шахсияте, ки иқтидор дорад, гом ба гом тоҷикро ба асли хеш пайвандад ва миллатро бо фарҳанг, торих, тамадун наздик сохта, гумкардаҳо, аздастрафтаҳоро дубора барқарор намояд Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ талош кард, ки насаби тоҷикро аз “вич-вич” ва дигар пайвандҳои русӣ наҷот диҳад, шаҳрҳо ва кӯчаҳоро аз номҳои барои миллати
мо бегона ба номҳои куҳани ориёӣ баргардонд. Президент шахсан аз волидон даъват мекунад, ки ба фарзандон номҳои шахсиятҳои таърихии миллатро гузоранд, дар номгузории фарзандон худшинос бошанд. Алифбои порсӣ ба номи “алифбои ниёгон” дар мактабҳои кишвар омӯзиш додан дастури Президент буд, ки ин барномаро дастандаркорон заиф ба роҳ монда, мутаасифона дастури Пешвои
миллатро дар сатҳи баланд иҷро намекунанд. Бузургдошти мутафаккирони порсизабон дар саросари ҷаҳон бо баргузор намудани ҷаласоту конфронсҳои ҷаҳонӣ дар дохилу хориҷи кишвар бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон буд.

Китобе, ки дар он дифоъ ва муарифӣ аз ториху фарҳанги куҳани ориёӣ ва забони порсист, бо унвони “Тоҷикон дар ойинаи торих” ба қалами Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст.

Аз ин рӯ ҳадс мезанам, ки ҳарчанд, давлатҳо ва ҳукуматҳое, ки сарзамин, номи забон, хати моро аз мо гирифта, барои мо мамнӯъ карданд, то рӯзе, ки устуворанду ҳастанд, ин аз дастдодаҳои хешро номумкин аст, ки фаромӯш кунем. Умед аст, ки дубора зинда кунем. Умед аст аз шахсяти ғаюр – Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз танҳо тавони ӯ мерасад, ки номи забон ва хатти миллати тоҷикро дубора баргардону барқарор кунад. Чун маълум аст, ки то кунун фаъолиятҳое, ки эшон кардааст барои ин миллат корҳои осону содае набуд, балки дифоъ дар баробари душманони сарзамину фарҳанги тоҷик буд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: